Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2006 № 9 "Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи замимагардидаи Вазарати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд;
- аз 15 июли соли 1997 № 301 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- аз 25 октябри соли 2003 № 479 "Дар бораи ворид намудани илова ба Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 28 декабри соли 2006 № 601
ш. Душанбе
аз 28 декабри соли 2006 № 601
ш. Душанбе
...