ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти ҷамъияти ва идораи давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонидани генофонди милли, болоравии нақши зан дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънави ва сулҳу ваҳдат, мутобиқи моддаи 64, 69 ва 70 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон, татбиқи воқеии волидайн дар тарбияи кӯдакон, бартарафсозии хурофот ва урфу одатҳои иртиҷои, ташаккули оилаи солим тадбирҳои амали андешида, то 1 майи соли 2000-ум барномаи давлатии "Мақоми зан дар ҷомеа"-ро таҳия намояд.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимият ва идораи давлати занонро бо дарназардошти салоҳиятноки ва сифатҳои касбию кордониашон ба ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои давлати, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо, мақомоти прокуратура ва суд, таълимгоҳҳои оли ва дигар муассисаҳои маориф таъин намоянд.
Бо дарназардошти ин, то 1 марти соли 2000-ум аз ҳисоби занони ботаҷрибаву лаёқатманд ва соҳибихтисосу салоҳиятнок дар вазифаи яке аз муовинони роҳбари:
а) вазоратҳо (ба истиснои сохторхои қудрати), кумитаҳои давлати, кумитаҳо ва саридораю агентиҳои назди Ҳукумати ҷумҳури, идора ва муассисаҳо, ассотсиатсия ва ширкатҳо, консерну корпоратсияҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилоту корхонаҳои давлати;
б) вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо;
г) таълимгоҳҳои оли ва миёнаи махсус, дигар муассисаҳои маориф, маданият ва нигаҳдории тандурусти таъин карда шаванд.
3. Прокуратура, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохили муборизаро бар зидди ҳодисаҳои таҳқир ва зӯровари нисбати зан, бисёрзани, маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон пурзӯр намоянд.
4. Вазоратҳои маориф, меҳнат ва шуғли аҳоли, Кумитаи кор бо занон ва оила, ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури ба масъалаи минбаъд зиёд намудани шумораи занҳои ихтисосманд, аз қабили иқтисодчи, муҳандис, духтур, агроном, муаллим дар деҳоти ҷумҳури чун ба як рукни сиёсати давлатдори ва фишанги тавонои пешбурди ҷамъият муносибат намоянд. Ба ин хотир ҳангоми қабул ва таҳсил дар мактабҳои оли ва миёнаи махсус бо назардошти талаботи замон ва тавсияи ҳукуматҳои маҳалли барои тайёр намудани кадрҳо аз миёни духтарони ноҳияҳои кӯҳистон бояд шароити имтиёзнок муҳайё карда шавад.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи интихоб ва ба вазифаҳои масъул таъин кардани занон, тарбияи наслҳои ҷавони кадрҳои роҳбарикунандаро аз ҳисоби занону духтарон, махсусан дар маҳалҳо зери назорати доими қарор диҳад.
6. Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо назорати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро тақвият бахшида, ҷиҳати таъмини занон ба мансабҳои дар банди 2 ҳамин Фармон зикргардида, бо дарназардошти салоҳиятноки, сифатҳои касби ва кордонии онҳо, тадбирҳои зарури андешад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 декабри соли 1999 № 5 ш. Душанбе