Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 № 500 "Дар бораи тасдиқи Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2001"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2001

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 маи соли 1997 "Дар бораи омори давлатӣ" ва бо мақсади муқаррар намудани назорати оморӣ ба равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ки мақоми ҷумҳуриявии омори давлатӣ анҷом медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи корҳои оморӣ барои соли 2001, ки Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунад, тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои буҷетии барои соли 2001 тасдиқшуда ҷиҳати ҷамъоварӣ ва таҳияи маълумоти оморӣ дар соли 2001 маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.

3. Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди саривақтӣ ва ҳаҷман пурраи маълумоти омориро таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 29 декабри соли 2000 № 500

ш. Душанбе