ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Қонуни мазкур асосҳои сиёсати давлатиро дар самти мубориза бар зидди бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, тартиби ташкили ва ҳуқуқии танзими чорабиниҳоро оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил муайян мекунад, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва кафолати иҷтимоии аҳолиро ҳангоми бемории сил ба танзим меоварад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- бемории сил - бемории сирояткунандае, ки барангезандааш гурӯҳи микробактерияҳои сил буда, асосан бо катраҳои оби даҳон ва нафас паҳн мешавад;
- шакли фаъоли бемории сил - шакли бемории сил, ки нишонаҳои фаъоли он дар натиҷаи гузаронидани тадқиқоти клиникӣ, лабораторӣ, рентгенелогӣ ва ғайра муқаррар гардидааст;
- шакли гузарандаи бемории сил - шакли беморие, ки бо сабаби хориҷ намудани микобактерияҳои сил ба муҳити атроф барои дигарон хавф дорад;
- кӯмаки зидди бемории сил - маҷмӯи тадбирҳои иҷтимоӣ, тиббӣ, санитарию гигиенӣ за чораҳои зиддиэпидемиявӣ, ки барои ошкор, ташхис ва табобат кардан, аз он ҷумла ташхису табобати ҳатмӣ, мушоҳидаи диспансерӣ ва офияти беморони гирифтори бемории сил, ки дар беморхона ва (ё) дармонгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, равона карда шудаанд;
- гурӯҳи зери хавф қарордошта - шахсоне, ки хавфи бештар гирифтор шудан ба бемории сил доранд, аз ҷумла: атрофиёни бемор, муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифторони вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), занҳои фосилаи мӯҳлати таваллудро риоянакунанда, кӯдакоки бо ваксинаи БСЖ эмнашуда, маҳбусон, беморони гирифтор касалии қанд ва газаки кӯҳнашудаи шушҳо;
- пешгири кардаки бемории сил - маҷмӯи чорабиниҳое, ки барои пешгири кардани паҳншавии бемории сил ва саривақт ошкор кардани он равона шудааст;
- низоми миллии мубориза бар зидди бемории сил - низоми мубориза бар зидди бемории сил, ки аз тарафи давлат муқаррар гардида, ба фаъолияти муассисаҳои хадамоти зидди бемории сил, шабакаҳои умумитабобатӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва муассисаҳои таҳсилотӣ асос ёфта, дар доираи он фаъолияти самараноки ошкоркунӣ ва табобати беморони сил таҳия карда, ба нақша гирифта ва амалӣ гардонида мешавад;
- муассисаҳои зидди бемории сил - муассисаҳои тиббие, ки кӯмаки зидди бемории сил мерасонанд ва пешгирии бемории силро анҷом медиҳанд, аз ҷумла муассисаҳои махсуси зидди бемории сил, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, муассисаҳои зидди бемории сили системаи корҳои ислоҳӣ, муассисаҳои тиббии таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии дорои сохторҳои санитарию эпидемиологӣ за байторӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Татбиқи Қонуни мазкур
Қонуни мазкур нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, гурезаҳо, муҳоҷирони иҷборӣ за шахсони бешаҳрванд ҳамчунин шахсони воқеӣ ва хуқуқие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки зидди бемории сил мерасонанд, татбиқ мешавад.
Моддаи 4. Маблағгузории фаьолият оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Маблағгузории фаъолият оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз ҷумла тадқиқотҳои илмӣ дар ин соҳа хусусияти афзалиятнок дошта, аз ҳисоби манбаъҳои зерин амалӣ мегардад:
- маблағи буҷети давлатӣ;
- маблағи фондҳои мақсаднок;
- маблағе, ки барои суғуртаи ихтиёрӣ ва ҳатмии тиббӣ равона карда мешавад;
- саҳмия ва хайрияи ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар манбаъҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Ба салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил иҷрои тадбирҳои зерин дохил мешаванд:
- амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ нисбати ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;
- муайян намудани тартиби расонидани кӯмаки зидди бемории сил ба шаҳрвандон дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи аҳоли аз бемории сил;
- амалӣ гардонидани назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва андешидани чораҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;
- таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;
- таҳияи қоидаву меъёрҳо, талабот ва стандартҳои давлатии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;
- таъмини назорати давлатӣ ба истеҳсол, нигоҳдошт ва интиқоли доруворӣ, мояҳои (ваксинаҳои) зидди бемории сил ва дорувории иммунобиологӣ барои ташхис ва пешгириии бемории сил бо мақсади таъмини сифат, самаранокӣ ва бехатарии онҳо;
- ташкили мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил;
- таъмини чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла чорабиниҳо дар бораи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсоне, ки Қонуни мазкур ба онҳо дахл дорад;
- дастгири ва рушди иқтидори кадрии хадамоти соҳаи зидди бемории сил;
- дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил пешбини намудааст.
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил иҷрои тадбирҳои зерин дохил мешаванд:
- назорати риояи меъёру қоидаҳои бехдошти тиббӣ оид ба ҳимояи ахолӣ аз бемории сил;
- таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои беморони сил ва дигар шахсоне, ки Қонуни мазкур ба онҳо дахл дорад;
- инкишофи шабакаҳо ва мустаҳкам гардонидани заминаи моддию технихии муассисаҳое, ки ба беморони сил кӯмаки тиббӣ мерасонанд;
- дастрас гардонидани кӯмаки тиббӣ ба беморони сил (шакли фаъоли сил ва гурӯҳи зери хавф қарордошта) ва назорати риояи ба онҳо мутобиқи стандартҳои сифати расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ;
- таъмин ва ташкили шароити мусоид барои кормандони хадамоти соҳаи зидди бемории сил;
- таъмини чораҳо оид ба ошкор намудани омилҳое, ки ба паҳншавии бемории сил меоваранд ва андешидани чораҳо барои бартараф намудани онҳо;
- ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти ташкилотҳо, муассисаҳо ва корхонаҳо, новобаста ба шакли моликияташон, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сил;
- таъмини иштироки аҳолӣ дар гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба маърифатнокии санитарию гигиенӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим;
- дигар салоҳиятҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
БОБИ 2. КӯМАКИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ ХАМЧУН АСОСИ ҲИМОЯИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИИ СИЛ
Моддаи 7. Ташкили кӯмаки зидди бемории сил
Ташкили кӯмаки зидди бемории сил аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.
Қарорҳои мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми ташкилотҳои табобатию пешгирикунанда новобаста аз шакли моликият ва тобеияти онҳо ҳатмӣ мебошад.
Муассисаҳои зидди бемории сил бо мақсади такмил додани сифати ташхис ва табобати бемории сил метавонанд хадамотҳо, марказҳо ва утоқҳои нав дар доираи маблағҳои ба ин мақсад ҷудошуда ташкил кунанд. Кӯмаки зидди бемории сил ба аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷониби муассисаҳои махсуси зидди бемории сил, муассисаҳои шабакаҳои умумитабобатие, ки чорабиниҳои зидди бемории силро амалӣ менамоянд, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, ташкилотҳо ва шахсони фаъолияти (амалияи) хусусии тиббӣ бо тартиби муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад.
Ташкили кӯмаки зидди бемории сил ба аҳолии ҷумҳурӣ дар асоси барномаҳои дарозмуддати маҷмӯавӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, таъмин карда мешавад.
Моддаи 8. Расонидани кӯмаки зидди бемории сил
Расонидани кӯмаки зидди бемории силро давлат кафолат медиҳад ва дар асоси усулҳои қонунӣ, риояи ҳуқуқи инсон, дастрасии ҳамагон дар ҳаҷми муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Кӯмаки зидди бемории сил ба шаҳрвандон ҳангоми муроҷиати ихтиёрӣ ва ё ризоияти онҳо, ба истиснои мавридҳое, ки моддаи 10 Қонуни мазкур пешбини намудааст, расонида мешавад.
Кӯмаки зидди бемории сил ба ноболиғони то чордаҳсола, ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудаанд, бо розигии намояндагони қонунии онҳо, ба истиснои мавридҳои моддаи 10 Қонуни мазкур пешбининамуда расонида мешавад.
Беморони силе, ки ба кӯмаки зидди бемории сил мӯҳтоҷанд, чунин кӯмакро дар муассисахои тиббии зидди бемории сил мегиранд. Шахсони бо беморони сил сарукордошта ё ки ба сирояти вируси норасоии масунияти одам гирифторанд ва дигар шахсони зери гурӯҳи хавф қарордошта мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ оид ба бемории сил мегузаранд. Моягузаронии (вактсинатсияи) пешгирикунанда аз бемории сил мувофиқи тақвими миллии эмкунӣ анҷом дода мешавад.
Бо мақсади ошкор намудани бемории сил, ҳар сари чанд вақт мушоҳидаи тиббии шаҳрвандони мансуб ба гурӯҳи зери хавф қарордошта гузаронида мешавад, ки тартиб ва мӯҳлати онро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Дар ҳолати хавфи пайдоиш ва паҳншавии бемории сил дар асоси дастури сардухтурони давлатии санитарии ҷумҳурӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва ҷонишинони онҳо ва ё мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳои иловагии зиддиэпидемиявӣ гузаронида мешаванд.
Сари вақт ошкор кардани ҳайвоноти хоҷагиҳои чорводории гирифтори бемории сил, солимгардонии ташкилотҳои истеҳсолкунанда ва нигоҳдорандаи маҳсулоти ҳайвонот, ки нисбати бемории сил дар ҳолати номусоид қарор доранд, мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
Маҳсулоти ҳайвоноте, ки дар ташкилотҳои нисбати бемории сил номусоид истеҳсол карда шудааст, мувофиқи қоидаю меъёрҳои санитарӣ ва байтории мубориза бар зидди бемории сил фурӯхта мешавад.
Моддаи 9. Мушоҳидаи диспансерӣ
Мушоҳидаи диспансерӣ нисбати беморони сил бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Мушоҳидаи диспансерӣ нисбати беморони сил новобаста ба ризоияти бемор ва ё намояндагони қонунии онҳо муқаррар карда мешавад. Қарор дар хусуси зарурати мушоҳидаи диспансерӣ ва ё қать кардани онро комиссияи тиббии духтурон, ки роҳбарияти муассисаи тиббии бемории сил таъин кардааст, қабул мекунад ва дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабт гардида, дар ин бобат шахси тахти мушоҳидаи диспансерӣ карордошта хаттӣ огоҳ карда мешавад.
Моддаи 10. Ташхис ва табобати ҳатмии беморони сил
Беморони шаклӣ гузарандаи бемории сил, вайронкунандагони чандинкаратаи низоми санитарию эпидемиологӣ, ҳамчунин қасдан аз муоина барои дарёфти беморни сил ва табобати он саркашикардагон, дар асоси ҳалномаи суд дар муассисаҳои махсуси тиббии зидди бемории сил барои ташхис ва табобати ҳатмӣ бистарӣ кунонида мешаванд.
Оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил аз тарафи суди маҳалли ҷойгиршавии муассисаи тиббии зидди бемории сил, ки дар он беморони сил таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор доранд, ҳалномаи суд қабул карда мешавад.
Аризаро ба суд оид ба бистарикунонии шахсони гирифтори бемории сил, ки таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор доранд, роҳбари муассисаи тиббии зидди бемории сил медиҳад.
Дар суд зимни баррасии ариза оид ба бистарикунонии шахси гирифтори бемории сил иштироки прокурор, намояндаи муассисаи тиббии зидди бемории сил, ки нисбаташ масъалаи ташхис ва табобати ҳатмӣ ҳал мешавад ё иштироки намояндаи қонунии ӯ ҳатмист.
Моддаи 11. Чораҳои байторию санитарӣ ва зиддиэпизоотиявӣ дар хоҷагиҳои чорводорӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ якҷоя бо хадамоти байтории давлатӣ ба таъмини назорати доимӣ аз болои тамоми намудҳои хайвоноти хоҷагиҳои чорводорӣ оид ба гирифтории ин ҳайвонот ба бемории сил вазифадоранд.
Мушоҳида ва ташхиси бемории сили ҳайвоноти хоҷагиҳои чорводорӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анчом дода мешавад.
Муассисаҳои хадамоти санитарию эпидемиологӣ ва байторӣ якҷоя бо муассисаҳои тиббии зидди бемории сил оид ба пешгирии сирояти одамон ба бемории сил чорабиниҳо мегузаронанд, инчунин нисбати гирифторшавии одамон ба бемории сил ва ҳайвонот ба якдигар иттилоъ медиҳанд.
Моддаи 12. Мушоҳидаи давлатии оморӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Муассисаҳои дахлдори тиббӣ дар соҳаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳидаи давлатии оморӣ мебаранд.
Роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва шахсони ба фаъолията хусусии тиббӣ машғул вазифадоранд, ки барои аниқ намудани бемории сил ва таъин намудани реҷаи табобат мизоҷони (патсиентҳои) худро ба муассисаҳои зидди бемории сил фиристанд.
Муассисаҳои зидди бемории сил вазифадоранд оид ба ҳолатҳои ошкор намудани беморони касалиашон гузаранда ба марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии минтақаи худ бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
БОБИ 3. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ СИЛ ВА Ё ВОБАСТА БА ОН ТАҲТИ МУШОҲИДАИ ДИСПАНСЕРӢ ҚАРОРДОШТА
Моддаи 13. Ҳуқуқи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта
Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарррдошта ҳангоми ба онҳо расонидани кӯмаки зидди бемории сил ҳуқуқ доранд:
- ба муносибати эҳтиромона ва башардустонаи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кӯмаки зидди бемории сил иштирок доранд;
- ба гирифтани маълумот оид ба ҳуқуқу вазифаҳои беморони сил ва шахсони вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта, инчунин дар шакли дастрас оид ба хусусияти бемориашон ва усулҳои истифодашавандаи табобат;
- ба интихоби духтур ва беморхона (статсионар) барои табобат новобаста аз ҷои истиқомати бемор;
- ба нигоҳ доштани сирри духтурӣ, ба истиснои маълумотҳои вобаста ба гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ;
- ба ташхис ва табобат дар муассисаҳои зидди бемории сил бо шароити ба талаботи санитарӣ ва гигиени ҷавобгӯ;
- ба табобати санаторию курортӣ мувофиқи нишондоди тиббӣ;
- ба муолиҷа дар муассисаҳои тиббии зидди бемории сил дар мӯҳлати муайяншудаи зарури барои ташхис ва ё табобат.
Шахсоне, ки барои ташхис ва ё табобат дар муассисаи тиббии муолиҷаи бемории сил бистарӣ шудаанд, хуқуқ доранд, ки:
- аз роҳбарони муассисаҳои тиббии муолиҷаи бемории сил оид ба табобат ва ташхис маълумот гиранд;
- таҳсилро мувофиқи барномаи таҳсилоти миёнаи умумии ҳатмӣ идома диҳанд;
- бо адвокат, равоншинос ва ходими дин танҳо вохӯранд;
- расму оини диниро ба ҷо оваранд, ба шарте, ки онҳо ба ҳолати саломатии бемор таъсири манфӣ нарасонанд.
Ба ғайр аз ин, шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта дорои ҳуқуқҳои дигаре ҳам мебошанд, ки санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Моддаи 14. Вазифаи шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта
Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ карордошта вазифадоранд, ки:
- реҷаи чорабиниҳои табобатию солимгардонӣ ва ташхисии муайяннамудаи кормандони тибро риоя намоянд;
- қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаҳои тиббии зидди бемории силро ҳангоми бистарӣ шудан дар ин гуна муассиса риоя намоянд;
- қоидаҳои санитарию гигиениро, ки барои беморони сил муқаррар шудааст дар ҷайҳои ҷамъиятӣ иҷро менамоянд.
БОБИ 4. ДАСГГИРИИ ИҶТИМОИИ ШАХСОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ СИЛ ВА Ё ВОБАСТА БА ОН ТАҲТИ МУШОҲИДАИ ДИСПАНСЕРӢ ҚАРОРДОШТА, КОРМАНДОНИ ТИБ БА ДИГАР КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР РАСОНИДАНИ КӯМАКИ ЗИДДИ БЕМОРИИ СИЛ ИШТИРОК МЕКУНАНД
Моддаи 15. Дастгирии иҷтимоии шахсони гарифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти мушоҳидаи дишансерӣ қарордошта
Корношоямии муваққатии беморони сил бо тартиби пешбининамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Барои шаҳрвандони гирифтори бемории сил, ки қобилияти кориашонро муваққатан гум қардаанд, ҷои корашон (вазифа) ба мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
Дар давраи аз кор (вазифа) хориҷ кардан вобаста ба бемории сил ва ба гирифторони бемории сил дар асоси суғуртаи иҷтимоии давлатӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулӣ дода мешавад.
Шахсони гирифтори бемории сил ва ё вобаста ба он таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарордошта барои ташхис ва табобати бемории сил бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ройгон бо доруворӣ таъмин карда мешаванд.
Беморони силе ки таҳти табобат дар беморхона қарор доранд, мувофиқи меъёри махсуси муайяншуда барои чунин гурӯҳи беморон бо хӯроки серғизо ройгон таъмин карда мешаванд.
Барои беморони гирифтори шакли фаъоли сил, ки аз рӯзи муайян шудани беморӣ бекоранд, ба мӯҳлати як сол гурӯҳи маъюбӣ муқаррар карда мешавад.
Барои беморони сокини хобгоҳҳои умумӣ ва хонаҳои серодам, ки бемориашон гузаранда аст, мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзили зисти алоҳида ҷудо карда мешавад.
Моддаи 16. Дастгирии иҷтимоии кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кӯмаки зидди бемории сил бевосита иштирок мекунанд
Кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кӯмаки зидди бемории сил бевосита иштирок менамоянд, ба чунин имтиёзҳо ҳуқуқ доранд:
- рухсатии иловагӣ барои шароити кори вазнин ва хавфнок барои саломатӣ ва ба вақти кори кӯтоҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи имтиёзнок аз рӯи синнусол ба нафақа баромадан;
- иловапулӣ дар ҳаҷми 100% ба моҳонаи вазифавӣ;
- табобати имтиёзнок дар санаторияҳо;
- суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои фалокат дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бо пардохти андарзамони суғуртавӣ ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кӯмаки зидди бемории сил бевосита иштирок кардаанд, дар мавриди ба ҳаёту саломатии онҳо расидани зарар ва ё пайдоиши бемории касбӣ ва ё фавташон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳангоми марг аз бемории сил ба оилаи фавтида пардохти 100% музди меҳнати ӯ то ба балоғат расидани фарзандонаш.
Номгӯи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кӯмаки зидди бемории сил иштирок мекунанд ва тартиби додани кафолатҳои мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
БОБИ 5. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 17. Ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги самаранокии чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги самаранокии чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз ҷумла таҳияи барномаҳо ва нақшаҳо дар тамоми зинаҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 18. Ҳамкории байнисоҳавӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил
Сафарбаркунии иҷтимоӣ яке аз намудҳои самараноки ҳамкории байнисоҳавӣ мебошад. Бо ин мақсад барои ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба бемории сил тамоми табақаҳои аҳолӣ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва кормандони тибби тамоми соҳаҳо ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 19. Ҳамкории байналмилалӣ
Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, аз ҷумла мубодилаи ахбор, ҳамкории илмӣ, дастгирии молиявӣ, техникӣ, машваратӣ ва омӯзишӣ дар доираи барномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, сурат мегирад.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Шикоят аз амалиёту карорҳои кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки ҳангоми расонидани кӯмаки зидди бемории сил иштирок кардаанд
Аз амалиёту қарори кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки дар расонидани кӯмаки зидди бемории сил иштирок дошта, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳангоми ба онҳо расонидани кӯмаки зидди бемории сил вайрон кардаанд, ба мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Шикоят аз тарафи шаҳрванде, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонуниаш вайрон карда шудааст, намояндаи қонунии ӯ, ҳамчунин ташкилоте, ки аз рӯи қонун ва ё Низомнома (Оиннома) ҳимоя кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба он вогузор карда шудааст, дода мешавад.
Шикоятҳоро суд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Шикоят оид ба ҳалномаи суд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 22. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
22 декабри соли 2006 № 223
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев
ш. Душанбе
22 ноябри соли 2006 № 404
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил" баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе
15 декабри соли 2006 № 253