сархати дуюми банди 1 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2007 аз эътибор соқит дониста шуд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Муассисаи давлати - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 1.08.2011 № 384)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 29 августи соли 2006 № 1801 "Дар бораи Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Миқдори штатии идораи Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" 24 воҳид (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
Шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони Муассисаи Давлатӣ -маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ба шартҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, аз ҷумла маоши вазифавии сармуҳаррири Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ба маоши вазифавии мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад.
2. Аз 1 январи соли 2007 нашри маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" моҳе як маротиба ва ба ҳар шумораи он 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ хаққи қалам муқаррар карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"-ро дар ҳудуди дастгирии молиявие, ки ҳар сол дар буҷети давлатӣ барои нашри он пешбинӣ мешавад, таъмин намояд.
4. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон обуна ва паҳнкунии маҷаллаи "Бонувони Точикистон"-ро ба роҳ монад .
5. Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии Комплекси табъу нашри "Шарқи озод"-и Дасгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои ҷойгир карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 2 декабри соли 2006 № 530
ш. Душанбе
сархати дуюми банди 1 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2007 аз эътибор соқит дониста шуд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Муассисаи давлати - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистои аз 29 августи соли 2006 № 1801 "Дар бораи Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Миқдори штатии идораи Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" 24 воҳид (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.
Шартҳои пардохти музди меҳнати кормандони Муассисаи Давлатӣ -маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ба шартҳои пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти идораи давлатӣ, аз ҷумла маоши вазифавии сармуҳаррири Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" ба маоши вазифавии мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар карда шавад.
2. Аз 1 январи соли 2007 нашри маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" моҳе як маротиба ва ба ҳар шумораи он 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ хаққи қалам муқаррар карда шавад.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи давлатӣ - маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон"-ро дар ҳудуди дастгирии молиявие, ки ҳар сол дар буҷети давлатӣ барои нашри он пешбинӣ мешавад, таъмин намояд.
4. Вазората алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикисгон обуна ва паҳнкунии маҷаллаи "Бонувони Точикистон"-ро ба роҳ монад.