Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 декабри соли 2006 № 524
тасдик шудааст
Низомномаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.05.2008 № 281, аз 30.07.2020 № 440)
1. Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника барои корҳои илмӣ ва техникии зерин дода мешанад:
- тадқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарие, ки натиҷаҳои онҳо барои вусъатбахшии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҳалли вазифаҳои умумиинсонӣ имкониятҳои нав фароҳам оварда, барои ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани илму техникаи ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 440);
- натиҷаҳои махсусан барҷастае, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои илмию техникии ҷумҳурӣ ба даст оварда шудаанд;
- таҳия ва татбиқи навъҳои нави техника, технологияи пешқадам, масолеҳе, ки оқилона сарф намудани манбаъҳои сӯзишворию энергетикӣ, ашёи хом ва захираҳои меҳнатӣ ва тозагии экологии муҳити зистро таъмин менамояд;
- барои беҳтарин китобҳои дарсии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ.
2. Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалй ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар ду сол як маротиба супурда мешавад.
Се ҷоиза муқаррар карда мешавад:
дар соҳаи физикаю математика, химияву геология ва илмҳои техникӣ - 1 ҷоиза;
дар соҳаи биология, тиб ва кишоварзӣ - 1 ҷоиза;
дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ - 1 ҷоиза.
Андозаи як ҷоиза мутаносиб ба 3500 доллари ИМА буда, бо пули миллӣ аз рӯи қурби асъории Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мукофотонӣ пардохта шавад ().
3. Асарҳои илмӣ ва китобҳои дарсӣ, ки ба гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод мешаванд, бояд на камтар аз як сол пеш аз ба мукофот пешниҳод шуданашон дар матбуот ба чоп расида, навъҳои нави техника, технология ва масолеҳ дар истеҳсолот татбиқ шуда бошанд.
4. Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ташкилотҳои илмӣ ва илмию техникӣ, ҳайати мушовараи вазорату идораҳо, шӯроҳои илмӣ ва илмиву техникии муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ҳуқуқи пешбарии корҳоро барои гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино доранд. Пешбарии корҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ ва ё кушода сурат мегирад. Агар кори барои дарёфти Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника пешниҳодшуда аз озмун нагузашта бошад, пешниҳоди баъдии он барои дарёфти ҷоизаҳо иҷозат дода намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 440).
5. Ҳайати довталабоне, ки барои гирифтани Ҷоизаҳон давлагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешбарӣ мешавад, набояд аз 6 нафар зиёд ва бояд танҳо муаллифони асосиро дарбар гирад, ки саҳми эҷодии онҳо ҳалкунанда бошад.
Қарори ҳайати миқдориву шахсии муаллифонро муассисае (Шӯрои илмие, ҳайати мушоварае ва ғайра), ки ҳамин корро ба озмун пешниҳод кардааст, қабул менамояд.
Ба ҳайати довталабон шахсоне, ки аз рӯи нишонаи маъмурӣ, машваратӣ ва ташкилӣ ба кор дахл доранд ва шахсоне, ки аз рӯи ҳамин кор сазовори мукофоти давлатӣ ва ё ҷоизаҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидаанд, набояд дохил карда шаванд.
Ба ҳайати довталабон шахсоне метавонанд дохил шаванд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, аммо корҳоро якҷоя бо ташкилотҳои ҷумҳурӣ аз рӯи нақшаю барномаҳо иҷро кардаанд ва аз тарафи ин ташкилотҳо пешбарӣ карда шудаанд.
Дар сурати ба даст овардани комёбиҳои нави барҷаста дорандаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино метавонад такроран ба ин ҷоиза мушарраф шавад, аммо пешбарӣ ба гирифтани ҷоизаи оянда бояд на пештар аз 5 сол сурат гирад.
6. Корҳое, ки барои гирифтани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино псшбарӣ мешаванд, аз тарафи Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техникаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) то 1 июни соли мукофотдиҳӣ қабул карда мешавад
Тартиби пешбарии корҳо ва танзими ҳуҷҷатҳо аз рӯи дастурамале, ки онро Раёсати Кумита тасдиқ намудааст, муайян мешавад.
7. Рӯйхати корҳое, ки Кумита барои баррасӣ қабул кардааст, бо зикри муаллифон ва ташкилотҳои онҳоро пешбарииамуда дар моҳи июни соли супоридани ҷоиза дар матбуот чоп мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.07.2020 № 440).
8. Корҳое, ки ба озмуни Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод мешаванд, бояд дар матбуот, намоишҳои телевизион, барномаҳои радио, ҷаласаву коиференсияҳои олимон ва созмонҳои илмию техникӣ, дар маҷлисҳои коллективҳои меҳнатӣ ҳамаҷониба ва ба таври принсипиалӣ муҳокима гарданд. Мухокимаҳо бояд хислати демократӣ ва мубоҳисавӣ дошта, ба ошкоро баён шудани ақидаву афкор ва баҳои ҳамаҷонибаи аҳли ҷомеа мусоидат кунанд.
Муҳокимаи корҳоро метавонанд ҳайати таҳририяи рӯзномаҳо, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони иттиҳодияю корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои илмӣ, илмию техникӣ ва таълимӣ доир намоянд
Ҳуҷҷатҳои муҳокима, мулоҳизаҳою тақриз, эрод ва таклифҳо то 1 июли соли мукофотдиҳӣ ба Кумита фиристода мешаванд ва ҳангоми қабули қарор роҷеъ ба додани ҷоиза ба инобат гирифта мешаванд.
9. Қарор дар бораи додани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Кумита бо овоздиҳии пинҳонӣ қибул шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон то 1 августи соли мукофотдиҳӣ пешниҳод карда мешавад.
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба додани Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалй ибни Сино дар матбуот то рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп мегардад.
10. Ба ҳамаи ҳайати муаллифон, ки сазовори ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардидаанд, унвони "Дорандаи мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино", диплом ва нишони ифтихорӣ дода мешавад.
11. Кумита ҳангоми ба ҳайати муаллифон додани ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тартиби зайлро риоя мекунад:
- агар ҳайати муаллифон аз ду нафар иборат бошад маблағи ҷоиза байни онҳо тақсим мешавад;
- агар ҳайати муаллифон се нафар бошанд, нисфи маблағ ба роҳбари тадқиқот ва бақияи он миёни ду нафари дигар баробар тақсим мегардад;
- агар ҳайати муаллифон чаҳор нафар ва ё аз ин зиёд бошад, ба роҳбари тадқиқот сеяки маблағ ва ба муаллифони боқимонда аз се ду ҳиссаи он баробар тақсим мегардад.
Дар сурате, ки ҳайати муаллифон касеро роҳбари тадқиқот намедонанд, маблағи ҷоиза байни онҳо баробар тақсим мешавад.
12. Агар соҳиби ҷоиза дар қайди ҳаёт набошад гувоҳнома ва нишони ифтихории дорандаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар Кумита нигоҳдорӣ ва ё ба аҳли хонаводаи ӯ супорида мешавад. Маблағи ҷоиза мувофиқи тартиби муайянкардаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меросхӯрон мегузарад.