ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар вораи тадбирҳои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ташкилоти байналхалқии меҳнат
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 7.08.2014 № 532)
Бо мақсади иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории муфиди мутақобила бо Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон мақоми асосии иҷроияи ҳокимияти давлатии муваззафи ҳамкории мустақим бо ТБМ дар ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии инсон муқаррар карда шавад .
2. Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба тартиби муқарраргардида маърӯзаҳо, иттилоот, мактуб ва дигар маълумоти зарурии марбут ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ТБМ манзур намояд.
3. Бо мақсади мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асноди ҳуқуқи байналхалқӣ дар соҳаи меҳнат, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор пешниҳодоти дахлдорро ба тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд .
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохтани ҳаққулузвияти ҷумҳурӣ ба ТБМ маблағ пешбинӣ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 27 октябри соли 1999 № 451
ш. Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар вораи тадбирҳои иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Ташкилоти байналхалқии меҳнат
Бо мақсади иҷрои саривақтии ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкории муфиди мутақобила бо Ташкилоти байналхалқии меҳнат (ТБМ) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон мақоми асосии иҷроияи ҳокимияти давлатии муваззафи ҳамкории мустақим бо ТБМ дар ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои меҳнат, шуғл ва ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии инсон муқаррар карда шавад.
2. Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ ба тартиби муқарраргардида маърӯзаҳо, иттилоот, мактуб ва дигар маълумоти зарурии марбут ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ТБМ манзур намояд.
3. Бо мақсади мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асноди ҳуқуқи байналхалқӣ дар соҳаи меҳнат, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор пешниҳодоти дахлдорро ба тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намоянд.