Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 1994, № 527 "Дар бораи нақшаи кассавии Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи 1-уми соли 1994"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи нақшаи кассавии Ҷумҳурии Тоҷикистон семоҳаи 1-уми соли 1994

Шӯрои Вазирони Ҷуҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Нақшаҳои кассавии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ барои семоҳаи 1уми соли 1994 мувофиқи замимаҳои №1-5 тасдиқ карда шавад /замимаҳо дар матни русӣ оварда шудаанд/.

2. Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо қарорҳои худ тақсимот ва дар мӯҳлати 7 рӯз ба маълумоти кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят расонидани нақшаҳои кассавии вилоятро барои семоҳаи 1уми соли 1994 таъмин намоянд.

Кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:

нақшаҳои тасдиқгардидаи кассавии минтақаҳоро ҳамчун директиваи эмиссионии муомилоти пул дар семоҳаи 1уми соли 1994 , ки барои иҷрои онҳо раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ масъулияти шахсӣ доранд, қабул кунанд;

баҳри иҷрои нақшаи тасдиқгардидаи кассавӣ қарорҳои дахлдор қабул намуда, дар онҳо табдирҳои таъминкунандаи мувозинати ҳади аксари байни даромад ва хароҷотӣ пулии аҳолӣ дар минтақаҳои тобеъ, омӯзиши ҳамаҷонибаи вазъи захираҳои мол дар савдои давлатию кооперативиро пешбинӣ кунанд ва баҳри пурра кардану фурӯши сари вақти онҳо тадбирҳо андешанд;

иҷрои чорабиниҳо фармони раёсати Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 сетябри соли 1994 № 372 "Дар бораи чораҳои таъхирнопазирии бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаи тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҷӯмҳурӣ", қарори раёсати Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 1993 "Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ҳифзи системаи пули Ҷумҳурии Тоҷикистон "-ро дар қисми таъмини аҳолӣ бо молҳои талаботи рӯзмарра, аз ҷумла озуқавори бо роҳи пардохти ғайринақдӣ, истифодаи дурусти пулҳои нақдиро ҷиҳати муҳайё намудани шароити пӯшонидани қарздории пардохти нафақаю ёрдампулиҳо, инчунин музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф ва тандурустӣ ҷудошавандаро таҳти назорати катъӣ қарор диҳанд.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    А.Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Р. Мирзоев

аз 18 ноябри соли 1994 № 527

ш.Душанбе