Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 393)
Бо мақсади ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ва рушди минбаъдаи иттилооти илмию техникӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад ():
1. Пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар назди ин Вазорат дар заминаи Пажӯҳишгоҳи барҳамдодашавандаи ин Вазорат таъсис додани Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шавад ).
2. Самтҳои асосии зерини фаъолияти Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд ):
ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар дохил ва хориҷа, ҳамоҳангсозии кори ихтироот дар ҷумҳурӣ );
гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти оиди автоматикунонии равандҳои иттилоотию ҷустуҷӯӣ );
омода сохтани маводҳои аналитикию синтетикӣ оиди муҳимтарин дастовардҳои илму техникаи ҷаҳонӣ;
ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани тадбирҳо оиди таблиғи дастовардҳои илму техника ва таҷрибаи пешқадам;
мукаммалгардонии фонди ягонаи маълумотию иттилоотӣ ва патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои тараққиёти он, хизматрасонии маълумотию ахборотӣ ва ҳисобдории корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ );
бо тартиби муқарраршуда нашр намудани нашрияи расмии моликияти саноатӣ ва дигар маводи илмию техникӣ ).
Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коркарди таҷрибавию конструкторие, ки дар ҷумҳурӣ анҷом ёфтаанд ва ё иҷро шуда истодаанд ).
Таҳия ва аз рӯи тартиби муқарраршуда додани нусхаи ҳисобот оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз рӯи дархости вазоратҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо.
3. Пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ табдил додани Китобхонаи ҷумҳурии илмию техникӣ ва ба ҳайати Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани он маъқул дониста шавад ).
4. Ба зиммаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳифзи объектҳои моликияти саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чӣ дар дохили давлат ва чӣ дар хориҷа, гузошта шавад ).
5. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби бақайдгириву баҳисобгирии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкториро таҳия ва тасдиқ намояд. Бо мақсади мусоидати он ба воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва дигар аҳдномаю созишномаҳои байналхалқӣ оиди ҳифзи моликияти саноатӣ кори Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро фаъол гардонад ).
Муовини Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Самадов
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Мирзоев
аз 28 маи соли 1993, № 242
ш.Душанбе