ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997 "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №15-16, моддаи 254; №23-24, моддаи 333; с. 2001, №4, моддаҳои 197, 203; с. 2002, №4, қ.1, моддаи 200; соли 2005, №7, моддаи 403) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар муқаддимаи Қонун калимаҳои "Ин Қонун" ба калимаҳои "Қонуни мазкур" ва калимаҳои "мақомоти худидора" ба калимаҳои "мақомоти худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.
2. Бобҳо бо рақамҳои арабӣ рақамгузорӣ карда шаванд.
3. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 2 калимаи "аҳдномаҳои" ба калимаи "санадҳои" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 3:
- дар қисми якум калимаи "худидора" ба калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шавад;
- дар қисми дуюм ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "аҳдномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
5. Моддаи 4 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 4. Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузорӣ дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазқур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.".
6. Дар қисми сеюми моддаи 11 ва минбаъд дар матни Қонун калимаҳои "ашхоси бетабаият" ба калимаҳои "шахсони бешахрванд" иваз карда шаванд.
7. Моддаи 12 хориҷ карда шавад.
8. Ба Қонун моддаи 14 (1). бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 14 (1). Муваққатан манъ намудани робита тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди паҳн гардидани касалиҳои сирояткунанда
Дар мавриди пайдо гардидани хатари паҳншавии касалиҳои сирояткунандаи махсусан хавфнок дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ робита тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои хатарнок бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст маҳдуд ё ин ки манъ, ё барои одамон, ҳайвонот, бор, тухмӣ, маводи кучатшаванда ва дигар маҳсулоти растанипарвариву чорводории аз Сархади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранда карантин муқаррар карда шавад.".
9. Дар моддаи 16:
- дар қисми дуюм калимаҳои "дар фаъолияти худ" ба калимаҳои "фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва калимаҳои "дастури амал қарор медиҳанд" ба калимаҳои "амалӣ менамоянд" иваз карда шаванд;
- ба модда қисми сеюм дар таҳрири зайл илова карда шавад:
"намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ метавонанд ҳама вақт аз ҳама ҷои минтақаҳои муайянгардидаи сарҳад дар асоси ваколатҳои махсуси худ, ки Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи муайян ба онҳо додааст, гузаранд.";
-қисми сеюм ва чорум мутаносибан қисмҳои чорум ва панҷум ҳисобида шаванд.
10. Дар ном ва матни моддаи 30 калимаҳои "Кумитаи ҳифзи Сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
11. Дар сархати сеюми қисми дуюми моддаи 31 калимаҳои "Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
12. Дар ном ва қисми якуми моддаи 32 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроияи" ба калимаҳои "мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии" иваз карда шаванд.
13. Дар банди ёздаҳуми қисми дуюми моддаи 33 калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва мақомоти худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.
14. Дар номи боби 8, моддаи 39 ва матни ин модда калимаҳои "худидораи маҳаллӣ" ба калимаҳои "худидоракунии маҳаллӣ" иваз карда шаванд.
15. Дар қисми якуми моддаи 41 калимаҳои "дар бораи статус, замонатҳои ҳимояи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо" ба калимаҳои "Дар бораи вазьи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" иваз карда шаванд.
16. Номи боби 11 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Боби 11. Таъминоти молиявӣ ва моддию техникии ҳимояи сарҳади давлатӣ.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
21 ноябри соли 2006 № 209