Тартиби гузаронидани таҳқиқи андози қарордодҳои истифодабарандагони кон аз 30 декабри соли 2000, № 513

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 426 аз эътибор соқит дониста шуд

Замимаи № 4

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2000 № 513

Тартиби гузаронидани таҳқиқи андози қарордодҳои истифодабарандагони кон

1. Тартиби мазкур мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (фасли ХI "Андоз аз истифодабарандагони конҳо") таҳия шудааст.

2. Мутобиқи моддаи 241 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми қарордодҳое, ки байни тарафҳои аҳдкунанда баста мешаванд, то лаҳзаи имзо шуданашон бояд таҳқиқоти ҳатмии андозро гузаранд. Муқаррароти мазкур ба тағйироту иловаҳое, ки ба қарордодҳои қаблан басташуда ворид мешуданд, инчунин татбиқ мегардад.

3. Барои гузаронидани таҳқиқи андоз, дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи гузаронидани таҳқиқи андози қарордодҳо (лоиҳаи қарордодҳо) созмон дода мешавад, ки дар он намояндагони баробарҳуқуқи кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд. Раиси Комиссия аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишини он бошад, аз намояндаи Кумитаи андози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

4. Ҳамаи қарордодҳоро барои истифодаи кон, тарафҳои аҳдкунанда бо мақсади гузаронидани таҳқиқоти андоз, ба Комиссияи барои гузаронидани таҳқиқи андоз пешниҳод карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ, Комиссия дар вақти барояш ҷудокардашуда ахбороти лозимаеро низ талаб намояд, ки ба қардрдод (лоиҳаи қарордод) вобастагӣ дорад.

5. Қарордодҳо ва ҳуҷҷатҳои ба истифодаи кон вобастабударо Комиссия дар давоми як моҳ дида баромада, муоинаи таҳқиқотиашро оиди андоз мутобиқи қонунгузориҳои андоз ва нисбати гаронӣ ва дигар ҷиҳатҳои андозситонӣ баён менамояд.

6. Ба хулосаи таҳқиқотии андоз, ки ба қарордод (лоиҳаи қарордод) дода шудааст, раис ва ҷонишини ӯ имзо гузошта, он аз ҷониби Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва бо мӯҳри Вазорати молияи Ҷумҳурин Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

7. Хулосаи таҳқиқи андоз дар ҳаҷми 4-нусха тартиб дода шуда, нусхаи якум ба истифодабарандагони кон, нусхаҳои дигар, ба мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи қаъри замин, ба Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои нигоҳдошт, ба Комиссия пешниҳод карда мешавад.

8. Дар матни ниҳоии қарордод, дарҷ карда шудани реҷаи ба мувофиқаомадаи андоз, ҳатмӣ мебошад.

9. Реҷаи андоз, ки бо тартиби муқаррар намудани қарордоди истифодаи кон баста шуда, аз таҳқиқи ҳатмии андоз гузаштааст, то ба поён ёфтани мӯҳлати амали қарордоди мазкур, бо истиснои ҳолатҳои банди 10 Тартиби мазкур, дар амали таъсир мононда мешавад.

10. Дар мавридҳои даровардани тағйирот ба ҳолатҳои қонунгузорӣ, ки баъди имзои қарордод ба амал омадаанд, истифодаи аввалаи қарордод номумкин гашта он ба тағйироти асосии иқтисодӣ гирифта меорад, ки истифодабарандагони кон ва намояндагони мақомоти салоҳиятнок, Кумитаи андози ҷумҳурӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қарордод тағйирот ва ё ислоҳоти зарурӣ барои барқарор намудани манфиатҳои иқтисодии тарафайн, корҳои амалӣ мегузаронанд. Тағйироту иловаҳои мазкур дар қарордод, дар давоми шаст рӯзи ба имзорасии огоҳиномаи Кумитаи андози ҷумҳурӣ ва ё истифодабарандаи кон, гузаронида мешавад. Ислоҳот ва ё тағйироте, ки дар қарордод гузаронида мешавад, бояд аз муоина ва таҳқиқи мақомоти андоз ба таври муқарраргардида гузаронида шавад.

11. Маводҳои муоина ва таҳқиқи қарордодҳои истифодаи кон дар тамоми давраи амали қарордод ва инчунин бо иловаи се соли дигари амали қарордоди мазкур, нигоҳ дошта мешавад.