Замимаи № 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2000 № 513
Тартиби муайян намудани меъёри фоидаи дохила
1. Меъёри фоидаи дохила дар асоси ҷараёни маблағҳои пулии истифодаи кон, мутобиқи тартибе, ки дар бандҳои 2-7 Тартиби мазкур нишон дода шудааст, муқаррар карда мешавад.
2. Муайян намудани меъёри фоидаи дохила, ки дар Тартиби мазкур муқаррар карда шудааст, барои ҳисоб кардани андоз аз даромади фавқулоддаи истифодаи конҳо аз рӯи қарордод ва инчунин, барои муайян намудани меъёри фоидаи дохила дар ҳисобҳои техникию иқтисодии лоиҳаи қарордодҳои басташаванда, қабул карда мешавад.
3. Меъёри фоидаи дохила дар асоси ҷараёни солонаи маблағҳои пулии истифодаи конҳо тибқи формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ВНП=г1+_________ЧПС(г1)___________Х(г1-г2),
ЧПС(г1)-ЧПС(г2)
дар ин ҷо ВНП-меъёри фоидаи дохила - зарби талофии инвеститсияи истеҳсолӣ;
ЧПС - арзиши холиси овардашуда (ҷорӣ) - нишондиҳандае, ки арзиши баргардондашудаи инвеститсияи гузошташударо ифода намуда, он дар асоси ҷараёни маблағҳои мавҷудае, ки тасҳеҳи ба нархи дисконтерӣ даровардашуда, ҳисоб карда шудааст;
г1 - мизони дисконтери (мизони фоизӣ), ки ЧПС ба қимати хурдтарини мусбӣ (ЧПС (г1)) баробар аст;
г2 - мизони дисконтерӣ (мизони фоизӣ), ки ЧПС ба қимати камтарини манфи (ЧПС (г2)) баробар аст.
Барои ҳисоби аниқи натиҷаи меъёри фоидаи дохила, ба ҳам наздик будани мизонҳои дисконтерии ЧПС ба қиматҳои камтарини мусбию манфии онҳо, зарур буданашон лозим аст.
4. Арзиши холиси овардашуда (ЧПС) дар шакли зайл муайян карда мешавад:
ЧПС a қ=___ДПН1___ + ___ДПН2__ + ____ДПНn__
(1+ қ)1 (1+ қ)2 (1+ қ) n
дар ин ҷо: ЧПС - арзиши холиси овардашуда (ҷорӣ)
ДПН - ҷараёни мавҷудияти маблағ;
a қ - ЧПС ба қимати хурдтарини мусбӣ (ЧПС(г1))
ва қимати хурдтарини манфи (ЧПС (г2)) баробар аст;
г - мизони дисконтерӣ (мизони фоизӣ);
1, 2,...n - давраҳои вақт (сол).
5. Ҷараёни солонаи маблағи истифодаи кон (ДПН) ҳамчун фарқияти байни маҷмӯи даромадҳои солонаи истифодаи кон, ва хароҷотҳои гузаронидашуда, ки тибқи қарордод дар соли ҳисоботи фаъолият ба амал оварда шудааст, муайян карда мешавад.
6. Маҷмӯи маблағи даромади солона, ки истифодабарандагони кон фаъолияташонро тибқи қарордод амалӣ гардондаанд, мутобиқи қонунгузориҳои андоз дар давраи амали қарордоди басташуда, муайян карда мешавад.
7. Ба хароҷотҳои гузаронидаи истифодаи кон, дар чорчӯбаи қарордод хароҷотҳое дохил мешаванд, ки тибқи қарордод, дар соли ҳисоботи онҳо бевосита ба фаъолияти истифодаи кон вобастагӣ дошта, аз намудҳои зайл иборатанд:
а) хароҷотҳои сармоявӣ чунин хароҷотҳое мебошанд, ки дар рафти амалиётҳои истифодаи кон сармоягузорӣ карда мешавад ва фарсудашавӣ, тибқи қонунгузориҳои андоз сурат мегирад, (аз рӯи қарордоде, ки дар ҳамон марз кон кашф карда шудаасту он ба имзо расонида шудааст), ба хароҷотҳои сармоявии соли аввал, арзиши боқимондаи фондҳои асосие, ки дар таърихи ба имзорасии қарордод мавҷуданд, дохил карда мешавад;
б) хароҷотҳое, ки ба хароҷотҳои нигоҳдошташаванда тааллуқ доранд, бо истиснои хароҷотҳои ба фарсудашавии сармояи асосӣ ҳисоб кардашуда ва ҷубронпулиҳои (ҳавасмандӣ) воситаҳои ҷалбакардашуда, мутобиқи қонунгузориҳои андоз, ҳисоб карда мешавад;
в) маблағи андози даромади кон истифодабарандагон ва андоз аз дивидендҳо, ки барои соли ҳисоботи муайян карда шудааст ва инчунин, маблағи андоз аз даромади фавқулодда, ки барои соли гузаштаи то давраи ҳисоботи муайян карда шудааст, тибқи қонунгузориҳои андоз ҳисоб карда мешавад.