Замимаи № 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2000 № 513
Тартиби ҳисоб кардани бонусҳо
I. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (фасли ХI "Андоз аз истифодабарандагони конҳо") ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қаъри замин" таҳия шуда аст.
2. Бонусҳо пардохтҳои собитӣ буда, ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ва ҷустуҷӯию тадқиқотии ҳама гуна конҳои маъдандор, коркарду истифодаи партовҳои истихроҷи маъдан, истеҳсолоти коркард, сохтмон ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба истихроҷи маъдан ва дигар канданиҳо новобастаанд, аз ҷумла, иншоотҳои нигоҳдории нафту газ ва дигар мавод ва инчунин гӯронидани моддаҳои зарарнок, партовҳои саноатӣ, обпартовҳо, объектҳои ҳимояшавандаи муҳими геологӣ, ки аҳамияти илмӣ, маданӣ, санитарию солимгардонӣ ва ҳамчунин аҳамияти дигар (илмӣ, майдонгоҳҳои илмию таълимӣ, мамнӯъгоҳҳои геологӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, ғор ва дигар таҷвифҳои зеризаминӣ) гирдоварии (коллексия) маводҳои геологиро дар бар мегирад.
3. Бонусҳо аз ҳамаи истифодабарандагони қаъри замин, ба истиснои онҳое, ки ҳатман навъҳои корҳои геологӣ ва ҷустуҷӯи геологии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро анҷом медиҳанд, ситонида мешавад.
Агар қарордоди истифодаи қаъри замин қисман аз ҷониби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шавад, андозаи бонуси ситонидашаванда, мутаносибан ба ҳиссаи маблағгузории буҷетии қарордодҳои истифодаи кон, дар ҳаҷми умумии маблағгузории чунин қарордодҳо кам карда мешавад.
4. Истифодабарандагони кон, вобаста ба шароити мушаххаси истифодаи қаъри замин бонусҳои зайлро пардохт менамоянд: бонуси обунавӣ, бонуси кашфи тиҷоратӣ ва бонуси истихроҷӣ.
II. Бонуси обунавӣ
5. Бонуси обунавӣ пардохти якбораи собитшуда барои ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти истифодаи кон буда, аз рӯи қарордод бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби истифодабарандагони кон пардохта мешавад.
6. Андозаи аввалияи бонуси обунавӣ аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор, аз ҷумла аз рӯи шартҳои гузаронидани тендер то ба 10 фоиз аз арзиши харҷномаи объекти тадқиқшавандаи қаъри замин, муайян карда мешавад.
7. Бонуси обунавӣ барои ҳуқуқи истифодаи қаъри замин дар корҳои сохтмонӣ ва истифодаи иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба истихроҷи канданиҳои фоиданок вобастагӣ надоранд, дар шакли ҳаққи яккарата пардохт мешавад.
8. Андозаи бонуси обунавӣ, ки дар банди 7-уми Тартиби мазкур оварда шудааст, дар ҳудуди аз 1 то 3 фоизи арзиши харҷномаи иншоотҳои зеризаминӣ ва арзиши пурраи хизматрасониҳои тахминии пешниҳодгардида ва ё қисми он барои як мӯҳлати муайян ва ё тамоми навистифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ муайян карда мешавад.
9. Андозаи ниҳоии бонуси обунавӣ дар қарордод, бо назардошти қимати иқтисодии кон (қаламрав, иншоотҳои зеризаминӣ), ки ба истифода дода шудааст, муқаррар карда мешавад.
10. Мӯҳлати пардохти бонуси обунавӣ дар асоси қарордод ё созишномаи тарафайн, аммо на дертар аз 30-рӯзи тақвимии баъди ба имзорасии қарордод муқаррар карда мешавад.
11. Оиди пардохти бонуси обунавӣ, андозсупорандагонистифодабарандагони кон ба мақомоти андози ҳамон маҳалле, ки андоз ба қайд гирифта шудааст, дар муддати то 20-рӯзи баъди пардохти бонуси обунавӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд.
III. Бонуси кашфи тиҷоратӣ
12. Бонуси кашфи тиҷоратӣ пардохти устувор буда, аз истифодабарандагони кон дар ҳар як мавриди кашфи кони тиҷоратӣ дар қаламрави қарордод баста, шуда, ба андозаи аз 0,01 то 0,1% аз арзиши бозоргонӣ, ки онро Комиссияи давлатӣ доир ба захираҳои истихроҷи маъданҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои истихроҷи захираҳо тасдиқ намудааст, ситонида мешавад. Андозаи (меъёри фоизи) бонуси кашфи тиҷоратиро дар қарордоде, ки он аз муоинаи мақомоти андоз, баъди тасдиқи захираҳои кон гузоштааст, муқаррар менамоянд.
13. Дар ҳолатҳои гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии канданиҳои фоиданок аз рӯи қарордод аз истифодабарандагони кон, бонуси кашфи тиҷоратӣ ситонида намешавад, агар истихроҷи маъданҳои фоиданоки дар захираҳои кон буда ба нақша нагирифта шуда бошад.
14. Бонуси кашфи тиҷоратӣ на дертар аз 30-рӯзи баъди кашфи тиҷоратӣ, аз ҷониби истифодабарандагони кон, мутобиқи тартиботи муқарраргардида пардохта мешавад.
15. Пардохти бонуси кашфи тиҷоратиро андозсупорандагонистифодабарандагони кон, ба мақомоти андози маҳалле, ки ба қайд гирифта шудаанд, дар муддати 20-рӯзи баъди пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ ҳисоботро пешниҳод менамоянд.
IV. Бонуси истихроҷӣ
16. Бонуси истихроҷӣ пардохти собитӣ буда, онро истифодабарандагони кон ҳангоми ба даст овардани ҳаҷми муайяни истихроҷи маъданҳо аз рӯи қарордод мепардозанд.
17. Дар асоси шароитҳои инфиродии истифодаи кон ва вобаста ба намуди канданиҳои фоиданоки аслии дар ҷамъбаст ғуншудаи як ва ё якчанд даври амали қарордоди истифодаи кон, ба мӯҳлат ва ҳамон андозае, ки дар қарордод муқаррар карда шудааст, бонуси истихроҷӣ ҳисоб карда мешавад.
18. Арзиши ҳатмии канданиҳои фоиданоки истихроҷкардаи истифодабарандагони кон, бо нархи аслии фурӯши маҳсулоти молӣ, бе назардошти арзиши иловашуда, ҳисоб карда мешавад. Андозаи аниқи (меъёри фисади) бонуси истихроҷӣ, баъди гузаронидани муоинаи андоз, дар қарордоди истифодаи кон муқаррар карда мешавад.
19. Бонуси истихроҷӣ аз ҳаҷми арзиши гурӯҳи канданиҳои фоиданок, ки истихроҷ карда шудаанд, мутобиқи ҷадвале, ки дар тартиби мазкур оварда шудааст, ба ҳисоби фоиз муайян карда мешавад.
20. На дертар аз 20-рӯзи моҳи дуюме, ки дараҷаи истихроҷаш (ҳаҷми истихроҷ дар ченаки воҳиди натуравӣ) тибқи ҳар қарордоди муқарраргардида ба даст оварда шудааст, бонуси истихроҷӣ пардохта мешавад.
21. Ҳисобот дар бораи пардохти бонуси истихроҷӣ, андозсупорандагон - истифодабарандагони кон ба мақомоте, ки андоз ба қайд гирифта шудааст, дар муддати то 20 рӯзи баъди ба имзорасии пардохти бонуси навбатӣ, ки бо қарордод аз рӯи дараҷаи навбатии маъданҳо (ҳаҷми истихроҷ бо воҳидҳои ченаки натуравӣ) ба даст дароварда шудааст, пешниҳод менамоянд.
+-----------------------------------------------+--------------------ҷ
|Гурӯҳи канданиҳои фоиданок | Бонуси истихроҷӣ ба|
| | ҳисоби % аз арзиши |
| | ашёи хоми маъданҳои|
| | истихроҷшуда |
+-----------------------------------------------+--------------------+
|Конденсанти нафт, гази табиӣ |На камтар аз 4 |
| | |
|Ангишт, варақсанги сӯзанда, торф |На камтар аз 3 |
| | |
|Металлҳои сиёҳ (оҳан, марганес, хром ванадий) |На камтар аз 1 |
| | |
|Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, руҳ, | |
|қалъагӣ, никель, кобалт, молибден, симоб, | |
|сурма, висмут, кадмий, алюминий, стотсий, | |
|титан, сирколий, литий, волфрам, тантал, | |
|ниобий ва ғайра) |На камтар аз 2 |
| | |
|Маъданҳои пароканда |На камтар аз 4 |
| | |
|Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо) |На камтар аз 4 |
| | |
|Алмосҳо ва сангҳои қиматбаҳо |На камтар аз 4 |
| | |
|Сангҳои ранга (ҷилонок) ва ашёи хоми | |
|пезооптикӣ |На камтар аз 4 |
| | |
|Ашёи хоми радиоактивӣ |На камтар аз 2 |
| | |
|Ашёи хоми кӯҳии кимиёвӣ, обҳои гарм |На камтар аз 1 |
| | |
|Ашёи хоми маъдани кӯҳӣ ва хоми | |
Жғайримаъданӣ барои металлургия |На камтар аз 2 |
| | |
|Обҳои нӯшокии (ширин) зеризаминӣ |На камтар аз 2 |
| | |
|Масолеҳи бинокории ғайримаъданӣ |На камтар аз 2 |
| | |
|Канданиҳои фоиданоки маъмул |На камтар аз 2 |