Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999 № 218 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва фароҳам овардани шароити мусоид барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва инкишофи сайёҳати хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Бандҳои 34 ва 35 Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999 № 218 тасдиқ карда шудаанд, дар таҳрири зерин баён карда шаванд:
"34. Рухсат барои дохил шудан ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақаи сарҳадӣ аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дар давоми 1 рӯзи корӣ, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор дода шуда, мақомоти мазкур дар ин бора дар давоми 24 соат ба Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.
Тартиби дохил шудан ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳудудҳое, ки дохил шудан ба он ҷойҳо манъ аст, аз тарафи мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад. Номгӯи ҳудудҳои мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.
35. Барои дохил шудан ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар минтақаи сарҳадӣ, бо тартиби зерин рухсат дода мешавад:
аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои хидматӣ, тиҷоратӣ, туристӣ, шахсӣ, фаъолияти меҳнатӣ ва таҳсил ба минтақаи сарҳадӣ дохил шуда, иқомат менамоянд - мутаносибан дар асоси дархости вазорат ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, намояндагиҳои корхонаҳо ва ташкилотҳои тиҷоратии хориҷӣ, инчунин дархости шаҳрвандони хориҷӣ;
аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар доираи ҳайатҳои расмии давлатӣ ё бо мақсадҳои хидматӣ ба минтақаи сарҳадӣ дохил мешаванд - дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ба мӯҳлате, ки барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ зарур аст;
аз тарафи муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷаба шаҳрвандони хориҷие, ки дар доираи ҳайатҳои расмии давлатӣ, инчунин бо мақсадҳои хидматӣ ва туристӣ ба минтақаи сарҳадӣ дохил мешавандмутаносибан дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархости намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, ширкатҳои қабулкунандаи туристӣ ва дархостҳои шахсии шаҳрвандони хориҷӣ, ба мӯҳлати то 45 рӯз.
Тартиби харакати мухбирон ва рӯзноманигорони хориҷие, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд ва аъзои оилаи онҳо мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти касбии мухбирони васоити ахбори умуми давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд, муайян карда мешавад."
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2006 № 506
ш. Душанбе