Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2006, № 502 "Дар бораи ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронидани баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронидани баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади зиёд намудани шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ доир ба гузариш ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2007 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Қайроққум ва Чкалови вилояти Суғд, ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда (маблағгузорӣ ба як хонанда) гузаронида шуда, маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз рӯи сметаи алоҳидаи тасдиқшуда ба воситаи системаи хазинадории шаҳру ноҳияҳо ба амал бароварда шавад.

2. Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Ваҳдат аз рӯи шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузории сарикасӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда давом дода шавад.

3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҳангоми тартиб додани буҷетҳои маҳаллӣ барои соли 2007 ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинишуда вобаста аз шакли муассисаҳои таҳсилоти умумӣ меъёри миёнаи хароҷотро барои як хонанда тасдиқ намоянд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур тартиби ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти умумии таҷрибавиро мувофиқи бандҳои 2, 5, 6 ва 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2004 № 441 "Дар бораи ба шаклҳои нави идора ва маблағгузорӣ гузаронидани муассисаҳои таълимии умумии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ваҳдат" таъмин намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 1 ноябри соли 2006 № 502

ш. Душанбе