Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронидани баъзе муассисаҳои таҳсилоти умумӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади зиёд намудани шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ доир ба гузариш ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 январи соли 2007 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳрҳои Қайроққум ва Чкалови вилояти Суғд, ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда (маблағгузорӣ ба як хонанда) гузаронида шуда, маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои мазкур аз рӯи сметаи алоҳидаи тасдиқшуда ба воситаи системаи хазинадории шаҳру ноҳияҳо ба амал бароварда шавад.
2. Маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва шаҳри Ваҳдат аз рӯи шаклҳои нави идоракунӣ ва маблағгузории сарикасӣ дар доираи маблағҳои пешбинишуда давом дода шавад.
3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ ҳангоми тартиб додани буҷетҳои маҳаллӣ барои соли 2007 ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳои ба ин мақсад пешбинишуда вобаста аз шакли муассисаҳои таҳсилоти умумӣ меъёри миёнаи хароҷотро барои як хонанда тасдиқ намоянд.
4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур тартиби ба шакли нави идоракунӣ ва маблағгузорӣ гузаронидани муассисаҳои таҳсилоти умумии таҷрибавиро мувофиқи бандҳои 2, 5, 6 ва 7 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2004 № 441 "Дар бораи ба шаклҳои нави идора ва маблағгузорӣ гузаронидани муассисаҳои таълимии умумии шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Ваҳдат" таъмин намоянд .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2006 № 502
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О переводе некоторых общеобразовательных учреждений на новые формы управления финансирования
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью увеличения пилотных городов районов о переходе на новые формы управления и финансирования общеобразовательных учреждений Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. С 1 января 2007 года перевести общеобразовательные учреждения города Сарбанд Хатлонской области, района Бободжон Гафуров и городов Кайраккум, Чкаловск Согдийской области, района Шугнан Горно-Бадахшанской автономной области, района Шохмансур города Душанбе и района Шахринав на новые формы управления и финансирования в пределах выделенных средств (финансирование в расчёте на одного учащегося), осуществить финансирование общеобразовательных учреждений данных городов и районов по отдельно утверждённым сметам через городскую и районную систему казначейства.
2. Продолжить финансирования общеобразовательных учреждений города Куляба и Яванского района Хатлонской области, города Худжанд Согдийской области, города Хорог Горно-Бадахшанской автономной области и города Вахдат по новым формам управления и финансирования в расчёте на одного учащегося в пределах выделенных средств.
3. Местным исполнительным органам государственной власти городов и районов при формировании местных бюджетов на 2007 и последующие годы в рамках выделенных средств, а так же в зависимости от типа общеобразовательного учреждения утвердить средние нормативы финансирования на одного учащегося.
4. Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и местным исполнительным органам государственной власти указанных городов и районов обеспечить порядок переходе на новые формы управления и финансирования общеобразовательных учреждений в соответствие пунком 2, 5, 6 и 7 постановление Правительства от 1 ноября 2001 года № 441 "О переводе общеобразовательных учреждений города Куляба и Яванского района Хатлонской области, города Худжанд Согдийской области, города Хорог Горно-Бздахшанской автономном области и города Вахдат на новые методы управления и финансирования"
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от 1 ноября 2006 года №502
г. Душанбе