Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт
Мувофиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар заминаи шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев дар ноҳияи Рашт таъсис дода шавад.
2. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев дар соли 2007 ва солҳои минбаъда дар доираи маблағҳо ва шумораи умумӣ тайёр намудани мутахассисонро дар филиали мазкур таъмин намояд.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ташкилию ҳуқуқиеро, ки аз таъсиси филиали мазкур бармеоянд, ҳал намояд.
4. Раиси ноҳияи Рашт филиали мазкурро бо биноҳои таълимӣ, хобгоҳ, нақлиёт, воситаҳои алоқа ва дигар таҷҳизоти таълимию техникии зарурӣ таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 ноябри соли 2006 № 501
ш. Душанбе