Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1993, № 183 "Дар бораи таъсиси стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев"

Санаи амалкуни: 02.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613)

Бо мақсади иҷрои Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1993 "Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдуллоев Н.", Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ба андозаи 125 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613).

2. Муқаррар карда шавад, ки Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин донишҷӯи аълохони курси охирини факультети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои илмии Донишгоҳ муайян карда мешавад.

Хароҷоти пардохти Стипендия аз ҳисоби маблағи захираи стипендияҳо, ки барои Донишгоҳи зикршуда тасдиқ шудааст, дода шавад.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    А. Абдуллоҷонов

Ҷонишини Мудири

Корҳои Шӯрои  Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     И. Бозоров

аз 28 апрели соли 1993 № 183

ш.Душанбе

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев

Бо мақсади иҷрои Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1993 "Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдуллоев Н.", Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ба андозаи 125 фоизи ҳадди ақали музди меҳнат таъсис дода шавад.