Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613)
Бо мақсади иҷрои Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 1993 "Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдуллоев Н.", Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев ба андозаи 125 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъсис дода шавад .
2. Муқаррар карда шавад, ки Стипендияи ба номи Нурулло Ҳувайдуллоев аз тарафи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин донишҷӯи аълохони курси охирини факультети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯрои илмии Донишгоҳ муайян карда мешавад.
Хароҷоти пардохти Стипендия аз ҳисоби маблағи захираи стипендияҳо, ки барои Донишгоҳи зикршуда тасдиқ шудааст, дода шавад.
Раиси
Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Абдуллоҷонов
Ҷонишини Мудири
Корҳои Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
аз 28 апрели соли 1993 № 183
ш.Душанбе
Совет Министров Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об учреждении стипендии имени Нурулло Хувайдуллаева
(в редакции Постановления Правительства РТ от 2.12.2008г.№613)
Во исполнение постановления Президиума Верховного Совета Республики Таджикистан от 28 января 1983г. "Об увековечении памяти Генерального прокурора Республики Таджикистан, народного депутата Республики Таджикистан Хувайдуллаева Н." Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:
1. Учредить стипендию имени Нурулло Хувайдуллоева в размере 125 процентов от показатель для расчетов
2. Установить, что стипендия имени Нурулло Хувайдуллоева назначается Министерством образования Республики Таджикистан лучшему студенту-отличнику выпускного курса юридического факультета Таджикского государственного университета по представлению ученого совета университета.
Расходы по выплате стипендии производить за счет стипендиального фонда, утвержденного указанному университету.
Председатель
Совета Министров Республики Таджикистан А. Абдулладжанов
Зам. Управляющего
Делами Совета Министров Республики Таджикистан И. Базаров
от 28 апреля 1993 года № 183
г. Душанбе