Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1994, № 521 "Дар бораи ташкил намудани ҷангалҳои дарахтони санавбар ва сафедор, плантацияҳои мағздор ва растаниҳои дорувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

 Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ташкил намудани ҷангалҳои дарахтони санавбар ва сафедор, плантацияҳои мағздор ва растаниҳои дорувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо сабаби зиёд гардидани талабот ба чӯби кором, махсусан санавбар, инчунин бо мақсади минбаъд зиёд кардани истеҳсол ва захира намудани меваҳои зироатҳои мағздор ва растаниҳои дорувор Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунанд.

1. Пешниҳоди иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали "Тоҷиклес", Вазорати кишоварзи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи иҷроияи шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон дар хусуси бунъёди ҷангалҳои дарахтони санавбар ва сафедор, плантацияҳои зиоратҳои мағздор ва растаниҳои дорувор мутобиқи заминаи № 1 қабул карда шавад.

2. Ба кумитаҳои иҷроияи вилоятҳо , шаҳру ноҳияҳо ҷумҳурӣ, иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали "Тоҷиклес" тавсия дода шавад, ки аз тарафи хоҷагиҳои ҷангал ва дигар хоҷагиҳо иҷро гардидани корҳои бунъёди ниҳолзорҳои дарахтони санавбар, сафедор ва дигар ниҳолҳои пурқиматро таъмин кунанд.

3. Қиматҳои иҷрояи шӯроҳои депутатҳои халқи ноҳияҳои Данғара, Мӯъминобод, Москва, Совет, Фархор, Шӯробод, ва Ховалинг якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияи истеҳсолии хоҷаги ҷангали "Тоҷиклес" дар тулли соли 1994 минтақаҳоро муоина намуда , барои шинонидани дарахтони санавбар, сафедор ва бунъёди плантацияҳои зироатҳои мағздор ва растаниҳои дорувори ҳуҷҷатҳои зарурии лоиҳавию сметавӣ тайёр кунанд ва барои иҷрои чорабиниҳо дар қарори мазкур пешбинигардида бечунучаро давра ба давра замин ҷудо кунанд.

4. Аз Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, то ба бонки милли Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш диҳат, ки аз соли 1995 сар карда то соли 2000 (дар сурати пешниҳод гардидани ҳисобҳои асоснок ) барои иҷрои чорабиниҳои инкишоф ва бунъёди ҷангалҳои дарахтони санавбар ва сафедор, плантацияҳои зироатҳои мағздор ва растаниҳои дорувори мутобиқи заминаи №2 кретитҳои имтиёзнок ҷудо кунад.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   А.Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Р. Мирзоев

аз 15 ноябри соли 1994 № 521

ш. Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О создании сосновых и тополевых лесов, плантаций орехоплодных культур и лекарственных трав в Республике Таджикистан

В связи с возросшей потребностью в деловой древесине, особенно сосновой, а также в целях дальнейшего увеличения производства и заготовок плодов орехоплодных культур и лекарственных трав Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Принять предложение Лесохозяйственного производственного объединения "Таджиклес", Министерства сельского хозяйства Республики Таджикистан и исполкома Хатлонского областного Совета народных депутатов о закладке сосновых и тополевых лесов, плантаций орехоплодных культур и лекарственных трав согласно приложению № 1.

2. Рекомендовать облгоррайисполкомам республики, Лесохозяйственному производственному объединению "Таджиклес" обеспечить выполнение лесхозами и хозяйствами работ по созданию сосновых, тополевых и иных ценных насаждений.

3. Исполнительным комитетам Дангаринского, Муминабадского, Московского, Советского, Фархорского, Шурободского и Ховалингского районных Советов народных депутатов совместно с Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан и Лесохозяйственым производственным объединением "Таджиклес" провести в течении 1994 года обследование территории и подготовить необходимую проектно-сметную документацию для осуществления посадок сосновых, тополевых лесов, создания плантаций орехоплодных культур и лекарственных трав, а также обеспечить безусловное поэтапное выделение земель для выполнения мероприятий, намеченных настоящим постановлением.

4. Просить Верховный Совет Республики Таджикистан поручить Национальному банку Республики Таджикистан выделять, начиная с 1995 года по 2000 год льготные кредиты (при представлении обоснованных расчётов) для осуществления мероприятий по развитию и созданию сосновых и тополевых лесов, плантаций орехоплодных культур и лекарственных трав согласно приложению № 2.

Председатель

Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от "15" ноября 1994 года № 521

 г. Душанбе