Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 1994, № 515 "Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси барномаи озуқавии "Барои Прогресс"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои муттаҳидаи Америка оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси барномаи озуқавии "Барои Прогресс"

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ дар асоси барномаи озуқавии "Барои Прогресс" тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қабулкунандаи ғаллаи озуқа ба ҳаҷми 35000 тонна муайян шавад.

3. Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти сари вақти ғаллаи озуқаро, ки мувофиқи Созишномаи бо қарори мазкури тасдиқгардида ҷудо шудааст, таъмин намояд.

4. Вазорати иқтисодӣ ва ояндабинӣ, Вазорати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Вазорати ғалла,Вазорати молия, Вазорати кишоварзӣ ва Саридораи давлатии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои Созишномае, ки соли 1994 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи барномаи "Озуқа барии прогресс" имзо гардидааст, маълумот диҳанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои тайёр кардану имзо намудани чунич Созишнома барои соли 1995 ва солҳои минбаъда омода созанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои захира намудани маблағи аз фуруши орд ва маҳсулоти ғалла, ки аз ғалла мувофиқи барномаи "Озуқа барои прогресс" тайёр мешавад, ҳисоби махсус кушояд, то ки ин маблағ мувофиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои муттаҳидаи Америка баста шуда истифода гардад.

6. Вазорати ғаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳисоби махсус маблағи аз фуруши орд ва маҳсулоти ғаллаи мазкури ба даст омадаро сари вақт ва пурра гузаронад.

7. Вазорати корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарафи Америкаро аз иҷрои тартиботи зарурӣ огоҳ созад.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   А.Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Р. Мирзоев

аз 14 ноябри соли 1994 №515

ш. Душанбе

Совет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О соглашении между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Соединенных Штатов Америки на поставку сельскохозяйственной продукции на основе продовольственной программы "Во имя прогресса"

Совет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Соединенных Штатов Америки на поставку сельскохозяйственной продукции на основе продовольственной программы "Во имя прогресса".

2. Определить получателем продовольственной пшеницы в объёме 35000 тонн Министерство хлебопродуктов Республики Таджикистан.

3. Министерству хлебопродуктов Республики Таджикистан обеспечить своевременный завоз продовольственной пшеницы выделенной в соответствии с соглашением, утверждённым настоящим постановлением.

4. Министерству экономики и прогнозирования, Министерству внешних экономических связей, Министерству хлебопродуктов, Министерству финансов, Министерству сельского хозяйства и Главному государственному налоговому управлению Республики Таджикистан представить информацию о выполнении соглашения, подписанного на 1994 год Правительством Республики Таджикистан по программе "Продовольствие во имя Прогресса", и подготовить необходимые материалы для проработки и подписания аналогичного соглашения на 1995 год и последующие годы.

5. Министерству финансов Республики Таджикистан открыть специальный счёт для аккумулирования на нём средств от реализации муки и хлебопродуктов, выработанных из зерна, полученного по программе "Продовольствие во имя прогресса", с тем чтобы использовать эти средства согласно соглашению, заключенному между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Соединенных Штатов Америки.

6. Министерству хлебопродуктов Республики Таджикистан своевременно и полностью перечислить на этот специальный счёт средства полученные от продажи указанной выше муки и хлебопродуктов.

7. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан уведомить американскую сторону о выполнении необходимых процедур.

Председатель

Совета Министров Республики Таджикистан А. Самадов

Управляющий делами

Совета Министров Республики Таджикистан Р. Мирзоев

от "14" ноября 1994 года № 515

 г. Душанбе