Қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 1994, № 514 "Дар бораи такмил додани пардохти музди меҳнати кормандони умури давлатии ветеринарӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараровару касалиҳо, назорати тухмӣ, санҷиши навъи зироатҳои кишоварзӣ, чорводории чарогоҳӣ, интиқоли чорво, станцияҳои нормативию тадқиқотии меҳнати системаи комплекси агросаноатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи такмил додани пардохти музди меҳнати кормандони умури давлатии ветеринарӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараровару касалиҳо, назорати тухмӣ, санҷиши навъи зироатҳои кишоварзӣ, чорводории чарогоҳӣ, интиқоли чорво, станцияҳои нормативию тадқиқотии меҳнати системаи комплекси агросаноатӣ.

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии кормандони умури давлатии ветеринарӣ, карантин ва ҳифзи растаниҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараровару касалиҳо, назорти тухмӣ, санҷиши навъи зироатҳои кишоварзӣ, чорводори чарогоҳӣ, интиқоли чорво станцияҳои нормативию тадқиқотии меҳнати системаи комплекси агросаноатӣ дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ, кам кардани ақибмонии мутазами маоши ин гурӯҳи коргарон аз маоши кормандони дигар соҳаҳо, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Муқаррар карда шавад, ки аз 1 августи соли 1994 барои коргардони умури ветеринарии давлатӣ, карантин ва ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз ҳашаротҳои зараровару касалиҳо, назорати тухмӣ, санҷиши навъҳои зироати кишоварзӣ, чорводории чарогоҳӣ, интиқоли чорво, станцияҳои нормативию тадқиқотии меҳнати системаи комплекси агросаноатӣ маоши хизматӣ ва шароити музди меҳнат мутобиқи заминаи 1-5 сурат мегирад (заминаҳо дар матни русӣ оварда шудааст).

Маоши хизматии ҷонишинони сардор ва сарбуғалтерҳои ташкилотҳо ва воҳидҳои сохтории онҳо нисбат ба маоши роҳбарони дахлдор 10-30 фоиз камтар муайян карда шудааст.

2. Ба роҳбарони умури ветеринарии давлатӣ, карантин ва ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз ҳашаротҳои зараррасону касалиҳо, назорати тухмӣ,санҷиши навъҳои зироати кишоварзӣ, чорводории чарогоҳӣ, интиқоли чорво, станцияҳои нормативию тадқиқотии меҳнатӣ, системаи комплекси агросаноатӣ иҷозат дода шавад, ки дар доираи фонди муқарраргардидаи музди меҳнат:

ба рӯйхати мансабҳои тасдиқшуда, вобаста ба зарурати истифодаи шаклҳои наву прогрессивии технология ва техникаи идора, тағйирот дохил намояд:

кормандонро бо мукофот қадр кунад (ба шарти иҷрои корҳои нақшави) ва бо ин мақсад маблағи ба андозаи музди меҳнати семоҳаро истифода кунад. Мукаррар карда шавад, ки андозаи мушаххаси мукофот ба мутахассисон ва кормандон мутобиқи саҳми шахсии ҳар кадоми онҳо ба натиҷаи умумии кор вобаста буда, андозаи ниҳонии он маҳдуд карда мешавад;

ба мутахасисон, хизматчиён ва коргарони муваққатӣ, ки дар баробари вазифаи худ вазифаи ҳамин гурӯҳи ҳайатикоргарони муваққатан дар кор набударо ба ҷо оваранд (дар ҳолатҳои касали, дар рухсати будан, дар мусофират будан ва дигар ҳолатҳо ), то 50 фоиз андозаи маоши кори аслиашон изофапулӣ диҳад.

3.Ба Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки бо пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити додани музди меҳнатро барои коркунони ташкилотҳои мазкур ва ихтисосии коргарон, ки дар ин қарор дар назар дошта нашудааст, муайян намояд.

4. Маошҳои хизматӣ, ки аз ин қарор бар меояд, барои соли 1994 аз ҳисоби маблағҳои буҷете, ки дар маҷмӯъ барои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудааст, ҷори мегардад.

Ба ин мақсадҳо метавон маблағҳое, ки аз табдирҳои такмили сохтор, калон кардани ташкилотҳо ва воҳидҳои сохтории идораҳои номбаршуда, ҳамчун даромадҳои иловагии сметаи маблағҳои махсус, бе тағйир додани муносибат бо буҷет ба даст омадааст, равона кард.

Раиси

Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                А. Самадов

Мудири

Корҳои Шӯрои Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                Р. Мирзоев

аз 14 ноябри соли 1994 №514

ш.Душанбе