Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи сохтмони комплекси ёдгори "Модар Ватан" дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе
Ба муносибати 50 солагии Ғалабаи дар Ҷанги Бузурги Ватани солҳои 1941-1945 Шӯрои Вазирони Ҷумҳури Тоҷикистон қарор мекунад:
1. То 1 маи соли 1995 дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе навбати дуюми комплекси ёдгори "Модар-Ватан" сохта шавад.
Вазифаи супоришгари ба лоиҳагарӣ ва сохтумони комплекси мазкур ба зиммаи кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе гузошта шавад.
2. Вазорати Молияи Ҷумҳури Тоҷикистон то 30 октябри соли 1994 ба кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе барои ба лоиҳагирӣ ва сохтумони комплекси ёдгории "Модар Ватан" дар боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе аз ҳисоби азнавтақсимкунии маблағҳои дар қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 августи соли 1994 №408 пешбинишуда 5,5 миллиард рубль ҷудо кунад.
3. Кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои сохтумону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли ҷорӣ сметаи композицияи муҷассамавии "Модар-Ватан"-ро, ки дар шаҳри Москва тайёр мешавад, пешниҳод намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаи илм, фарҳанг ва масъалаҳои иҷтимоӣ, шӯъбаи сохтмони Мудирияти Корҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе гузошта шавад.
Муовини аввали
Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ғафуров
Муовини аввали
Раиси Шӯрои Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ғафуров
Мудири
Корҳои Шӯрои Вазиронӣ
Ҷумҳури Тоҷикистон Р. Мирзоев
Мудири
...