ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти адлияӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд ва Қоидаҳои пӯшида гаштани он
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.02.2000 № 59)
Мутобиқи қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1999 №№ 1832, 1833 ва 1834 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тафсири аломатҳои тафриқа ва либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд ва қоидаҳои пӯшида гаштани он мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Меъёрҳои додан ва мӯҳлати пӯшида гаштани либоси расмӣ барои кормандони зикршуда, тибқи қарорҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд, дар доираи маблағҳое, ки барои таъминоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 октябри соли 1999, № 415
ш. Душанбе
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000
№ 59 тасдиқ шудааст
ТАСВИРИ аломатҳои тафриқа ва либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд
Аломатҳои тафриқавӣ
Погонҳое, ки дар китф насб карда мешаванд, ба сифати аломатҳои тафриқавӣ хизмат мекунанд. Погонҳои нимнарми шашкунҷаи дарозрӯяи дорои тарафҳои дарози мувозӣ аст, ки қисмати поёнаш росткунҷа буда, қисмати болояш аз ҷониби буриши мувозии канори поёни ба шакли кунҷи кунд бурида шудааст.
Дарозии погони шашкунҷаи дарозрӯя барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то худи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, 12-14 см буда, бараш 4,5 см аст.
Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири адлияи дараҷаи 1 то худи ҳуқуқшииноси дараҷаи 3 доранд, дар сурати 11-12 см будани дарозии погони шашкунҷаи дарозрӯя, бараш 4 см-ро ташкил медиҳад.
Канораҳои погон, ба ғайр аз қисмати поёниаш, бо моҳути кабуд ҳошиядӯзӣ карда мешавад, ки бари ҳошия 2,5 мм мебошад.
Погонҳои Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовирони давлатии адлияи дараҷаҳои 1, 2 ва 3
Аз нахи хокистарранги бофти махсус тайёр карда шуда, ки рах надорад ва тагашон моҳутӣ мебошад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи панҷгӯшаи зарҳалини барҷастаи қутраш 30 мм дорои нақши шуоъҳо кашидадӯзӣ карда мешавад. Дар қисмати болоии погон нишони адлия насб карда мешавад, ки аз сипар ва ду шамшери бо навдаҳои зарҳалин оро додашуда иборат аст. Сипар бо се ранг кашидадӯзӣ карда мешавад, ки рамзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 се ситораи зарҳалини барҷастаи панҷгӯша, ки қутри ҳар кадомаш 25 мм мебошад, кашидадӯзӣ карда мешавад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 ду ситораи зарҳалини панҷгӯшаи барҷаста, ки қутри ҳар кадомашон 25 мм мебошад, кашидадӯзӣ карда мешавад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 як ситораи зарҳалини панҷгӯшаи барҷастаи қутраш 25 мм кашидадӯзӣ карда мешавад.
Погонҳои мушовирони адлияи дараҷаи 1, 2 ва 3
Аз нахи хокистарранг тайёр карда шуда, тагаш (заминааш) моҳут аст. Дар рӯи (заминаи) погон ду хати кабуд ҳаст. Дар рӯи погони Мушовири адлияи дараҷаи 1 се ситораи панҷгӯшаи зарҳалини қутри ҳар кадомаш 20 мм - дутои поёнаш дар болои хатҳо ва яктои болоиаш дар маркази байни хатҳо насб карда мешавад.
Дар болои хатҳои погонҳои Мушовири адлияи дараҷаи 2 ду ситораи панҷгӯшаи зарҳалини ҳар кадомаш 20 мм, насб карда мешавад.
Дар маркази байни хатҳои рӯи погони Мушовири адлияи дараҷаи 3 як ситораи панҷгӯшаи зарҳалини қутраш 20 мм насб карда мешавад.
Погонҳои ҳуқуқшиносони дараҷаҳои 1, 2 ва 3
Аз нахи хокистарранг тайёр карда шуда, тагашон (заминаашон) моҳут аст. Дар рӯи погон як хати ранги кабуд мавҷуд аст.
Дар погони Ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 чор ситораи зарҳалини қутри ҳар кадомаш 13 мм - дутои поёниаш дар ду тарафи хат ва дутои болоиаш дар рӯи хат насб карда мешаванд.
Дар погони Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2 се ситораи зарҳалини қутри ҳар кадомаш 13 мм - дутои поёниаш дар ду тарафи хат ва яктои болоиаш дар рӯи хат насб карда мешавад.
Дар погони Ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 ду ситораи зарҳалини қутри ҳар кадомаш 13 мм дар ду тарафи хат насб карда мешавад.
Сарулибоси расмӣ
Фурашка аз матои хокистарранг, бо лабакии кабуд, лабакии ва теппааш ҳошияи кабуд дорад, ресмони дуқабата бофташудаи зарҳалӣ дар лабаки бо ду тугма насб карда мешавад, дар қисмати болоиаш нишони (коркарди) зарҳалӣ насб аст. Лапараш сиёҳи локдодашуда. Барои ашхосе, ки рутбаҳои дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то худи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, дар болои лапар дар лабаки ба ғайр аз ресмони зарҳалӣ нақши ду навдаи мутаносиб ҷойгирифта бо зарҳал кашидадӯзӣ шудааст. Дар лапар ҷузъиёти ороишии оҳанин дар шакли навдаҳои зарҳал кардашуда насб карда мешавад. Дар маркази теппаи фурашка нишони кашидадӯзишудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст.
Ба занҳо ба ҷои фурашка пилоткаи хокистарранги ҳошияаш кабуд дода мешавад.
Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири адлия то худи ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 доранд, телпаки гӯшакдори қароқулии хокистарранг, ки болояш аз пӯсти сиёҳ мебошад, дода мешавад. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, телпакпопохи қароқулии хокистарранг, ки болояш аз матои кабуд аст, дода мешавад.
Пиҷак дубара буда, бо се тугмаи тиллоранги дорои нақши нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад, буришаш нимчаспидаи дорои канораҳои ҳамвор аст, пушташ бебуриш дӯхта шудааст, гиребонаш лабгардон буда, остинҳояш оддӣ мебошанд. Пиҷак кисаҳои пахлӯягии аз дарун дӯхташуда дорад, ки бо қапқоқ пӯшонда мешаванд. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовари давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, пиҷак аз габардини хокистарранг ва барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии Мушовири адлияи дараҷаи 1 то ҳуқуқшиноси дараҷаи 3 доранд, аз матои костюмбоби хокистарранг дӯхта мешавад. Гиребон ва нӯги остинҳо бо ҳошияи бараш 2,5 мм-ии кабуд ҳошиядӯзӣ карда шудааст. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то худи Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, бо дарозии ҳошияи кабуд ресмони зарҳали кашидадӯзӣ карда мешавад, дар кунҷҳои гиребон ва нӯги остинҳо нақши навдаҳо кашидадӯзии зарҳалӣ карда мешавад.
Шим аз матои хокистарранг буда, ростбуриш, бе мағзӣ, бо ҳошияи кабуди бараш 2,5 мм мебошад. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то худи Мушовири давлатии дараҷаи 3 доранд, дар шим дар масофаи 0,5 см дар ҳар ду тарафи ҳошия рахи кабуд 2,2 см-и дар чоки берунӣ ба тамоми дарозии қади шим дӯхта мешавад.
Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, туфлии сиёҳ ё хокистарранги хира аз пӯсти шевро ва кафакиаш чармин ва барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии ҳуқуқшиноси дараҷаи 1, 2 ва 3 доранд, туфлии хром ва кафакиаш резинӣ дода мешавад.
Барои занон пиҷак аз тарафи чап баста мешавад ва ба ҷои шим юбка дода мешавад.
Курта сафед буда, лабгардонаш кабуд аст. Галстук сиёҳ аст.
Ҳангоми либоси расмии тобистона ба ҷои пиҷак куртаи остинкутоҳи дорои кисаҳои рӯбасти қапқоқдори тугмаҳояш майда дода мешавад, ки дар кисаи болоии тарафи рост атфостини (шеврони) андозааш 7,5 х 9,0 см дӯхта шудааст, ки дар он нишонии идоравӣ мавҷуд аст (барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, нишонии идоравӣ бо риштаи зарҳали кашидадӯзӣ карда мешавад).
Палто (плаш) хокистарранг буда, шаш тугмаи ним зарҳали дорои нақши нишони давлатӣ ва дар тасмаи миёнаш чор тугма дорад.
Погонҳо дар пиҷак, палто, плаш ва куртаи рӯй насб карда мешаванд. Дар кунҷи гиребон, ба ғайр аз куртаи рӯй, тамға дар баландии 30 мм насб карда мешавад.
Нишони (коркардаи) дорои ситораи тиллоранг дар баландии 40 мм дар маркази фурашка ё дар пешонаи телпак насб карда мешавад.
Тугмаҳои зарҳалини калони қутрашон 25 мм-и дорои нақши Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пиҷак ва палто мебошад. Тугмаҳои хурди кутрашон 17 мм - и дорои нақши тоҷ ва ситораҳои Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои куртаҳо, погонҳо, нӯги остин мебошанд.
Погонҳо бо тугмаҳои хурди қутрашон 17 мм - и насб карда мешавад ().
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 1999
№ 415 тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ ПӯШИДА ГАШТАНИ ЛИБОСИ РАСМӣ БАРОИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ РУТБАҲОИ ДАРАҶАВӣ ВА МАЪЛУМОТИ ОЛИИ ҲУҚУҚӣ ДОРАНД
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи Низомнома "Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд", тибқи қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1996 № 612, Низомнома "Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ва унвони илмӣ барои кормандони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тибқи қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1996 № 567 ва Низомнома "Дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлия ва нотариати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,, тибқи қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1996 № 573 тасдиқ шудаанд, таҳия гардидааст.
2. Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуӣи мебошанд, кормандони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистоя, ки дорои рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ мебошанд, ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси расмиро доранд.
3. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ пӯшида гаштани либоси расмӣ ҳатмӣ мебошад.
Пӯшида гаштани либоси расми барои кормандони зикршуда, ки дар хизмат нестанд, мувофиқи хоҳиши онҳо иҷозат дода мешавад.
4. Либоси расмӣ бояд мутобиқи мавсим тозаю озода бошад.
5. Пӯшида гаштани либоси омехта (расмию гражданӣ) иҷозат дода намешавад.