ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти адлияӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд ва Қоидаҳои пӯшида гаштани он
Мутобиқи қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1999 №№ 1832, 1833 ва 1834 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тафсири аломатҳои тафриқа ва либоси расмӣ барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд ва қоидаҳои пӯшида гаштани он мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Меъёрҳои додан ва мӯҳлати пӯшида гаштани либоси расмӣ барои кормандони зикршуда, тибқи қарорҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини либоси расмии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд, дар доираи маблағҳое, ки барои таъминоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 11 октябри соли 1999, № 415
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 1999
№ 415 тасдиқ шудааст
ТАСВИРИ
аломатҳои фарқкунанда ва сару либос барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд
Аломатҳои фарқкунанда
Погонҳое, ки дар китф насб карда мешаванд, чун аломати фарқкунанда хизмат мекунанд. Погони нимнарми шашкунҷаи барҷаста бо тарафҳои шашкунҷаи барҷаста бо тарафҳои мувозии дароз буда, қисмати поёниаш росткунҷа буда, қисмати болоияш аз ҷониби бурриши мувозии канори поёнӣ бо кунҷи кунд бурида шудааст.
Погони ашхосе, ки рутбаи дараҷавӣ аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаҳои сеюм доранд, чоркунҷаи болояш моил бурида шуда буда, дарозиаш 11-12 см ва бараш 4,5 см мебошад.
Погони ашхосе, ки рутбаи дараҷавӣ аз Мушовири адлияи дараҷаи якум то ҳуқуқшииноси дараҷаи 3 доранд, шашкунҷаи барҷаста буда, дарозиаш 11-12 см буда, бараш 4 см мебошад.
Канори погон ба ғайр аз қисмати поёниаш бо моҳути тираи сурх ҳошиядӯзӣ карда мешавад, ки бари ҳошия 2,5 мм мебошад.
Погони Мушовирони давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовирони давлатии адлияи дараҷаҳои 1, 2 ва 3
Погонҳо аз нахи нуқрагини бофти махсус, ки рах надорад ва сатҳаш моҳутӣ аст, тайёр карда мешавад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ситораи панҷкунчаи зарҳалини барҷастаи қутраш 30 мм, ки дар ҳошияаш ду навдаи булут кашидадӯзӣ карда мешавад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 се ситораи зарҳалии барҷастаи панҷкунча, ки қутри ҳар кадомаш 25 мм мебошад, кашидадӯзӣ карда мешавад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи дараҷаи дуюм ду ситораи зарҳалии панҷкунчаи барҷастаи қутраш 25 мм, кашидадӯзӣ карда мешавад.
Дар погони Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 як ситораи зарҳалини панҷкунҷаи барҷастаи қутраш 25 мм кашидадӯзӣ карда мешавад.
Погони мушовири адлияи дараҷаи 1, 2 ва 3
Аз нахи нуқрагин, ки сатҳаш моҳут аст, тайёр карда мешавад. Дар сатҳи погон ду хатти тираи сурх мавҷуд аст. Дар сатҳи погони Мушовири адлияи дараҷаи якум 3 ситораи зарҳалии панҷкунҷаи қутраш 20 мм, ки дутои поёниаш дар болои хатҳо ва якто болоияш дар миёни меҳвари ду хат кашидадӯзӣ карда мешавад.
Дар болои хати погони мушовири адлияи дараҷаи дуюм ду ситораи зарҳалии панҷкунҷаи қутраш 20 мм насб карда мешавад.
Дар погони Мушовири адлияи дараҷаи сеюм як ситораи зарҳалии панҷкунҷаи қутраш 20 мм насб карда мешавад.
Погони ҳуқуқшиносони дараҷаҳои 1, 2 ва 3
Аз нахи нуқрагин, ки сатҳаш моҳут аст, тайёр карда мешавад. Дар погон як хати ранги тираи сурх мавҷуд аст.
Дар погони ҳуқуқшиноси дараҷаи якум 4 ситораи зарҳалии қутраш 13 мм, ки дутои поёниаш дар ду тарафи хат ва дутои болоияш дар рӯи хат насб карда мешаванд.
Дар погони ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм 3 ситораи зарҳалии қутраш 13 мм, ки дутои поёниаш дар ду тарафи хат ва яктои болоияш дар рӯи хат насб карда мешавад.
Дар погони ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм 2 ситораи зарҳалии қутраш 13 мм аз ду тарафи хат насб карда мешавад.
Сару либос
Фуражка аз матои хокистарранги равшан бо пошнаи байзавӣ, ҳошияи тираи сурх аз пошна ва теппаи кулоҳ мегузарад, ресмони дуқабата бофташудаи зарҳалӣ дар пошна бо ду тугма насб карда мешавад, дар қисмати болоии кулоҳ кокардаи зарҳалӣ насб аст. Лапар сиёҳи локшуда мебошад. Барои ашхосе, ки рутбаҳои дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, дар болои лапар дар пошна ба ғайр аз ресмони зарҳалӣ ду навдаи булути зарҳалӣ дар шакли мувозӣ кашидадӯзӣ шудааст. Дар лапар ҷузъиёти ороишии оҳанин дар шакли навдаи булути зарҳалдодашуда насб карда мешавад. Ба занҳо ба ҷои фуражка пилоткаи рангаш равшани хокистариранг бо ҳошияи тираи сурх дода мешавад.
Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз мушовири адлия то ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм доранд, телпаки гӯшакдор аз қароқӯлии хокистариранг, ки болояш аз пӯсти сиёҳ мебошад, дода мешавад. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, телпакпапох аз қароқӯлии хокистариранг, ки болояш аз матои сурх аст, медиҳанд.
Пиҷак дубара буда, бо се тугмаи тиллоранг, ки нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, баста мешавад, матояш ҳамвору нафис аст, пӯшташ бебурриш дӯхта шудааст, гиребонаш лабгардон буда, остинҳояш оддӣ мебошанд. Пиҷак аз ду канораш кисаҳои аз дарун дӯхташуда дорад, ки бо клапанхо пӯшида мешаванд ва кисаи аз дарундӯхташудаи сарисинагӣ низ дорад. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовари давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, пиҷак аз габардини рангаш равшани хокистарӣ ва барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири адлияи дараҷаи якум то ҳуқуқшиноси дараҷаи сеюм доранд, аз матои костюмии ранги хокистарии равшан тайёр карда мешавад. Гиребон ва нӯги остинҳо бо ҳошияи бараш 2,5 мм-и сурхи тира ҳошиядӯзӣ карда шудааст. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 доранд, баробари ҳошияи сурх ресмони зарҳалӣ кашидадӯзӣ карда мешавад, дар кунҷи гиребон ва нӯги остинҳо балути зарҳалӣ кашидадӯзӣ мешавад.
Шим аз матои хокистарии равшан буда, бемағзӣ ва рост бо ҳошияи сурхи тираи бараш 2,5 мм мебошад. Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии дараҷаи сеюм доранд, дар шим дар масофаи 0,5 см аз ҳошия рахи сурхи тира, ки бараш 2,2 см мебошад, дар чоки буриши шим дар тамоми қадаш дӯхта мешавад.
Барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм доранд, туфлии сиёҳ ё хокистарии хира бо пошнаи чармин аз пӯсти шевро ва барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии ҳуқуқшиноси дараҷаи 1, 2 ва 3 доранд, туфлии хром бо пошнаи резинӣ дода мешавад.
Пиҷаки занона аз тарафи чап баста мешавад ва ба ҷои шим юбка мебошад. Курта сафед буда, гиребонаш лабгардон аст. Галстук сиёҳ аст.
Агар сару либоси тобистона бошад, ба ҷои пиҷак курта бо кисаҳои рӯбасти клапакдор бо тугмаҳои майда ва остини кӯтоҳ аст ва дар кисаи болоии тарафи рост шеврони андозаи 7,5 х 9,0 см бо нишонаи дӯхташуда мебошад (барои ашхосе, ки рутбаи дараҷавии аз Мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то Мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм доранд, бо риштаи зарҳалӣ кашидадӯзӣ карда мешавад).
Палто (плащ) ранги хокистарии равшан буда, шаш тугмаи зарҳалии нишони давлатӣ дошта дорад, дар тасмаи миёнаш чор тугма дорад.
Пагонҳо дар пиҷак, палто, плащ ва куртаи болоӣ насб карда мешаванд. Дар кунҷи гиребон, ба ғайр аз куртаи болои нишонаҳо насб карда мешаванд. Кокарда бо нишонаи ранги зарҳалӣ дар баландии 40 мм дар маркази фуражка, ё дар қисмати пеши телпак насб карда мешавад.
Тугмаҳои зарҳалии калон бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қутраш 25 мм мебошад, барои пиҷак ва палто аст. Тугмаҳои хурд (барои курта, пагон ва нӯги остин) бо тоҷ ва ситораҳои Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қутраш 17 мм аст.
Пагонҳо бо тугмаҳои хурд, ки қутрашон 17 мм мебошад, насб карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 1999
№ 415 тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ ПӯШИДА ГАШТАНИ ЛИБОСИ РАСМӣ БАРОИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, КИ РУТБАҲОИ ДАРАҶАВӣ ВА МАЪЛУМОТИ ОЛИИ ҲУҚУҚӣ ДОРАНД
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи Низомнома "Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ доранд", тибқи қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1996 № 612, Низомнома "Дар бораи тартиби додани рутбаҳои дараҷавӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ ва унвони илмӣ барои кормандони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тибқи қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 1996 № 567 ва Низомнома "Дар бораи рутбаҳои дараҷавии кормандони мақомоти адлия ва нотариати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,, тибқи қарори Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 1996 № 573 тасдиқ шудаанд, таҳия гардидааст.
2. Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуӣи мебошанд, кормандони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистоя, ки дорои рутбаҳои дараҷавӣ ва маълумоти олии ҳуқуқӣ мебошанд, ҳуқуқи пӯшида гаштани либоси расмиро доранд.
3. Ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ пӯшида гаштани либоси расмӣ ҳатмӣ мебошад.
Пӯшида гаштани либоси расми барои кормандони зикршуда, ки дар хизмат нестанд, мувофиқи хоҳиши онҳо иҷозат дода мешавад.
4. Либоси расмӣ бояд мутобиқи мавсим тозаю озода бошад.
5. Пӯшида гаштани либоси омехта (расмию гражданӣ) иҷозат дода намешавад.