Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли1999 № 387
тасдиқ шудааст
Низомномаи Гурӯҳӣ татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Гурӯҳӣ татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна Вазорати маориф ва илм якҷоя бо Бонки Рушди Исломӣ (минбаъд Гурӯҳ номида мешавад) ташкилоти махсус ва сохтори башардӯстона буда, таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва идораи лоиҳаҳои кредити Бонки Рушди Исломиро, ки барои татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад, амалӣ месозад .
1.2. Гурӯҳ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналхалқии ба имзорасида, тавсияҳои Бонки Рушди Исломӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ мекунад.
1.3. Гурӯҳ шахси ҳуқуқии мустақил, ташкилоти соҳибихтиёр ва ғайритиҷоратӣ буда, соҳиби моликияти мустақил буда, мувофиқи қонунгузорӣ дар ташкилоти бонкӣ баланси алоҳида, ҳисобу китоб, муомилоти арзӣ ва ғайра дорад. Мӯҳр, штампҳо ва бланкҳои алоҳидаи худро бо номи идора дорад.
2. Ном, макон ва мӯҳлати фаъолият
2.1. Номи Гурӯҳ:
Бо забони тоҷикӣ пурра: Гурӯҳӣ татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илм; мухтасар: ГТЛ .
Бо забони русӣ пурра: Группа по реализации Проекта реконструкции и достройки средних школ по Министерству образования, мухтасар: ГРП.
Бо забони англисӣ пурра: Рrоjесt Implementation Unit; мухтасар: PIU.
2.2. Суроғаи Гурӯҳ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Чехов, 13-а.
2.3. Гурӯҳ дар давраи таҳия ва татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёнаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд .
3. Мақсад ва мазмуни фаъолият
3.1. Мақсадҳои асосии фаъолияти Гурӯх аз инҳо иборат мебошанд:
- таҳияи асноди зарурӣ ва ташкили шароит барои ибтидои фаъолияти Гурӯҳ;
- таъмини истифодаи самарабахши кредити Бонки Рушди Исломӣ, ки барои барқарорсозии мактабҳои миёна ҷудо карда шудааст.
3.2. Мазмуни асосии фаъолияти Гурӯҳ иборат аст аз:
- амалисозии ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кори экспертмушовирони байналхалқию дохилӣ оид ба омодагӣ ва амалӣ намудани Лоиҳа;
- ташкили кор бо вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, ташкилоти ғайриҳукуматӣ, ташкилоти пудратии манфиатдор оид ба татбиқи Лоиҳа;
- гузаронидани қабули интихоби ташкилоти пудратии манфиатдор, гузаронидани тендер, ба имзо расидани қарордодҳо ва ғайраро ташкил мекунанд;
- саривақт таъмин намудани маблағгузории Лоиҳа ва пардохти хизматҳои эксперт-мушовирони байналхалқию дохилӣ;
- ташкил кардани мониторинг ва назорати сифати кори иҷрошуда оид ба татбиқи қисматҳои Лоиҳа тавассути ташкилоти пудратӣ ва агентии иҷрокунанда;
- амалӣ намудани хариди амвол, корҳо ва хизматрасонӣ мувофиқи лоиҳа;
- ба мақсади иҷрои вазифаҳои ба зимма гузошта шуда ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва робитаҳои байналхалқӣ;
- дигар шаклҳои фаъолият, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд ва барои ҳалли масъалаҳои ба ӯҳдаи Гурӯҳ гузошташуда, кӯмак мекунанд.
4. Ҳуқуқҳои Гурӯҳ
4.1. Гурӯҳ ҳуқуқ дорад:
- молу мулки ба ӯ таалуқдоштаро истифода барад ва мувофиқи тартиботи дар қонун муайяншуда соҳибӣ кунад, истифода барад, идора ва пурра хоҷагидорӣ кунад;
- шартномаҳо (қарордодҳо) бандад, дигар амалиёти ҳуқуқӣ ба анҷом расонад, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволӣ пайдо кунад, соҳиби масъулият аст, дар суди иқтисодӣ ва судҳои дигар метавонад даъвогар ва ҷавобгар бошад;
- мустақилона фаъолияти ҳаррӯза ва ояндаро ба роҳ монад;
- дар идораҳои бонкии ҷумҳурӣ ҳисобномаҳои арзӣ ва дигар ҳисобномаҳо кушояд;
- маблағгузории лоиҳаро таъмин намояд, мониторингро ташкил кунад ва ба ҷараёни кор баҳо диҳад;
- дигар амалиёте, ки ба ҳадафҳои Гурӯҳ ва қонунхои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, ба ҷо оварад.
4.2. Гурӯҳ ӯҳдадор аст:
- барои коргарони худ шароити безарари меҳнат таъмин намояд ва мувофиқи тартиботи муқарраршуда барои зараре, ки ба қобилияти меҳнатии онҳо расонида мешавад, масъул аст;
- баҳисобгирии фаврӣ ва бухгалтерии фаъолияти молиявию хоҷагиро амалӣ мекунад, ҳуҷҷатҳои оморӣ ва бухгалтериро танзим мекунад;
- дар бораи фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Рушди Исломӣ ва дигар донорҳои манфиатдор маълумот диҳад.
5. Манбаи бавуҷуддории маблағ ва амвол
5.1. Гурӯҳ дар ихтиери худ биноҳо, таҷҳизот, асбобҳо ва дигар амвол дорад, ки барои таъмини фаъолияти Гурӯҳ заруранд ва ҳамин Низомнома пешбинӣ мекунад.
5.2. Маблағҳои Гурӯҳ аз ин ҳисоб таркиб меебанд:
- маблағхои пулӣ ва моддӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад;
- Қарзи Бонки Рушди Исломӣ, ки барои татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дода мешавад;
- Грантҳое, ки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналхалқӣ барои давом додани ислоҳот дар соҳаи маориф ва амалӣ намудани ҳамин Лоиҳа ҷудо карда мешаванд;
- Манбаҳои дигаре, ки бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.
5.3. Маблағҳои молиявии Гурӯҳ бояд мувофиқӣ талаботи шартномаҳои кредитӣ ва грантӣ, ки пешбинӣ менанмоянд, истифода бурда шаванд.
6. Идораи фаъолияти Гурӯҳ
6.1. Шахси мансабдори олӣ дар Гурӯҳ Директори иҷрокунанда мебошад, ки ӯ бо тавсияи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.
6.2. Ба гурӯҳи ваколатҳои истисноии Директори иҷрокунадаи Гурӯҳ дохил мешаванд:
- ташкили роҳбарии умумӣ ба тамоми фаъолияти Гурӯҳ:
- ифода кардани манфиатҳои Гурӯҳ дар ташкилоти давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва байналхалқӣ:
- бо мувофиқаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти талаботи Бонки Рушди Исломӣ тасдиқ кардани сохтор, шакл, тарз ва миқдори музди меҳнат, шумораи штатҳо ва сметаи хароҷоти Гурӯҳ ;
- бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ва аз номи Гурӯҳ бе ваколатнома ба ҷо овардани дигар амалиёт;
- дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм бо назардошти талаботи Бонки Рушди Исломӣ сохтори Гурӯҳро муайян созад, шакл, намуд ва музди кори кормандони дастгоҳи Гурӯҳро муқаррар кунад ;
- мувофиқи ҳуҷҷатҳои қонунгузории ҷумҳурӣ идора кардани молу пули Гурӯҳ ва мутобиқи асноди қонунгузории ҷумҳурӣ додани ваколатнома, имзо кардани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва хоҷагӣ;
- ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисоботи Гурӯҳ ва минбаъд пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ ;
- дар доираи салоҳияти худ содир намудани фармонҳо ва дастурҳое, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони Гурӯҳ ҳатмианд;
- кушодани суратҳисобҳо ва дигар ҳисобномаҳо дар муассисаҳои бонкӣ;
- интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои Гурӯҳ ва ба имзо расонидани қарордодҳои меҳнатӣ ва созишномаҳо:
- таъин ва озод намудани кормандони дастгоҳи Гурӯҳ бо тартиби муқарраргашта.
- иҷро кардани дигар корҳо мувофиқи ҳамин Низомнома.
6.3. Директори иҷрокунандаи Гурӯҳ фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомнома амалӣ мегардонад. ӯ аз рӯи фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ ҳисобот медиҳад.
6.4. Директори иҷрокунандаи Гурӯҳ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Гурӯҳ гузошташуда шахсан ҷавобгар аст, дараҷаи масъулияти кормандони Гурӯҳро муайян мекунад.
7. Баҳисобгирӣ ва ҳисобот
7.1. Баҳисобгирии бухгалерӣ ва ҳисоботи Гурӯҳ дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ашхоси ҳуқуқӣ, инчунин мувофиқи стандартҳои байналхалқӣ ва талаботи Бонки Рушди Исломӣ гузаронида мешавад.
7.2. Натиҷаҳои фаъолияти Гурӯҳ дар ҳисоботи семоҳа ва солона, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ пешниҳод мешаванд, инъикос мегарданд.
7.3. Аудити молиявӣ ва техникии Гурӯҳ аз ҷониби аудиторҳои соҳибихтиёр, ки дар натиҷаи тартиботи муқаррарнамудаи Бонки Рушди Исломӣ хоста гирифта мешаванд, гузаронида мешавад.
7.4. Соли молиявӣ 1 январ сар мешавад ва 31 декабр анҷом меёбад.
8. Тартиби ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Низомномаи Гурӯҳ
8.1. Тағйирот ва иловаҳо ба Низомномаи Гурӯҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
9. Қатъшавии фаъолияти Гурӯҳ
9.1. Таҷдиди сохтори (муттаҳид гардонидан, ҳамроҳ кардан, тақсим шудан, аз нав таъсис намудан, ҷудо кардан) ва барҳамдиҳии Гурӯҳ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ карда мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 сентябри соли1999 № 387
тасдиқ шудааст
Низомномаи Гурӯҳӣ татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Гурӯҳӣ татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна Вазорати маориф якҷоя бо Бонки Рушди Исломӣ (минбаъд Гурӯҳ номида мешавад) ташкилоти махсус ва сохтори башардӯстона буда, таҳия, ҳамоҳангсозӣ ва идораи лоиҳаҳои кредити Бонки Рушди Исломиро, ки барои татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад, амалӣ месозад.
1.2. Гурӯҳ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналхалқии ба имзорасида, тавсияҳои Бонки Рушди Исломӣ ва Низомномаи мазкур амалӣ мекунад.
1.3. Гурӯҳ шахси ҳуқуқии мустақил, ташкилоти соҳибихтиёр ва ғайритиҷоратӣ буда, соҳиби моликияти мустақил буда, мувофиқи қонунгузорӣ дар ташкилоти бонкӣ баланси алоҳида, ҳисобу китоб, муомилоти арзӣ ва ғайра дорад. Мӯҳр, штампҳо ва бланкҳои алоҳидаи худро бо номи идора дорад.
2. Ном, макон ва мӯҳлати фаъолият
2.1. Номи Гурӯҳ:
Бо забони тоҷикӣ пурра: Гурӯҳӣ татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёнаи Вазорати маориф; мухтасар: ГТЛ.
Бо забони русӣ пурра: Группа по реализации Проекта реконструкции и достройки средних школ по Министерству образования, мухтасар: ГРП.
Бо забони англисӣ пурра: Рrоjесt Implementation Unit; мухтасар: PIU.
2.2. Суроғаи Гурӯҳ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Чехов, 13-а.
2.3. Гурӯҳ дар давраи таҳия ва татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
3. Мақсад ва мазмуни фаъолият
3.1. Мақсадҳои асосии фаъолияти Гурӯх аз инҳо иборат мебошанд:
- таҳияи асноди зарурӣ ва ташкили шароит барои ибтидои фаъолияти Гурӯҳ;
- таъмини истифодаи самарабахши кредити Бонки Рушди Исломӣ, ки барои барқарорсозии мактабҳои миёна ҷудо карда шудааст.
3.2. Мазмуни асосии фаъолияти Гурӯҳ иборат аст аз:
- амалисозии ҳамоҳангсозӣ ва таъмини шароити кори экспертмушовирони байналхалқию дохилӣ оид ба омодагӣ ва амалӣ намудани Лоиҳа;
- ташкили кор бо вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, ташкилоти ғайриҳукуматӣ, ташкилоти пудратии манфиатдор оид ба татбиқи Лоиҳа;
- гузаронидани қабули интихоби ташкилоти пудратии манфиатдор, гузаронидани тендер, ба имзо расидани қарордодҳо ва ғайраро ташкил мекунанд;
- саривақт таъмин намудани маблағгузории Лоиҳа ва пардохти хизматҳои эксперт-мушовирони байналхалқию дохилӣ;
- ташкил кардани мониторинг ва назорати сифати кори иҷрошуда оид ба татбиқи қисматҳои Лоиҳа тавассути ташкилоти пудратӣ ва агентии иҷрокунанда;
- амалӣ намудани хариди амвол, корҳо ва хизматрасонӣ мувофиқи лоиҳа;
- ба мақсади иҷрои вазифаҳои ба зимма гузошта шуда ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва робитаҳои байналхалқӣ;
- дигар шаклҳои фаъолият, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд ва барои ҳалли масъалаҳои ба ӯҳдаи Гурӯҳ гузошташуда, кӯмак мекунанд.
4. Ҳуқуқҳои Гурӯҳ
4.1. Гурӯҳ ҳуқуқ дорад:
- молу мулки ба ӯ таалуқдоштаро истифода барад ва мувофиқи тартиботи дар қонун муайяншуда соҳибӣ кунад, истифода барад, идора ва пурра хоҷагидорӣ кунад;
- шартномаҳо (қарордодҳо) бандад, дигар амалиёти ҳуқуқӣ ба анҷом расонад, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволӣ пайдо кунад, соҳиби масъулият аст, дар суди иқтисодӣ ва судҳои дигар метавонад даъвогар ва ҷавобгар бошад;
- мустақилона фаъолияти ҳаррӯза ва ояндаро ба роҳ монад;
- дар идораҳои бонкии ҷумҳурӣ ҳисобномаҳои арзӣ ва дигар ҳисобномаҳо кушояд;
- маблағгузории лоиҳаро таъмин намояд, мониторингро ташкил кунад ва ба ҷараёни кор баҳо диҳад;
- дигар амалиёте, ки ба ҳадафҳои Гурӯҳ ва қонунхои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, ба ҷо оварад.
4.2. Гурӯҳ ӯҳдадор аст:
- барои коргарони худ шароити безарари меҳнат таъмин намояд ва мувофиқи тартиботи муқарраршуда барои зараре, ки ба қобилияти меҳнатии онҳо расонида мешавад, масъул аст;
- баҳисобгирии фаврӣ ва бухгалтерии фаъолияти молиявию хоҷагиро амалӣ мекунад, ҳуҷҷатҳои оморӣ ва бухгалтериро танзим мекунад;
- дар бораи фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Рушди Исломӣ ва дигар донорҳои манфиатдор маълумот диҳад.
5. Манбаи бавуҷуддории маблағ ва амвол
5.1. Гурӯҳ дар ихтиери худ биноҳо, таҷҳизот, асбобҳо ва дигар амвол дорад, ки барои таъмини фаъолияти Гурӯҳ заруранд ва ҳамин Низомнома пешбинӣ мекунад.
5.2. Маблағҳои Гурӯҳ аз ин ҳисоб таркиб меебанд:
- маблағхои пулӣ ва моддӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад;
- Қарзи Бонки Рушди Исломӣ, ки барои татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дода мешавад;
- Грантҳое, ки аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ ва ташкилоти байналхалқӣ барои давом додани ислоҳот дар соҳаи маориф ва амалӣ намудани ҳамин Лоиҳа ҷудо карда мешаванд;
- Манбаҳои дигаре, ки бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда нашудаанд.
5.3. Маблағҳои молиявии Гурӯҳ бояд мувофиқӣ талаботи шартномаҳои кредитӣ ва грантӣ, ки пешбинӣ менанмоянд, истифода бурда шаванд.
6. Идораи фаъолияти Гурӯҳ
6.1. Шахси мансабдори олӣ дар Гурӯҳ Директори иҷрокунанда мебошад, ки ӯ бо тавсияи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва озод карда мешавад.
6.2. Ба гурӯҳи ваколатҳои истисноии Директори иҷрокунадаи Гурӯҳ дохил мешаванд:
- ташкили роҳбарии умумӣ ба тамоми фаъолияти Гурӯҳ:
- ифода кардани манфиатҳои Гурӯҳ дар ташкилоти давлатӣ, ғайриҳукуматӣ ва байналхалқӣ:
- бо мувофиқаи Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти талаботи Бонки Рушди Исломӣ тасдиқ кардани сохтор, шакл, тарз ва миқдори музди меҳнат, шумораи штатҳо ва сметаи хароҷоти Гурӯҳ;
- бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ва аз номи Гурӯҳ бе ваколатнома ба ҷо овардани дигар амалиёт;
- дар мувофиқа бо Вазорати маориф бо назардошти талаботи Бонки Рушди Исломӣ сохтори Гурӯҳро муайян созад, шакл, намуд ва музди кори кормандони дастгоҳи Гурӯҳро муқаррар кунад;
- мувофиқи ҳуҷҷатҳои қонунгузории ҷумҳурӣ идора кардани молу пули Гурӯҳ ва мутобиқи асноди қонунгузории ҷумҳурӣ додани ваколатнома, имзо кардани ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва хоҷагӣ;
- ба Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани ҳисоботи Гурӯҳ ва минбаъд пешниҳод намудани он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ;