ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши кредити Бонки Рушди Исломӣ, ки барои таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна пешниҳод шудааст ва татбиқи Созишномаи кредитӣ ва Шартномаи оид ба ёрии техникии (Грант) байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ , Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъсис дода шуда, Низомномаи замимагардидаи Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна тасдиқ карда шавад.
2. Натиҷаи гуфтушунидҳо байни ҳайати вакилони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломи, ки дар Меморандуми аз 29 маи соли 1999 зикр шудаанд ва пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба вазифаи Директори иҷрокунандаи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна таъин кардани Алиев А. М. маъқул дониста шаванд .
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи Лоиҳа барои ҷобаҷокунии Гурӯҳи мазкур бинои заруриро ҷудо намояд .
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Лоиҳа дар соли 1999 дар ҳаҷми 50000 доллари ШМА аз ҳисоби ҳаҷми умумии маблағгузории асосӣ, ки барои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, таъмин намояд .
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи дахлдорро дар лоиҳаи буҷети давлатии солҳои 2000 ва минбаъда барои ворид намудани ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Лоиҳаи зикргашта пешбинӣ намоянд .
6. Муқаррар карда шавад, ки мувофиқи Оинномаи Бонки Рушди Исломӣ, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 1996 ба тасвиб расонидааст:
- маблағҳои ба Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна барои иҷрои вазифаҳои он ворид шудаанд, ба истиснои ситонидани андоз аз даромад аз маоши моҳонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Гурӯҳи мазкур кор мекунанд, андозбандӣ намешаванд;
- маблағҳои барои пардохти музди меҳнати кормандони Гурӯҳ равоншаванда аз пулҷудокунӣ ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд. Масъалаи таъсиси ҳисобномаҳои пасандозиро барои суғуртаи иҷтимои худи кормандони Гурӯҳ бо тариқи инфиродӣ ҳаллу фасл мекунанд;
- таҷҳизот ва молҳое, ки барои татбиқи вазифаҳои Гурӯҳ ворид мегарданд ва аз ҳисоби кредити Бонки Рушди Исломӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 4 сентябри соли 1999 № 387
ш. Душанбе