Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Номгӯи ҳолатҳои пурра озод кардани мол ва воситаҳои нақлиёти муваққатан воридшаванда (содиршаванда) аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с. № 47)
Мувофиқи модаи 72 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади татбиқи низоми гумрукии воридоти (содироти) муваққатии мол ва воситаҳои нақлиёт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯи замимагардидаи ҳолатҳои пурра озод кардани мол ва воситаҳои нақлиёти муваққатан воридшаванда (содиршаванда) аз пардохти боҷи гумрукӣ, андоз ба арзиши иловашуда ва аксизҳо тасдиқ карда шавад.
2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон категорияи молҳоеро, ки ворид (содир) намудани онҳо муваққатан мумкин нест, муайян намояд
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 5 августи соли 1999 № 355
ш. Душанбе