Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, № 466 "Дар бораи Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2012, № 227 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаи 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади танзими сохтори муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон" номгузорӣ карда шавад.

2. Ба Номгӯи муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 309 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 49 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"49. Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон".

3. Аз Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои сеҷониба бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2006 № 309 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, банди 13 хориҷ карда шавад.

4. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи таълимии давлатии "Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон"- ро ҳал намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 3 октябри соли 2006 № 466

ш. Душанбе