Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 октябри соли 2006 № 451
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015
Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 бо мақсади рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт, иҷрои барномаи озуқаворӣ, паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, зиёд намудани саршумор ва маҳсулнокии парранда пешбинӣ шудааст. Барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо ғизои сафедадор (тухм ва гӯшти парҳезӣ), паррандапарварӣ ҳамчун соҳаи зуд инкишофёбанда дар рушди иқтисодиёти кишвар метавонад мавқеи муҳимро ишғол намояд.
Дар давоми солҳои 1965-1985 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 адад фабрикаҳои паррандапарварӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд 7 адад, вилояти Хатлон 7 адад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6 адад ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 адад сохта шуда, ба истифода дода шуданд. Корхонаҳои мазкур бо воситаҳои технологии пешрафтаи он замона муҷаҳҳаз гардонида шуда буданд, ки ба талаботи парвариш ва нигоҳубини парранда мутобиқат мекарданд.
Дар корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ зиёда аз 10 млн. сар паррандаҳои навъи гуногун парвариш карда мешуданд, ки аз онҳо дар як сол ба миқдори 550 - 570 млн. дона тухм ва 17-20 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол карда мешуд.
Азбаски сарчашмаи рушди соҳаи паррандапарварӣ аз базаи мустаҳками хӯрока вобаста мебошад, таъминоти хӯрока мутамарказонида буда, барои таъминоти пурраи паррандаҳо дар давоми як сол 67.0-700 ҳазор тонна хӯроки омехтаи серғизо барои ҳар як намуди паррандаҳо (мурғ, мурғобӣ, мурғи марҷон ва ғайра) истеҳсол ва хоҷагиҳо бо он таъмин карда мешуданд.
Барои такрористеҳсолкунии ғалаи паррандагон ба ҷумҳурӣ ҳар сол ба миқдори 5 - 6 млн. дона тухми хушзот ворид карда мешуд, ки баъд аз барориши чӯҷаи якрӯза дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисон барои мутобиқ намудани паррандаҳо ба иқлими (муҳити) ҷумҳурӣ корҳои зотпарварӣ ва селексионӣ бурда мешуд.
Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар соҳаи паррандапарварӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда ва ҳар сол ба ин ҷумҳуриҳо барои такрористеҳсолкунӣ то 10 млн. дона тухмҳои хушзоти мурғ ва мурғобӣ содирот менамуд.
I. Ҳолати имрӯзаи соҳаи паррандапарварӣ
Дар натиҷаи дигаргун шудани шакли хоҷагидорӣ дар истеҳсолот ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамкориҳо қатъ гардиданд, ки ба кам шудани масоҳати заминҳои корами хоҷагиҳо, истеҳсол нагардидани хӯрокаҳои серғизо ва ворид нашудани тухмҳои хушзот оварда расонид, ки ба пешравии соҳа таъсири манфӣ расонид.
Дар натиҷа то 1 январи соли 2006 аз 21 адад ташкилотҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ 18 адад боқӣ монда, 3 адад ба дигар намуди фаъолият гузаштанд. Алҳол 8 адад ташкилоти паррандапарварӣ бо иқтидори нопурраи истеҳсоли фаъолият намуда, 10 адад умуман аз фаъолият бозмондаанд, ки дар онҳо воситаҳои асосии истеҳсоли барои парвариши 1 млн. сар мурғони зоти тухмӣ ва 3,6 млн. сар зоти гӯшти боқӣ мондааст, ҳол он ки соли 1990 мутаносибан иқтидор барои парвариши 7 ва 5 млн. сар мавҷуд буд. Кам шудани воситаҳои асосии истеҳсоли бинобар ба итмом расидани мӯҳлати истифодабарӣ ва корношоям гардидани онҳо ба амал омадааст.
Яке аз омилҳои асосии пастравии соҳа мавҷуд набудани шароит барои истеҳсоли хӯрокаҳои серғизои омехта мебошад. Ҷиҳати серғизо гардонидани хӯрокаҳои омехта таркиби сафедадор, ба монанди орди моҳи, устухон, хун ва гӯшт, примексҳо, витаминҳо, аминокислотаҳо, ферментҳо, макро ва микроэлементҳо зарур аст. Онҳо бо миқдори кам ба таркиби хӯрокаҳои омехта ворид карда шаванд ҳам, барои ҳифзи саломатӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии паррандаҳо аҳамияти махсус доранд.
Дар ҷумҳурӣ аз сабаби вуҷуд надоштани корхонаҳои истеҳсолкунанда ин гуна мавод истеҳсол карда намешаванд. Бинобар ин ташкилотҳоро лозим меояд, ки ин маводро алоҳида ё ҳамчун иловаҳои сафедадор, витаминҳо ва ғайра аз хориҷӣ кишвар ворид намоянд, ки барои онҳо маблағҳои зиёде заруранд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 1997 № 139 "Дар бораи ба таври иловагӣ ба муассисаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ ҷудо намудани заминҳои обӣ ҷиҳати худтаъминкунӣ бо хӯрока" ба корхонаҳои паррандапарварӣ ҷудо намудани 5100 га заминҳои обӣ пешбинӣ шудааст, дар асл бошад ҳамагӣ 2510 га, аз ҷумла 1727 га замини обӣ ва 783 га замини лалмӣ ҷудо карда шудааст, ки 50 фоизро ташкил медиҳад.
Мувофиқи меъёри муқарраргардида аз ҳосили ғалладонагиҳои 1 га заминҳои обӣ - 80 сар, аз 1 га заминҳои лалмӣ 40 сар мурғҳои синну солашон гуногун бояд бо хӯрока таъмин карда шаванд.
Паррандапарварӣ соҳаи саноатӣ буда, 90 фоизи фаъолияташ аз интиқоли мунтазами қувваи барқ вобастагӣ дорад. Ташкилотҳои паррандапарварӣ ба таъмини аввалиндараҷаи барқ (бо хатҳои софи барқ бояд таъмин карда шаванд) тааллуқ дошта бошанд ҳам, дар мавсими замистон бо қувваи барқ тибқи меъёр нопурра таъмин мегарданд, ки боиси пастшавии маҳсулнокии соҳа мегардад. Дар натиҷаи риоя накардани меъёр, технологияи парвариш, нигоҳубин ва такрористеҳсолкунӣ (инкубатсия) ин ҳама ба кам шудани маҳсулнокӣ ва талафоти парранда оварда мерасонад.
Дар аксари давлатҳои ҷаҳон соҳаи паррандапарварӣ дар дотатсияи давлат қарор дошта, онҳо аз супоридани баъзе андозҳо озоданд.
II. Зарурати қабули Барнома
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои рушди соҳаи паррандапарварӣ ҳаллӣ масъалаҳои зерин зарур аст:
-муайян намудани роҳу усулҳои соҳа ҳангоми гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ;
-ташкил намудани базаи хӯрока ва истифодаи оқилонаи он аз нигоҳи дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам бо роҳи ҷудо намудани маблағ ва қарзҳои имтиёзнок, бо мақсади ташкил намудани корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехта барои паррандагон дар минтақаҳои шимол ва ҷануби кишвар;
-таъсис додани заводи зотпарварии паррандагони сертухм, муайян намудани зоту кроссҳои мурғҳо ва ташкил намудани корҳои селексионӣ-зотпарварӣ;
-барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли гӯшти бройлерҳо дар шаҳри Ваҳдат, мурғи марҷон дар ноҳияи Файзобод ва парвариши дигар намудҳои паррандаҳои кишоварзӣ (бедона, мурғобӣ ва ғайра) дар хоҷагиҳои паррандапарварӣ;
-таъсис додани корхонаҳои муштарак, барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои паррандапарварӣ бо истифодаи қарзҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ;
-таъмини ҳифзи байтории саршумори паррандаҳо;
-таъмини мунтазами ташкилотҳои паррандапарварӣ бо қувваи барқ;
-ба роҳ мондани истеҳсоли маводи дизенфексионӣ дар базаи корхонаи кимёвии ноҳияи Ёвон.
-бо дастгоҳҳои нави ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонидани ташкилотҳои паррандапарварӣ (Замимаи 1);
-ба роҳ мондани истеҳсоли воситаҳои технологӣ барои парвариши парранда дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ;
-ҷиҳати зиёд намудани саршумори парранда ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) паррандапарварӣ;
-ҳавасманд гардонидани аҳолии ҷумҳурӣ ба ташкили хоҷагиҳои хусусии паррандапарварӣ;
-ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сирояткунанда пурзӯр намудани назорати байторӣ оид ба воридоти маҳсулоти парранда аз хориҷи кишвар.
III. Мақсади Барнома
Соҳаи паррандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии он аз таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаи серғизои сафедадор иборат аст.
Мақсади таҳияи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015 аз барқароркунии иқтидорҳои истеҳсолии хоҷагиҳои паррандапарварӣ, зиёд намудани саршумори ҳамаи намуди паррандаҳо, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти он иборат мебошад.
Татбиқи Барномаи мазкур барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҳифзи аҳолӣ аз паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати парранда аз хориҷи кишвар мусоидат менамояд.
Ҷиҳати амали намудани Барномаи мазкур Нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки бояд дар амал татбиқ карда шавад (Замимаи 2).
IV. Маблағгузории Барнома
Маблағгузории Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар солҳои 2007-2015 аз ҳисоби маблағҳои қарзҳои бонкӣ, ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва маблағҳои худи хоҷагиҳои паррандапарварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Барои амали намудани Барномаи мазкур 40 млн. доллари ШМА зарур аст, ки аз он 23,5 млн. доллари ШМА барои хариди таҷҳизоти технологӣ ва ёрирасон, 5,5 млн. доллари ШМА барои барқарор ва таъмири асосии иншооти паррандапарварӣ ва ёрирасон, 2,3 млн. доллари ШМА барои хариди тухмҳои хушзот, чӯҷаҳои зоти ҷиҳати такрористеҳсолкунӣ ва гузаронидани корҳои зотпарварию селексионӣ, 8,7 млн. доллари ШМА барои хариди хӯрокаи серғизои омехта, доруворӣ ва ваксинаҳо пешбинӣ шудаанд (Замимаи 3).
Замимаҳо оварда намешаванд