Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, № 451 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи паррандапарварӣ, афзун гардонидани саршумор ва маҳсулнокии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи замимагардидаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 бо мақсади ҷалби маблағҳои сармоягузорони хориҷӣ, ватанӣ ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ҷиҳати таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои инвеститсионӣ чораҳои мушаххас андешанд.

3. Вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал аз ҷараёни иҷрои корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

аз 3 октябри соли 2006 № 451

ш. Душанбе