Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2006, № 449 "Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.02.2009с. № 73 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020

Дар асоси моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ҳамасола ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, маблағҳои дохилӣ ва имкониятҳои буҷети давлатӣ барои татбиқ намудани Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

3. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои нишондиҳандаҳои Барномаи мазкур тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

4. Назорати таъмини иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-сарпарасти соҳаи энергетика гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 3 октябри соли 2006 № 449

ш. Душанбе