Қоидаҳои амалӣ кардани кадастри давлатии замин аз 3 октябри соли 2006, № 447

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 октябри соли 2006 № 447

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 октябри соли 2006 № 447

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои амалӣ кардани кадастри давлатии замин

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Кадастри давлатии замин дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳои замин" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ба истифодаи қитъаҳои замин, баҳисобгирии миқдор, сифат ва арзёбии иқтисодии замин амалӣ карда мешавад.

2. Кадастри давлатии замин аз маҷмӯи маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳо дар бораи меъёрҳои табиӣ, хоҷагидорӣ ва ҳуқуқии замин, гурӯҳҳои замин, арзиши иқтисодӣ ва тавсифи сифати заминҳо, мавқеи ҷойгиршавӣ ва андозаи қитъаҳои замин, тақсимоти заминҳо байни заминистифодабарандагон иборат мебошад.

3. Объекти кадастри давлатии замин, фонди ягонаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. Мавзӯи кадастри давлатии замин, маълумот оид ба ташкили истифодаи дурусту оқилона ва ҳифзи замин, омӯзиши ҳаматарафа ва арзёбии хусусиятҳои табиӣ, мавқеи ҳуқуқӣ ва истифодабарии замин, ба низом овардани муносибатҳои вобаста ба замин мебошад.

5. Вазифаи асосии кадастри давлатии замин ин доимо такмил додани технологияи коркард, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, азнавкунӣ ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти боэътимоду аниқи кадастри замин мебошад.

6. Амалӣ кардани кадастри давлатии замин ба воситаи гузаронидани корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯии аэроаксбардорӣ, аксбардории кайҳонӣ, топографию геодезӣ, харитасозӣ, хокшиносӣ, агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва дигар таҳқиқотҳо, гузаронидани корҳои баҳисобгирии миқдор, сифат, баҳо ва арзёбии иқтисодии заминҳо, бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.

7. Кадастри давлатии замин барои таъмини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумотҳои зарурӣ оид ба замин бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин, ташкили истифодаи самараноки замин, барқароркунӣ ва ҳифзи замин, заминсозӣ, асоснок гардонидани маблағи пардохти замин, баҳои фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар карда шудааст.

8. Маълумот оид ба кадастри давлатии замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор бевосита ё дар асоси дархости онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ба корбарии онҳо муносибат дорад, дар асоси дархосташон пешниҳод карда мешаванд.

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 октябри соли 2006 № 447

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои амалӣ кардани кадастри давлатии замин

I. Қоидаҳои умумӣ

1. Кадастри давлатии замин дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи заминсозӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баҳои замин" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқ ба истифодаи қитъаҳои замин, баҳисобгирии миқдор, сифат ва арзёбии иқтисодии замин амалӣ карда мешавад.

2. Кадастри давлатии замин аз маҷмӯи маълумотҳо ва ҳуҷҷатҳо дар бораи меъёрҳои табиӣ, хоҷагидорӣ ва ҳуқуқии замин, гурӯҳҳои замин, арзиши иқтисодӣ ва тавсифи сифати заминҳо, мавқеи ҷойгиршавӣ ва андозаи қитъаҳои замин, тақсимоти заминҳо байни заминистифодабарандагон иборат мебошад.

3. Объекти кадастри давлатии замин, фонди ягонаи замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

4. Мавзӯи кадастри давлатии замин, маълумот оид ба ташкили истифодаи дурусту оқилона ва ҳифзи замин, омӯзиши ҳаматарафа ва арзёбии хусусиятҳои табиӣ, мавқеи ҳуқуқӣ ва истифодабарии замин, ба низом овардани муносибатҳои вобаста ба замин мебошад.

5. Вазифаи асосии кадастри давлатии замин ин доимо такмил додани технологияи коркард, мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ, азнавкунӣ ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти боэътимоду аниқи кадастри замин мебошад.

6. Амалӣ кардани кадастри давлатии замин ба воситаи гузаронидани корҳои таҳқиқотию ҷустуҷӯии аэроаксбардорӣ, аксбардории кайҳонӣ, топографию геодезӣ, харитасозӣ, хокшиносӣ, агрокимиёвӣ, геоботаникӣ ва дигар таҳқиқотҳо, гузаронидани корҳои баҳисобгирии миқдор, сифат, баҳо ва арзёбии иқтисодии заминҳо, бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодаи замини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад.

7. Кадастри давлатии замин барои таъмини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дахлдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумотҳои зарурӣ оид ба замин бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин, ташкили истифодаи самараноки замин, барқароркунӣ ва ҳифзи замин, заминсозӣ, асоснок гардонидани маблағи пардохти замин, баҳои фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар карда шудааст.

8. Маълумот оид ба кадастри давлатии замин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти дахлдор бевосита ё дар асоси дархости онҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бевосита ба корбарии онҳо муносибат дорад, дар асоси дархосташон пешниҳод карда мешаванд.

9. Кадастри давлатии замин аз қисмҳои таркибии зерин иборат мебошад:

- бақайдгирии давлатии ҳуқуқи заминистифодабарандагон;

- баҳисобгирии давлатии миқдор ва сифати заминҳо;

- баҳои сифатии хок (бонитировкаи хок);

- арзёбии иқтисодии заминҳо ва инчунин мураттабсозӣ, нигоҳдорӣ ва азнавкунии маълумотҳо оид ба кадастри замин.

10. Равандҳои асосии амалӣ кардани кадастри давлатии замин:

- ҷалби пурраи тамоми қаламрави ҷумҳурӣ;

- истифодаи маҷмӯи ягонаи координатҳои уфуқӣ;

- услуби ягона ва пайдарҳамии коркарди маълумотҳои кадастри замин;

- боэътимоднокӣ ва камхарҷии маълумотҳо оид ба кадастри замин.

11. Маълумотҳо оид ба кадастри давлатии замин ба маълумотҳои асосӣ (аввалиндараҷа) ва ҷори тақсим мешаванд. Маълумотҳои асосӣ маълумотҳое мебошанд, ки дар асоси бақайдгирии аввалин ва тартиб додани маълумотҳои аввалини кадастри замин дастрас гардидаанд. Маълумотҳои ҷорӣ бошад маълумотҳое мебошанд, ки ҳангоми азнавбақайдгирӣ ё ворид намудани тағйиротҳои бавуҷудомада ба маълумотҳои асосии кадастри замин дохил мегарданд.

12. Кадастри давлатии, замин асоси фазои ҳуқуқӣ барои тартиб додан ва бурдани маҷмӯи, ягонаи кадастри давлатӣ, дигар маҷмӯъҳои кадастрҳо ба ҳисоб меравад.

13. Маълумотҳо оид ба кадастри давлатии замин барои ба танзим даровардани муносибатҳои вобаста ба замин, ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ, ки ба истифодабарии замин вобастагӣ доранд, истифода бурда мешаванд.

14. Гузаронидани корҳои кадастри давлатии замин дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки ба ин мақсад пешбинӣ карда шудааст ва ҳамчунин, аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетӣ, ки маблағгузории онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

II. Мазмуни кадастри давлатии замин

15. Кадастри давлатии замин аз маълумотҳои боэтимод ва ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳолати ҳуқуқӣ, миқдор, сифат, баҳо ва арзёбии иқтисодии замин иборат мебошад.

16. Маълумот оид ба мавқеи ҳуқуқии истифодаи қитъаҳои замин дар китоби кадастри давлатии замин дарҷ гардида, он маълумотҳо дар бораи иншоотҳо на истифодабарии замин, таъиноти мақсадноки қитъаҳои замин ва меъёри истифодабарии заминҳоро дар бар мегирад. Ворид намудани тағйирот ба китоби кадастри давлатии замин, дар асоси қарори мақомоти дахлдор оид ба додан ва ё гирифтани қитъаи замин барои истифодабарӣ, баъди муайян намудани сарҳади қитъаҳо дар маҳал, барасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин мешавад.

17. Баҳисобгирии миқдор ва сифати заминҳо аз рӯи ҳолати аслӣ ва истифодабарии онҳо ҳангоми иҷрои корҳо гузаронида мешавад. Ҳамаи тағйирот дар он ҳолат гузаронида мешаванд, ки онҳо дар маҳал вуҷуд дошта бошанд ва аз ҷиҳати ҳуқуқӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин асоснок бошанд.

18. Корҳои баҳисобгирии миқдор ва сифати заминҳо дар тамоми гурӯҳҳои заминҳо, дар марзи маъмурии шаҳру ноҳияҳо барои таъмин намудани маълумотҳои боэътимод ва муайян оид ба ҳолати миқдорӣ ва сифатии заминҳо гузаронида мешаванд. Ин корҳо мунтазам дар минтақаҳои обӣ пас аз 5 сол ва дар минтақаҳои лалмӣ пас аз 10 сол гузаронида мешаванд.

19. Баҳисобгирии замин дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот, шаҳракҳо ва шаҳрҳо дар маҷмӯъ гузаронида мешавад.

20. Ҳамаи намудҳои гурӯҳҳои замин новобаста аз таъиноти мақсаднокашон ва доираи ҳуқуқии истифодабариашон ба ҳисоб гирифта мешаванд.

21. Баҳисобгирии заминҳои маҳалҳои аҳолинишини деҳот, шаҳрак ва шаҳрҳо яке аз қисмҳои асосии кадастри замин ба шумор меравад ва он мувофиқи дастури баҳисобгирии заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузаронида мешавад.

22. Ҳангоми баҳисобгирии замин дараҷаи қимматнокии ҳосилхезии заминҳо муайян карда мешавад. Заминҳое, ки самаранок истифода бурда намешаванд, заминҳои вайроншуда, заминҳои ҳосилхезиашон ниҳоят паст, киштзорҳои кишоварзии таназзулёфта, инчунин заминҳои бо моддаҳои хавфнок олудашуда ва зери тасарруфи заҳролудшавии биогенӣ қарор дошта дар алоҳидагӣ нишон дода мешаванд.

23. Баҳисобгирии сифатии заминҳо ноҳиябандии кадастри замин, таснифкунонии заминҳо, тавсифоти заминҳо аз рӯи таркиби экологӣ, технолгӣ, шаҳрсозӣ ва гурӯҳбандии хокҳоро дар бар мегирад. Бо ин мақсад корҳои тадқиқоти калонҳаҷми хок ва муайянкунии шӯрнокии заминҳо гузаронида мешаванд.

24. Маълумотҳои зарурӣ оид ба андоза, мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳолатии сифатии заминҳо ҳангоми баҳисобгирии асосӣ (аввалиндараҷа) ҷамъ карда мешаванд.

25. Бо мақсади муайянкунонӣ ва навкунии маълумотҳои баҳисобгирии асосӣ (аввалиндараҷа) баҳисобгирии ҷорӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани баҳисобгирии ҷорӣ ҳамаи тағйироте, ки дар таркиби заминҳо, ҳолати сифатӣ ва ҳуқуқи истифодабарии онҳо ба вуҷуд омадаанд маълум карда шуда, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Истифодабарандагони замин вазифадоранд, ки дар мӯҳлати як моҳ оид ба тағйироти бавуҷудомада ба мақомоти заминсозӣ, ки бурдани кадастри давлатии замин ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, маълумот пешниҳод намоянд. Мақомоти заминсозӣ баъди санҷиши дурустии тағйирот дар маҳал онҳоро ба ҳуҷҷатҳои кадастри замин ворид менамояд.

26. Баҳисобгирии миқдор ва сифати заминҳо аз рӯи дастур, услуб ва санадҳои меъёрие, ки аз тарафи мақомоти давлатии заминсозии ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқ мегарданд, гузаронида мешавад.

27. Арзёбии иқтисодии заминҳо бо мақсади асоснок гардонидани истифодобарии самараноки заминҳо, муқаррар ва тафриқа намуда андозаи меъёрҳои воқеии андози замин гузаронида мешавад.

28. Заминҳои таъиноти кишоварзӣ бо назардошти қудрати истеҳсолӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ ва дигар хусусиятҳояшон арзёбӣ (баҳодиҳӣ) карда мешаванд.

29. Заминҳои фонди давлатии ҷангал аз рӯи ҳосилнокӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ, аҳамияти ҳифзи табиат ва рекреатсионӣ доштанашон арзёбӣ карда мешаванд.

30. Заминҳои маҳалҳои аҳолинишин ва дигар гурӯҳҳои замин бо назардошти мавқеи ҷойгиршавиашон, истифодабарии функсионалӣ дараҷаи иҷтимоӣ, таъминоти коммуникатсия, нақлиёт, иншоотҳои муҳандисӣ ва вазъияти экологӣ арзёбӣ карда мешаванд.

31. Тартиби гузаронидани корҳои арзёбии иқтисодии заминҳоро мақомоти давлатии заминсозии ҷумҳурӣ муайян менамояд.

32. Маводҳои харитавӣ яке аз маҳалҳои асосии кадастри давлатии замин оид ба дастрас намудани маълумотҳои дақиқ дар бораи мавқеи ҷойгиршавӣ, ҳудудҳои қитъаҳои замин, заминистифодабарӣ, намудҳо, гурӯҳҳо ва масоҳати заминҳо мебошад.

33. Барои амалӣ кардани кадастри давлатии замин аз рӯи аксбардориҳои фазои кайҳонӣ ва рӯизаминӣ нақшасуратҳо тайёр карда мешаванд. Ин нақшасуратҳо барои минтақаҳои обёришаванда дар миқёси 1 : 10 000, барои минтақаҳои лалмӣ ва кӯҳӣ дар миқёси 1 : 25 000, барои заминҳои маҳалҳои аҳолинишини деҳот, шаҳрак ва шаҳрҳо дар миқёси 1 : 2 000 ва 1 : 5 000 тартиб дода мешаванд. Ҳангоми аксбардории рӯизаминӣ ва дар маҳал, аз рӯи координатҳо ҷобаҷо намудани нақшасуратҳои фазоӣ ва кайҳонӣ асбобҳои ҳозиразамони геодезӣ, ба монанди GPS-ҳо ва тахеометрҳои электронӣ истифода бурда мешаванд. Маводҳои харитавӣ барои амалӣ кардани кадастри давлатии замин ва ҷорӣ намудани кадастри замини ҳозиразамон бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерии ArcViеw - 3, ArcViеw - 8, Рhоtоsор, Аvtосаd ва ғайра ба таври рақамӣ тайёр карда мешаванд.

34. Дар рафти амали кардани кадастри давлатии замин маҷмӯи маълумотҳо оид ба ҳолати ҳуқуқӣ, таъиноти мақсаднок, миқдор, ҳолати сифатӣ ва арзёбии иқтисодии қитъаҳои замин дар ҳуҷҷатҳои махсус дарҷ карда мешаванд. Барои дурустӣ, боэтимодии маълумотҳо дар ҳуҷҷатҳои кадастри давлатии замин мақомотҳое, ки амалӣ кардани кадастри давлатии замин ба зиммаи онҳо вогузор карда шудааст, ҷавобгар мебошанд.

35. Ҳуҷҷатҳои кадастри замин дар тамоми сатҳи баҳисобгирӣ аз асосҳои аввалин, мунтазам навкардашуда (аниқкардашуда) ва ҳарсола тартиб додашаванда иборат мебошанд. Таркиби ҳуҷҷатҳо барои ҳар як сатҳи баҳисобгирӣ, намудҳои онҳо ва тартиби пур кардани онҳо аз тарафи мақомоти давлатии заминсозии ҷумҳурӣ муайян карда шуда, тасдиқ карда мешаванд.

III. Амалӣ намудани кадастри давлатии замин

36. Мақомоти заминсозии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва вилоятҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ намудани кадастри давлатии заминро дар доираи салоҳияташон дар ҳудуди маъмурии шаҳрҳо, ноҳияҳо ва вилоятҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба замин ба роҳ мемонанд.

37. Амалӣ намудани кадастри давлатии замин дар ҷумҳурӣ ба зиммаи мақомоти давлатии заминсозӣ гузошта шуда, маълумотҳо оид ба амали намудани кадастри давлатии замин дар шакли ҳомилҳои қоғазӣ ва шакли электронӣ бурда мешаванд.

38. Мақомоти давлатии заминсозии ҷумҳурӣ:

- санадҳои меъёрие, ки амали кардани кадастри давлатии заминро ба танзим медароранд таҳия ва тасдиқ менамояд;

- гузаронидани корҳои топографию геодезӣ ва харитасозиро барои амали намудани кадастри давлатии замин дар миқёсҳои зарурӣ ташкил менамояд;

- барои амалӣ намудани кадастри давлатии замин истифода намудани маводҳои аксбардории рӯизаминӣ, фазои, кайҳонӣ ва тартиб додани харитаҳои рақамиро ба роҳ мемонад;

- ҳисоботи мақомоти минтақавӣ ва маҳаллиро дар бораи миқдор ва ҳолати истифодабарии заминҳо қабул менамояд;

- ҳар сол ба ҳолати 1 январ ҳисоботро дар бораи миқдори заминҳо, тақсимоти онҳо аз рӯи намуд, гурӯҳи замин ва заминистифодабарандагони ҷумҳуриро бо тартиби муқарраргардида омода намуда, то 20 марти соли пас аз ҳисоботи ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- оид ба сифати тартибдиҳии маълумотҳо ва иҷрои корҳои кадастри давлатии замин назорат мебарад;

- гузаронидани корҳои таҳқиқотҳои хок, геоботаникӣ, арзёбии иқтисодии заминҳо ва дигар таҳқиқотҳои махсусро ташкил мекунад;

- доимо ва мунтазам талабот ба сифат ва дигаргунии маълумотҳои кадастри давлатии заминро меомӯзад;

- амалӣ намудани кадастри давлатии заминро бо технологияи нав ва ҷори намудани кадастри ҳозиразамонро таъмин менамояд;

- мӯҳлат, навбати гузаронидан ва азнавкунии ҳуҷҷатҳои кадастри давлатии заминро дар миқёси минтақаҳои ҷумҳурӣ муайян менамояд;

- маълумотҳои кадастри давлатии заминро нашр намуда, ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод менамояд;

- таркиб, ҳаҷм ва талаботи техникиро ба маводҳои кадастри давлатии замин, ки ба маҷмӯи ягонаи кадастри давлатӣ пешниҳод мегарданд, муайян менамояд.

39. Мақомоти заминсозии вилоятҳо:

- фаъолияти мақомоти заминсозии ноҳияҳо (шаҳрҳо)-ро оид ба амалӣ намудани кадастри давлатии замин назорат ва тармим менамоянд;

- ҳисоботҳои мақомоти заминсозии ноҳияҳо (шаҳрҳо)-ро ҷамъбаст намуда, дар бораи ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин, миқдору ҳолати сифатӣ ва арзёбии иқтисодии заминҳои минтақа маълумот тартиб медиҳанд;

- дар тартиб додани маълумотҳои ягонаи замини ҷумҳурӣ иштирок менамояд;

-ҳар сол ҳисобот дар бораи миқдор, тақсимоти замин аз рӯи намуд, гурӯҳи заминҳо ва заминистифодабарандагони ноҳияҳои (шаҳрҳои) вилоятро ба ҳолати 1 январ ба мақомоти давлатии заминсозии ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамоянд.

40. Мақомоти заминсозии ноҳияҳо (шаҳрҳо):

- аз истифодабарандагони замин маълумотҳо дар бораи тағйироти бавуҷудомада дар бораи мавқеи ҳуқуқӣ, таркиб ва истифодабарии қитъаҳои замин ҷамъ намуда, баъди санҷиши дурустии ин тағйирот дар маҳал ба маълумотҳои кадастри замин тағйироти ҷориро ворид менамоянд;

- маълумотҳо дар бораи миқдор ва сифати захираҳои замини ноҳия (шаҳр)-ро тартиб дода, доимо навкунии онҳоро таъмин менамоянд;

- ҳуқуқи истифода, иҷораи қитъаҳои замин ва дигар созишномаҳои истифодабарии заминро ба қайд мегиранд;

- ҳар сол ҳисобот дар бораи миқдор, тақсимоти замин аз рӯи намуд, гурӯҳи замин ва заминистифодабарандагони ноҳия (шаҳр)-ро бо мақомотҳои маҳалии омор мувофиқа намуда ба ҳолати 1 январ ба мақомоти заминсозии вилоятҳо, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе бошад ба мақомоти давлатии заминсозии ҷумҳурӣ тибқи тартиби муқарраргардида пешниҳод менамоянд.