Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кори зотпарварӣ дар истеҳсолоти навъи кирмаки пилла
Бо мақсади беҳтар намудани кори зотпарварӣ дар истеҳсолоти навъи кирмаки пилла ва ҳарчи бештар воқеъ намудани талаботи хоҷагиҳои кирмакпарвари дар истеҳсоли тухми хушсифати кирмаки пилла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муқаррар карда шавад, ки хочагиҳо, заводҳои тавлиди тухми кирмак, стансияҳои истеҳсолкунандаи навъи кирмаки пиллае, ки дар номгуи замимагардида дохил карда шудаанд, зотпарвар буда, дар ҷараёни аз навтаъсисёбӣ, тағйири шакли моликият вазифаҳои ба замимадоштаашонро нигоҳ дошта, муносибатҳои дутарафаи хешро ба дигар субъектҳои хоҷагидорӣ пурра дар асоси ҳисоби хоҷагӣ ва худмаблағгузорӣ анҷом медиҳанд.
2. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилояти Ленинобод, ш.Кофарниҳон, ноҳияҳои Ленин ва Варзоб чораҳои иловагиро ҷиҳати ташкили кор дар хоҷагиҳои зотпарварии парварш ва захираи устувори зидди пебрин ва дигар амрози кирмаки пилла дар ҳаҷми қонеъкунандаи талаботи хоҷагиҳои кирмакпарвар ба тухми босифат, инчунин бо иштироки Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корро ҷиҳати ивази тухми кирмаки пиллаи камҳосилу пастсифат ба навъи баландҳосили хушсифат пурзур намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 апрели соли 1999 № 132
ш. Душанбе