ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии молҳои бесифат
(Қарор аз 26.01.2008с. № 47)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баъзе тадбирҳо ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 ноябри соли 1998 таҳти № 1111 ва бо мақсади пурзӯр намудани назорат ва тафтиши давлатӣ ба сифати маҳсулоти фурӯхташаванда, ҳимояи бозори дохилӣ аз воридшавии молҳои бесифат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукуматҳо), ташкилоту корхонаҳо риояи ҳатмии банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 ноябри соли 1998 №1111, ки бо он аз 1 январи соли 1999 воридот ва фурӯши маҳсулоти озука, ки маълумоти дахлдори тавлидӣ ва сифатӣ надоранд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, таъмин намоянд.
Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликият, вазифадор карда шаванд, ки ҳангоми воридот, истеҳсол, муомилоти молҳои озуқа ва дигар молҳо мавҷудияти сертификати мутобиқат, сертификати пайдоиш, маълумот бо нишон додани номи мамлакат, фирмаи тавлидкунанда, рамзи штрихӣ, аломати мутобиқат, тамға, вазн, ҳаҷми маҳсулот, таркиб, арзиши ғизоӣ, мӯҳлати истеьмол, шартҳои нигаҳдорӣ, мӯҳлати истифода, аз ҷумла барои бемориҳои алоҳида гайриқобили истеъмол буданро таъмин намоянд.
Воридот ва фурӯши маҳсулоти тиббӣ, дорусозӣ ва ороишие, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, манъ карда шавад.
2. Тартиби замимагардидаи сертификатсияи маҳсулоти озука ва дигар молҳое, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир мегарданд, тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор масъалаи мақсаднокии ташкили Бозрасии тиҷоратии сифати маҳсулоти истеъмоли оммавиро омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намоянд ().
4. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ номгӯи маҳсулот ва хизматҳоеро (корҳоро), ки ҳатман бояд сертификатсия шаванд, муайян намояд ва дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд ().
5. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи истеҳсолии ҷумҳуриявии "Тоҷикселхозхимия" ():
- барои иҷро намудани назорати доимӣ ба маҳсулоти хӯрокаи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, марказҳои санҷиш ва сертификатсияро дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Панҷакент, ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Хоруғ ва дар ноҳияи Шаҳритус ташкил намуда, бо таҷҳизоти иловагии санҷишии барои назорати зудамал таъмин намоянд ва лимити иловагии як мутахассисро барои ҳар як маркази навтаъсис ҷудо намоянд;
- ташкилу таҳлил ва санҷишҳои бемонеаи намунаҳои молҳоеро, ки тавассути дигар мақомоти назоратӣ барои ин мақсадҳо интихоб намудаанд, таъмин кунанд.
6. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон "Тоҷикматлубот" дар муддати то 1 июли соли 1999 барои омода кардани ҳолати техникӣ ва беҳдоштии (санитарии) бозорҳо ва корхонаҳои тиҷоратии амалкунанда тадбирҳо андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 16 марти соли 1999 № 97
ш.Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 марти соли 1999 № 97
тасдиқ шудааст
Тартиби сертификатсияи маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар молҳо, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир карда мешаванд
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008 с. № 47)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар молҳо ҳангоми ба шартҳои муқаррарнамудаи талаботи сертификатсияи ҳатмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ будан, аз ҳудуди гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.
2. Феҳрасти молҳои ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ё хориҷшуда, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ шомиланд (минбаъд Феҳраст) аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Феҳрасти ишорашуда мутобиқи талаботи Феҳрасти молҳои фаъолияти иқтисоди хориҷӣ тартиб дода мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳое, ки мутобиқати молҳои талаботи муқарраргардидаро тасдиқ мекунанд, сертификатҳои мувофиқат мебошанд, ки тибқи қоидаҳои Системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошанд.
Сертификати мазкур метавонад шаҳодатномаи эътирофии сертификатсияи хориҷӣ бошад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон онро иваз намояд.
4. Сертифактҳои бо вайрон намудани шартҳои зикршуда додашуда, инчунин бо ҳар гуна баҳонаҳои ("бе ҳуқуқи фурӯш", "муваққатан то гузаронидани сертификатсия" ва ғайра) ва соҳаи истифодаашон маҳдуд, ҳуҷҷати мутобиқати молҳои талаботи муқаррарнамудаи бехатариро тасдиқкунанда, ҳисоб намешаванд. Чунин молҳоро мақомоти гумрукӣ иҷозати баровардан намедиҳад.
5. Дар шартҳои қарордодҳо (шартномаҳо), ки оид ба таҳвили молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он баста шудаанд, бояд ғайр аз сертификат ва нишонаи мутобиқат, мавҷудияти сертификат дар бораи тавлиди мол, ки аз тарафи мақомҳои ваколатдор дода шудааст ва шаҳодат медиҳад, ки маҳсулоти номбурда аз кишварҳои мувофиқ истеҳсолшударо тасдиқ мекунад.
II. Хусусиятҳои воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ ва дигар молҳои ҳатман сертификатсияшаванда мувофиқи шартҳо ва қоидаҳои гумрукӣ
6. Молҳое, ки ба сертификатсияи ҳатмӣ шомиланд ва дар қолаби қоидаҳои зерини гумрукӣ ҷой доранд, танҳо дар ҳолати пешниҳод намудан ба мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификати мутобиқат ва сертификат дар бораи истеҳсоли мол, метавонанд бароранд:
- баромад барои фурӯши озод
- воридот
- азнавкоркунӣ таҳти назорати гумрукӣ (ҳангоми тавлиди маҳсулоти коркарди дубора ба гардиши озод)
- азнавкоркунӣ берун аз ҳудуди гумрукӣ (қисмате, ки ба коркарди дубора маҳсулоти воридоти тааллуқдошта)
7. Чунин молҳо сарфи назар аз қоидаҳои гумрукӣ бидуни шартҳои пешниҳоди сертификати мутобиқат ва сертификат дар бораи истеҳсоли мол бароварда мешаванд:
- молҳое, ки барои истифодаи намояндагони расмии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқии байниҳукуматӣ, инчунин намояндагонашон тааллуқ дошта:
- молҳои аз тарафи ашхоси воқеӣ воридшуда, ки барои фаъолияти тиҷоратӣ пешбинӣ нашудаанд (ғайр аз молҳое, ки аз арзиши квотаҳои муқарраршуда зиёд бошанд):
- молҳои аз тарафи ашхоси алоҳида бо миқдори кам ва барои истифодаи шахсӣ, метавонад шартан бе нишон додани сертификат, ки дар банди 2.1. зикр шудааст, ҳангоми мавҷуд будани ӯҳдадориҳои гумрукӣ дар шакли ихтиёрӣ ворид гарданд.
Дар ҳолати молҳои мазкурро ба касе додан тибқи тартиби муқарраршуда сертификатсия мешаванд. Дар ҳолати иҷро нашудани ӯҳдадориҳо тибқи қонунгузориҳои амалкунанда, чораҳои таъҷилӣ андешида мешаванд.
8. Молҳои воридшуда аз тарафи мақомоти гумрукӣ, ки танзими гумрукиро ба ҷо меоранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон декларатсия карда мешаванд
Ҳамзамон бо декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари барои ба расмият даровардани гумрукӣ ва гузаронидани назорати гумрукӣ зарур буда, деклорант ӯҳдадор аст ба мақомоти гумрукӣ сертификати мутобиқатро дар шакли муқарраршуда пешниҳод намояд. Ҳангоми истифодабарии деклоратсияи гумрукии боркашонӣ (минбаъд ДГБ) деклорант бояд нишон диҳад:
- номи кӯтоҳи мақомоте, ки сертификат додааст;
- рақами сабти сертификат ва санаи додани он;
- мӯҳлати фаъолияти сертификат;
Ҳангоми истифода бурдани ҳуҷҷати дигарро ба сифати деклоратсия, маълумоти мазкур бояд аз тарафи деклорант дар ин ҳуҷҷат изҳор шаванд.
9. Барои мақсадҳои ба расмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ нусхаи тасдиқшудаи сертификати мутобиқат истифода мегардад, ки таври барқарор намудани шаклу мазмуни он бояд тайёр карда шавад.
Нусха бояд аз тарафи идораи нотариалӣ ё мақоми сертификатро дода, тасдиқ карда мешавад. Идораи нотариалӣ бояд таввасути мӯхр ё навиштаҷот сертификатро тасдиқ кунад.
Макоме, ки сертификатро додааст, бояд бо имзои ҳаққонии роҳбари он (ё шахси онро ивазкунанда) ва мӯҳр тасдиқ мекунад.
10. Нусхаи сертификат дар бойгонаи Хадамоти гумруки назди Хукумати Ӣумхурии Тоӣикистон нигоҳ дошта мешавад ва ба деклорант баргардонда намешавад
11. Дар ҳолати бо сабабҳои номуайян деклорант нусхаи сертификатро натавонад ба мақомҳои гумрукӣ бо шакли муқаррарӣ пешниҳод намудан, ё ки иҷозати мақомоти ваколатдорро тибқи талаботи муқаррарнамуда ҳуқуқи баровардан надошта бошад, он гоҳ мақомоти гумрук ҳақ дорад, ки барои муайян намудани мақсадҳои сертификатсияи маҳсулоти озуқавории воридшуда намояндаи мақомоти сертификатсия ё мақомоти ҳудудии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ваколатҳои онро даъват кунад, то ки, таҳти назорати гумрукӣ маҳсулоти воридшударо дида бароянд ва инчунин намуна ва нусхаи онро мутобиқи моддаи 135 Кодекси Кумитаи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон гиранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008 с. № 47).
Шартҳои баргардонидани намунаҳои санҷидашуда ва ё гум шудани онҳо (нест шудан) ҳангоми санҷиш, бояд дар шартномаи басташуда оид ба гузаронидани сертификатсия байни деклорант ё шахси мутасаддии вобаста ба молҳо, намояндаи мақомоти сертификатсия ва мақомоти ҳудудии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешакӣ маслиҳат карда бошанд
Арзиши намуна ва нусхаҳои маҳсулоте, ки ҳангоми гузаронидани санҷишҳо (таҳлили санҷишҳо) барои муайян намудани мутобиқати он ба талаботи меъёрии ҳуҷҷатҳое, ки оид ба хароҷотҳои истеҳсолоти ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ масрафшуда, ки фаъолияти худро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ амалӣ месозанд. Ҳангоми натиҷаҳои санҷишоти мусбӣ хароҷоти гузаронидани онҳо ба арзиши аслии маҳсулот дохил карда мешавад.
Ҳангоми натиҷаҳои санҷиши манфӣ, хароҷот барои гузаронидани онҳо аз ҳисоби фоидаи дар ихтиёри ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеъӣ монда, талофӣ карда мешавад.
Барои муайян намудани хароҷот, актҳои санҷишӣ, протоколҳо (таҳлилҳо, санҷишҳо) санади асосӣ ҳисоб мешаванд.
12. Барои гузаронидани санҷишҳо ва мӯайян намудани сертификатсияи молҳо истеҳсолкунандаи хориҷӣ ё фурӯшанда, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мол меорад ва ҳам, истеҳсолкунанда ва фурӯшандаи худӣ, ки аз кишварамон ба хориҷа мол мебарорад метавонад ба лабараторияҳои санҷишӣ ба мақомоти ноҳиявии сертификатсия ё мустақиман ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд
Маълумотро дар бораи санадҳои ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ дар соҳаи сертификатсия, лабараторияҳо, ва мақомоти сертификатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаро, аз Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомҳои минтақавии он дастрас кардан мумкин аст
13. Сертификатсияи молҳо ва ба расмият даровардани сертификатҳои мутобиқат, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, чунин амалӣ мешаванд:
- дар ҳолати вуҷуд доштани сертификати мутобиқат, ки аз тарафи кишварҳои ИДМ додашуда, ки ба Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, оид ба таҳқиқот, сабт, стандартизатсия ва назорати тиббӣ ва формасевтии сифати маҳсулот шомил мебошанд;
- аз тарафи мақомоти оид ба сертификати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, ки ба Системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мувофиқати гурӯҳҳои маҳсулот мансуб мебошанд;
- аз тарафи Маркази давлатии стандартӣ ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки бо супориши вай аз тарафи мақомҳои соҳавӣ, мақомҳои оид ба сертификатсия, ки ба Системаи миллии сертификатсия мансубанд;
Сертификатсияи молҳои воридшаванда ва содиршаванда дар асоси протоколҳои санҷишӣ, аз лабараторияҳои санҷишӣ ба Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб буда, иҷро мешаванд
Сертификати мувофиқати Системаи миллии сертификатсияи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин метавонад аз рӯи ҳуҷҷатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардашуда, ки мутобиқати молҳоро дар асоси талабот тасдиқ мекунанд, ба расмият дароварда мешавад
Иҷрои корҳо аз тарафи мақомоти оид ба сертификатсия дар паймонкории фаръӣ, ки баробар аст ба ташкили сохторҳои гуногуни давлатӣ, идораҳое, ки ба додани сертификатсия машғуланд бе ризояти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳ дода намешавад
14. Ҳангоми гузаронидани ба расмият даровардани гумрукӣ ашхоси мансабдори мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз дигар фаъолиятҳо, метавонанд боз тафтиш намоянд:
- имзо ва мӯҳрҳоро дар нусхаи сертификатсия;
- мувофиқати молҳои дохилшаванда бо сертификатсия;
- мӯҳлати фаъолияти сертификат;
- дигар маълумоте, ки барои ба расмият даровардани гумрукӣ заруранд.
Дар ҳолати мавҷуд будани далелҳои асосӣ мақомоти гумрукӣ аз деклорант талаб намудани сертификати мувофиқат ба моли воридшударо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баровардан аз ҳудуди онро талаб мекунанд.
Дар холатҳои зарурӣ ба тафтиш намояндагони мақомоти ҳудудии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ё ки мақомоти сертификати моли мазкурро дода, ҷалб карда мешаванд
15. Баровардани мол тавассути намояндаи шахси ваколатдори мақомоти гумрукӣ дар мӯҳлати муайянкардаи қонунҳои гумрукӣ, аз лаҳзаи қабули мақомоти гумрукӣ деклоратсияи гумрукӣ, инчунин маълумоти пешниҳодшуда иҷро мешаванд.
Воридот ва содироти молҳое, ки нисбати онҳо Хадамоти гумруки назди Хукумати Ӣумхурии Тоӣикистон тартиби содироти ба расмиятдарории гумрукиро муайян намудааст, дар мӯҳлати муайяннамуда ва тибқи қонунияти гумрукӣ амалӣ мешаванд
III. Ба расмият шинохтани сертификатҳои хориҷӣ барои молҳои воридшуда
16. Эътироф намудани сертификатҳои хориҷӣ барои молҳои воридшуда (минбаъд сертификатҳои хориҷӣ) дар бар мегирад:
- пешниҳод намудани дархост барои ба расмият шинохтани сертификатҳо ва маводҳои хориҷӣ ва асноди мутааллиқи вай;
- таҳлили асноди қабулшуда барои идентификатсияи мол;
- қабул кардани қарор пиромуни имконпазирии эътироф намудани сертификати хориҷӣ ё исботи рад намудани расмиёти пешниҳодшудаи сертификати мазкур;
- аз нав ба расмият даровардани сертификати хориҷӣ ба сертификати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти он.
17. Барои эътироф намудани сертификати хориҷӣ, ки дар қолаби системаи сертификатсия дода шудааст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳамроҳ шуда дар бораи эътирофи тарафайни натиҷаҳои сертификатҳо ризоият додааст, аризадиҳанда ба мақомоти сертификатсияи ҷумҳурӣ ё Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътироф намудани сертификатсия, дархост пешниҳод мекунад, ки бо мӯҳри мақомоти сертификатро додаи маркази ҳудудии сертификатсия ва метрология тасдиқ шуда бошад. Инчунин дар ҳолати лозимӣ санади меъёрӣ, ки мувофиқи он сертификатсия шудааст ва протоколи санҷишҳои сертификатӣ дар мавриде, ки созишнома дар бораи эътирофи он бошад гувоҳномаи (сертификат) сифати маҳсулот, гувоҳнома дар бораи сабти беҳдошти давлатӣ, агар ин мувофиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад, пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи асноди замимагардидае, ки бо забонҳои хориҷӣ чоп шудаанд, бояд, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума шуда бошанд. Шакл ва мазмуни санадҳо бо тартиботи сертификатсияи маҳсулоти якхела муайян карда мешавад
18. Баррасии ҳуҷҷатҳое, ки мақомоти сертификатсияи маҳсулоти якхела ё мақомоти ҷумҳурияви доир ба сертификатсия мувофиқи банди 4.2 ва идентификатсияи молҳо (тафтиши рамзи код, истеҳсолкунанда, санаи истеҳсол ва мӯҳлати тамомшавии фурӯш, санади меъёрӣ, ҳаҷми моли пешниҳодшуда, борҷома, вазн ва ғ.) дар муддати то 7 рӯз гузаронида мешаванд.
Оид ба натиҷаи баррасии асноди зикршуда қарор қабул мешавад ва ба самъи аризадиҳанда расонда мешавад. Дар ҳолати рад намудан бо таври хаттӣ дар асоси далелҳои радшуда ва изҳори расмиёти сертификатсия, хабар дода мешавад.
19. Таҳлили асноди пешниҳодшуда (сертификати эътирофшуда) дурустӣ ва пуррагии маълумотро нисбати асноди зикршуда, инчунин дурустӣ ва басандагии талаботи бехатарӣ ва дигар дархостҳои пешбинишудаи санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои моли воридшуда, ки дар сертификати хориҷӣ нишон дода шудааст, муайян мекунад. Шартҳои эътироф намудани сертификати хориҷӣ ин саҳеҳӣ ва инъикоси кофии талаботи бехатарӣ ва дигар дархостҳои пешбинишудаи санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳуҷҷатҳои меъёрии барои моли воридшуда, ки дар сертификати хориҷӣ нишон дода шудаанд, ба ҳисоб мераванд.
Ҳангоми эътироф намудани сертификати хориҷӣ ва аз нав ба қайдгирӣ ба тартиби сертификатсияи Системаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яквақт сабти ном намудан, ё ки шакли якхеллаи сабти сертификат бе ягон расмиёти иловагӣ амалӣ мегардад.
20. Аз нав ба қайдгирии сертификати хориҷӣ ба сертификати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ин ки сабт намудани сертификати шакли ягона агар ин дар шартҳои созишнома барои эътирофи молҳои истеҳсолшуда, пешбинӣ шуда бошад дар ҳолати ариза додани истеҳсолкунандагони молҳо амалӣ мегардад. Ҳамчунин нусхаи сертификат, ки бо мӯҳру имзои мақомоти дахлдор тасдиқшуда пешниҳод мешавад. Сертификати Системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид ба истеҳсолкунанда, ё намояндаи ваколатдори он дода мешавад. Дар дигар ҳолатҳо сертификат ба миқдори молҳо дода мешавад.
21. Дар мавриди амалӣ гардондани эътирофи мақомоти сертификатсия оид ба маҳсулоти якхела ё ки мақомоти ҷумҳуриявӣ оид ба сертификатсия метавонад дар ҳаҷми пурра санҷиши иловагӣ гузаронад. Ин амал дар вақте зоҳир мешавад, ки асноди меъёрии дар сертификати хориҷӣ , нишондодашуда ба талабот ҷавоб намедиҳад, ё ки аз рӯи баъзе нишондодҳо пурра ба ҳисоб нагирифта бошанд.
22. Сертификатҳои дар доираи кишварҳои созишнома барои эътирофи мутақобилаи сертификати ба имзо расида, дар дигар мамлакатҳо эътироф намешаванд. Дар ҳолатҳои ҷудогона Мақомоти сертификатсияи ҷумҳурӣ метавонад сертификати ба қисми молҳо, ки дар кишвари берун аз созишнома истеҳсол шудааст қарор қабул намояд.
23. Тартиби ба қайдгирии сертификати шакли ягона, агар ба шартҳои созишнома мувофиқат кунад чунин пешбинӣ мекунад:
- ба қайдгирии сертификати хориҷӣ ва маълумоти дар он сабт шуда:
- сабти шумораи сертификат дар Феҳрасти Системаи миллии сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба сертификат дохил намудани рақами сабт, сана ва суратҳисоби мақомоти ба қайд гирифта.
24. Арзиши ҳамаи корҳо оид ба эътироф намудани сертификат, аз ҷумла таҳияи ариза, тарҷумаи маводи даркорӣ, тафтиши истеҳсолот, санҷишҳо, бозрасии назорати мол, сабт ва ғайраро аризадиҳанда мепардозад.