ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии молҳои бесифат
(Қарор аз 26.01.2008с. № 47)
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баъзе тадбирҳо ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 ноябри соли 1998 таҳти № 1111 ва бо мақсади пурзӯр намудани назорат ва тафтиши давлатӣ ба сифати маҳсулоти фурӯхташаванда, ҳимояи бозори дохилӣ аз воридшавии молҳои бесифат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукуматҳо), ташкилоту корхонаҳо риояи ҳатмии банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 ноябри соли 1998 №1111, ки бо он аз 1 январи соли 1999 воридот ва фурӯши маҳсулоти озука, ки маълумоти дахлдори тавлидӣ ва сифатӣ надоранд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, таъмин намоянд.
Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликият, вазифадор карда шаванд, ки ҳангоми воридот, истеҳсол, муомилоти молҳои озуқа ва дигар молҳо мавҷудияти сертификати мутобиқат, сертификати пайдоиш, маълумот бо нишон додани номи мамлакат, фирмаи тавлидкунанда, рамзи штрихӣ, аломати мутобиқат, тамға, вазн, ҳаҷми маҳсулот, таркиб, арзиши ғизоӣ, мӯҳлати истеьмол, шартҳои нигаҳдорӣ, мӯҳлати истифода, аз ҷумла барои бемориҳои алоҳида гайриқобили истеъмол буданро таъмин намоянд.
Воридот ва фурӯши маҳсулоти тиббӣ, дорусозӣ ва ороишие, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, манъ карда шавад.
2. Тартиби замимагардидаи сертификатсияи маҳсулоти озука ва дигар молҳое, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир мегарданд, тасдиқ карда шавад.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор масъалаи мақсаднокии ташкили Бозрасии тиҷоратии сифати маҳсулоти истеъмоли оммавиро омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намоянд ().
4. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ номгӯи маҳсулот ва хизматҳоеро (корҳоро), ки ҳатман бояд сертификатсия шаванд, муайян намояд ва дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд ().
5. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи истеҳсолии ҷумҳуриявии "Тоҷикселхозхимия" ():
- барои иҷро намудани назорати доимӣ ба маҳсулоти хӯрокаи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, марказҳои санҷиш ва сертификатсияро дар шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Панҷакент, ӯротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Хоруғ ва дар ноҳияи Шаҳритус ташкил намуда, бо таҷҳизоти иловагии санҷишии барои назорати зудамал таъмин намоянд ва лимити иловагии як мутахассисро барои ҳар як маркази навтаъсис ҷудо намоянд;
- ташкилу таҳлил ва санҷишҳои бемонеаи намунаҳои молҳоеро, ки тавассути дигар мақомоти назоратӣ барои ин мақсадҳо интихоб намудаанд, таъмин кунанд.
6. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, Иттифоқи ҷумҳуриявии ҷамъиятҳои матлуботи Тоҷикистон "Тоҷикматлубот" дар муддати то 1 июли соли 1999 барои омода кардани ҳолати техникӣ ва беҳдоштии (санитарии) бозорҳо ва корхонаҳои тиҷоратии амалкунанда тадбирҳо андешанд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
аз 16 марти соли 1999 № 97
ш.Душанбе
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии молҳои бесифат
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баъзе тадбирҳо ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 ноябри соли 1998 таҳти №1111 ва бо мақсади пурзӯр намудани назорат ва тафтиши давлатӣ ба сифати маҳсулоти фурӯхташаванда, ҳимояи бозори дохилӣ аз воридшавии молҳои бесифат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (Ҳукуматҳо), ташкилоту корхонаҳо риояи ҳатмии банди 1 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 ноябри соли 1998 №1111, ки бо он аз 1 январи соли 1999 воридот ва фурӯши маҳсулоти озука, ки маълумоти дахлдори тавлидӣ ва сифатӣ надоранд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, таъмин намоянд.
Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ сарфи назар аз шакли моликият, вазифадор карда шаванд, ки ҳангоми воридот, истеҳсол, муомилоти молҳои озуқа ва дигар молҳо мавҷудияти сертификати мутобиқат, сертификати пайдоиш, маълумот бо нишон додани номи мамлакат, фирмаи тавлидкунанда, рамзи штрихӣ, аломати мутобиқат, тамға, вазн, ҳаҷми маҳсулот, таркиб, арзиши ғизоӣ, мӯҳлати истеьмол, шартҳои нигаҳдорӣ, мӯҳлати истифода, аз ҷумла барои бемориҳои алоҳида гайриқобили истеъмол буданро таъмин намоянд.
Воридот ва фурӯши маҳсулоти тиббӣ, дорусозӣ ва ороишие, ки бо тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, манъ карда шавад.
2. Тартиби замимагардидаи сертификатсияи маҳсулоти озука ва дигар молҳое, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир мегарданд, тасдиқ карда шавад.
3. Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор масъалаи мақсаднокии ташкили Бозрасии тиҷоратии сифати маҳсулоти истеъмоли оммавиро омӯхта, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодот манзур намоянд.
4 Маркази давлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Тоҷикистонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ номгӯи маҳсулот ва хизматҳоеро (корҳоро), ки ҳатман бояд сертификатсия шаванд, муайян намояд ва дар мӯҳлати як моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.
5. Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ноҳияҳои наздисарҳадӣ, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази давлатии стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Тоҷикистонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи истеҳсолии ҷумҳуриявии "Тоҷикселхозхимия":