Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 феврали соли 1999 № 33
тасдиқ шудааст.
Низомнома "Дар бораи тартиби даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ"
Низомнамаи мазкур мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", кор карда шудааст.
1. Ҳамаи шаҳрвандони ҷинси мардонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтан ё озод шудан аз хизмати ҳарбиро надоранд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" дар синни аз 18 то 27 сола бояд ҳизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.
Дар навбати аввал шаҳрвандони синни калони даъватӣ даъват карда мешаванд.
2. Мувофиқи Қонун баъди адои мӯҳлати хизмати даъватноки ҳарбӣ, бо хоҳиши шаҳрвандон мумкин аст, бо онҳо қарордод ба хизмати ҳарбӣ ба мӯҳлати 3 - 5 сол, вобаста ба вазифаи ишғолкарда баста шавад.
3. Ба Вазората мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба хизмати ҳарбӣ даъват кардани шаҳрвандоне, ки муассисаҳои таълимии давлатии маълумоти олии касбиро хатм намудаанду хизмати ҳарбиро нагузаштаанд ва дар эҳтиёти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меистанду рутбаи афсари эҳтиётиро доранд, мувофиқи гирифтани ихтисоси қайди ҳарбӣ ва қобил будан ба хизмати ҳарбӣ ҳуқуқи истисноӣ дода мешавад.
4. Даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сол ду маротиба дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Даъвати баҳорӣ аз 1 май то 30 июн, даъвати тирамоҳӣ бошад, аз 1 ноябр то 31 декабр. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори умум як моҳ пеш то даъват чоп мешавад.
Шахсоне, ки омӯзгори муассисаҳои таълимӣ мебошанд, ба хизмати ҳарбӣ аз 1 то 30 июн даъват карда мешаванд.
5. Ба хизмати ҳарбӣ шахсони зерин даъват карда намешаванд:
онҳое, ки барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ё вазнин доғи судии бардоштанашуда доранд;
онҳое, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ бо вазъи саломати ғайриқобил ё ба таври маҳдуд ба хизмати ҳарбӣ қобил дониста шудаанд;
онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё алтернативӣ адо мекунанд, ё адо кардаанд, ё дар давлати дигар хизмати ҳарбиро адо намудаанд.
Ба ғайр аз ин шаҳрванде наметавонад ба хизмати ҳарбӣ даъват карда шавад, ки хешованди наздикаш ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар асоси даъват ҳалок шудааст, ё вафо кардааст, инчунин агар он дар оила писари (писархонди) ягона бошад.
6. Ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ ба шаҳрвандони зерин иҷозат дода мешавад:
онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ муваққатан ғайрииқобли хизмати ҳарбӣ дониста шуда бошанд - ба мӯҳлати то як сол;
онҳое, ки кӯдаки бе модар мондаашонро тарбия мекунанд;
онҳое, ки зиёда аз ду фарзанд доранд;
онҳое, ки модарашон ба ғайр аз он ду ва ё зиёда фарзанди ноболиғ дошта, онҳоро бе шавҳар тарбия менамояд;
онҳое, ки нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст:
онҳое, ки ба нигоҳубини узви оилае, ки ба кӯмаки дигар кас эҳтиёҷ доранд, ҳангоми набудани дигар шахси ғамхорикунанда.
Ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ, инчунин шаҳрвандоне ҳуқуқ доранд, ки вакили халқ интихоб шудаанд - дар давраи ваколатҳои депутатӣ, таҳсилкунандагони (Муассисаҳои таълимӣ - то гирифтани маълумоти пурра, вале на калонтар аз синни 21 сола, таҳсилкунандагони шӯъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таълимии маълумоти олии касбӣ - дар давраи таҳсил, аспирантҳо - дар давраи таҳсил дар аспирантура, омӯзгорони муассисаҳои таълимии (таълимоти умумии) деҳот, ки маълумоти олии омӯзгорӣ доранд.
7. Озод кардан ё ба таъхир андохтани мӯҳлати даъвят ба хизмати ҳарбӣ дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, қарори комиссияи даъват, ки дар ҳар як ноҳия ё шаҳр таъсис ёфтааст, ба амал оварда мешавад.
8. Раисони ноҳияҳо (шаҳрҳо) ба ташкили даъвати шаҳрвандон масъуланд, онҳо якҷоя бо комиссарони ҳарбӣ даъват ба хизмати ҳарбиро ташкил менамоянд.
9. Ба зиммаи раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо гузошта мешавад:
дар ҳама давра даъват намудани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва фиристодани онҳо ба қӯшунҳо, таъмин намудаии комиссариатҳои ҳарбӣ бо нуқтаҳои даъвати (ҷамъомадҳои) таҷҳизонидашудаи махсуси барои ин корҳо мувофиқ кардашуда, ҷудо намудани шумораи зарурии духтурони мутахассис, коркуноки техникӣ, шахсони ҳайати коркунони хизматӣ;
Қабули чорабиниҳо барои таъмини ташкили ҳозиршавии шаҳрвандон ба комиссариатҳои ҳарбй барои даъват ба хизмати ҳарбӣ ва фиристодани онҳо ба қӯшунҳо;
ташкили тантананок фиристодани даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ;
ошкор намудани ташвишҳои оилаҳои даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ ва қабули чораҳо ба риояи қатъии қонунгузории амалкунанда доир ба имтиёзҳо ва ёрии моддӣ барои ин оилаҳо.
10. Бо қарори раиси шаҳр ва ноҳия комиссияи даъват таъсис дода мешавад.
Ба комиссияи даъват бояд дохил шаванд: муовини раиси ноҳия ё шаҳр, комиссари ҳарбӣ, котиби комиссияи даъват, духтуре, ки ба кори муоинаи тиббии шаҳрвандон роҳбарӣ мекунад, сардор ё муовини сардори щӯьбаи корҳои дохилии шаҳр ё ноҳия, инчунин намояндаи шӯъбаи маорифи ноҳия, шаҳр. Ба ғайр аз ин ба ҳайати комиссияи даъват метавонанд дигар шахсони вазифадор, намояндагони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дохил шаванд.
Ташкили муоииаи тиббии шаҳрвандоне, ки ба хизмяти ҳарбӣ даъват мешаванд ва қабул намудани қарорҳо нисбати онҳо ба зиммаи комиссияи даъват гузошта мешавад.
Қарори комиссияи даъват бояд бо қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад ва хилофи хулосаи духтур , мутахассисе, ки оид ба масъалаи бинобар вазъи саломатӣ қобили хизмати ҳарбӣ будани шаҳрванд анҷом додааст, набошад.
11. Барои тафтишу назорати дурустии ба таъхир андохтани мӯҳлати даъвати шаҳрвандон ва аз даъвати ҳарбӣ озод кардани шаҳрвандон, асоснокии фиристодани онҳо ба навъҳои қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон нисбати амалҳои комиссияҳои даъвати шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе комиссияи марбутаи даъват таъсис дода мешавад.
Комиссияи иишондодашуда ҳуқуқ дорад, қарорҳои комиссияи даъвати шаҳрӣ, ноҳиявиро таҷдиди назар намояд ва бекор кунад.
12. Бо вазъи саломатӣ қобил будани даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо барои пешакӣ муайян намудани навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшун ва сохторҳои ҳарбиро ҳар як духтури мутахассис бо шакли алоҳидаи баҳодиҳи муайян мекунад. Хулоса оид ба қобил будан ё ғайриқобил будани даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ, арзу шикоятҳои онҳо ва далелҳои объективие, ки дар ҷараёни муоинаи тиббӣ ошкор шудаанд, инчунин ташхиси муқарраршударо ҳар як духтур,мутахссис дар варақаи қайди даъват шаванда қайд мекунад ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар Низомнома оид ба муоинаи тиббӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ пешбинӣ шудаанд, бо имзои шахсии духтури мутахассис бо нишон додани таърихи муоинаи тиббии даъватшаванда тасдиқ карда мешаванд.
13. Баъди муоинаи тиббиро гузаштани даъватшаванда духтур - аъзои комиссияи даъват дурустии ҳамаи навиштаҷотеро, ки духтуронмутахассисон ба варақаи (картаи) даъватии даъватшаванда барои гузориш ба комиссияи даъват ба ҳар як даъватшаванда оид ба вазъи саломатии ӯ, инкишофи ҷисмонӣ, қобил будан ба хизмати ҳарбӣ ва имконияти дохил намудан ба ин ё он навъи Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дохил намудаанд, ба шахсони беморидошта бо шад, дар мавриди зарурӣ додани имконияти ,ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват бо сабабҳои беморӣ ё ба муоинаи такрорӣ ё табобат фиристодани онҳоро бодиққат месанҷад.
14. Даъватшавандагоне, ки муассисаҳои таълимии "маълумоти миёнаи касбиро хатм намудаанд, инчунин тайёриро бо ихтисосҳои ҳарбӣ дар ташкилотҳои таълимии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд ва ба навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ ба вазифаи аскар, чун қоида бо ихтисосҳои гирифтаи онҳо дар муассисаҳои (ташкилотҳои) мувофиқаи таълимӣ фиристода мешаванд.
15. Бародарон - дугоникҳо, агар онҳо дар як вақт, аз тарафи як комиссияи даъват даъват шуда бошанд ва нишондодҳои ягона бо маълумоту тайёрии махсус, вазъи саломатию инкишофи ҷисмонӣ, хулқ ва дигар қобилият доранд, бояд чун қоида, ба хизмати ҳарбӣ якҷоя ба як қисми ҳарбӣ фиристода шаванд.
16. Даъватшавандагоне, ки хешовандони наздикашон ё шахсоне, ки дар тарбияи онҳо қарор доранд ва меъёри ҷазоро дар маҳалли маҳрум кардан аз озодӣ ба ҷо меоранд ё ба ҷо меоваранд, ба қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода намешаванд.
17. Даъватшавандагоне, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд, ба дастаҳои отрядҳои (қисмҳои) ҳарбӣ-бинокорӣ фиристода мешаванд ва байни онҳо баробар тақсим карда мешаванд. Даъвати онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар тартиби муқаррарнамудаи Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
18. Шумораи шаҳрвандоне, ки даъват мешаванд, дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мешавад. Тақсимоти онҳо ба навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, кӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии дигар вазоратҳою идораҳо, инчунин тартиби гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизати ҳарбӣ дар фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Сардори Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.
19. Дар ҳамаи чорабиниҳои асосӣ, ки бо ташкилу гузаронидани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва таъминоти моддии вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо алоқаманд мебошанд, комиссарҳои ҳарбӣ дар навбати худ ба раисони вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии Ҳукуматҳо барои қабули қарори дахлдор арз менамоянд.
20. Бо мақсади ташкил ва сифатнок гузаронидани чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баланд бардоштани тайёрии махсуси афсарони комиссариатҳои ҳарбӣ, духтурон - мутахассисон, коркунони техникӣ ва шахсони ҳайати хизматрасон,ки барои корҳои нуқтаҳои даъват ҷалб карда шудаанд, пеш аз даъват гузаронида мешавад:
дар назди Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонҷамъомадҳои як-ду рӯзаи дастурӣ-методии комиссарони ҳарбии вилоятӣ ва сардорони шӯъбаҳои дуюми комиссариатҳои ҳарбии вилоятӣ;
дар назди комиссариатҳои ҳарбии вилоятӣ - ҷамъомадҳои 2-3 рӯзаи дастурӣ-методии комиссарони ноҳиявӣ (шаҳрӣ), сардорони шӯъбаҳои 2-уми комиссариатҳои ҳарбӣ ва духтурон - мутахассисоне, ки барои муоинаи тиббии даъватшавандагон ҷалб карда шудаанд;
дар назди комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ҷамъомадҳои якрӯзаи дастурӣ-методӣ бо аъзоҳои Комиссияи даъват, духтуронмутахассисон, коркунони техникӣ ва шахсони ҳайати хизматрасон, ки ба корҳои нуқтаҳои даъват ҷалб карда шудаанд.
21. Қомиссарони ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ӯҳдадоранд, пеш аз даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ бо роҳбарони ташкилотҳои истифодабарии манзилӣ, раисони ҷамъомадҳо, сардорони шӯъбаҳои кадрҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагии коллективӣ, инчунин шахсоне, ки ба қайди даъватшавандагон оид ба тартиби хабар кардани даъватшавандагон, ҳозир шудани онҳо ба нуқтаи даъват ва фиристодан ба қӯшунҳои даъваткунандаи хизмати ҳарбӣ идора мекунанд, машғулият гузаронанд.
22. Хабар додани шаҳрвандон оид ба даъват ба хизмати ҳарбӣ ва ҳозир шудани онҳо ба нуқтаҳои даъват бо фармони комиссарони ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ва бо даъватномаҳои шахсӣ, ки ба воситаи ташкилотҳои истифодабарии манзилӣ, соҳибхонаҳои шахсӣ, ҷамъомадҳо, шӯъбаҳои кадрҳои корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои коллективӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба даъватшавандагон дода мешаванд, сурат мегирад.
Даъватномаҳо бо даъватшавандагон бояд на камтар аз 5 рӯз пеш то ба онҳо таъин кардани мӯҳлати ҳозиршавӣ ба нуқтаҳои даъват барои гузаштани комиссияи даъват дода шаванд.
Фармони комиссарҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба даъват кардани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ баъди дар матбуот интишор ёфтани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшунҳо ва сохторҳои ҳарбии дигар вазоратҳою идораҳо ба эҳтиёт озод шудани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва доир ба даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ эълон карда мешавад. Ҳозир шудани шаҳрвандон ба нуқтаҳои даъват бояд дар тартиби ташкилӣ, чун қоида, бо ҳамроҳӣ кардани намояндагони ҷамъомадҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои коллектививӣ роҳбарони ҳарбии муассисаҳои таълимӣ сурат гирад.
23. Комиссарони ҳарбии ноҳиявӣ (таҳрӣ) ӯҳдадоранд, шахсан ҳозир шудани даъватшавандагонро барои гузаштани комиссияи даъват назорат кунанд ва дар муносибати шахсоне, ки ба комиссияи даъват ҳозир нашудаанд, барои сабабҳои муайяншудаи ҳозир нашудан ва кофтукови онҳо чораҳо андешанд.
Ба даъватшавандагоне, ки барои гузаштани комиссияи даъват бо сабабҳои асоснок ҳозир нашудаанд, рӯзи дигари ҳозиршавӣ барои гузаштани он, ки дар даъватнома хабар дода шудааст, муқаррар карда мешавад.
Доир ба ҳама ҳолатҳои бе сабабҳои асоснок ҳозир нашудани даъватшавандагон ба комиссияи даъват комиссарҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) дар ҳолатҳои зарурӣ ба мақомоти корҳои дохилӣ барои кофтукови онҳо хабар медиҳанд.
Ҳуҷҷатҳои шахсонеро, ,ки қасдан аз даъват ва фиристодан ба қисмҳои ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, инчунин шахсони вазифадореро, ки дар айни вақт садди ҳозиршавии шаҳрвандон ба нуқтаҳои даъват мегарданд, ба мақомотҳои дахлдор барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани онҳо мувофиқи қонунгузории амалкунанда месупоранд.