Низомномаи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 391

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 591 беэътибор дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2002 № 391

тасдиқ шудааст

Низомномаи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Сарраёсати байторӣ) системаи ягонаи мақомоти идораи давлатиест, ки кори байториро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, назорат, ҳамоҳанг ва тафтиш намуда, дар соҳаи байторӣ сиёсати ягонаи давлатиро татбиқ менамояд.

2. Сарраёсати байторӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кори байторӣ" таъсис ёфта, дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Иҷрои санадҳои меъёрии мақомоти Сарраёсати байторӣ барои тамоми мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳатмӣ мебошад.

4. Сарраёсати байторӣ бевосита аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.

II. Вазифаҳо ва функсияҳои Сарраёсати байторӣ

5. Вазифаи асосии Сарраёсати байтори ҷорӣ намудани сиёсати давлати дар сохаи байторӣ мебошад.

6. Сарраёсати байторӣ назорат ва тафтиши корҳои зеринро амалӣ менамояд:

- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои карантинӣ ва махсусан хатарноки ҳайвонот;

- таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигари меъёрию ҳуқуқӣ, стандартҳо, муқаррарот, дастурамалҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои байторӣ ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ намудани онҳо;

- ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воридшавии барангезандаҳои бемориҳои карантинии ҳайвонот аз каламрави давлатҳои хориҷӣ;

- гузаронидани санҷишҳои (экспертизаҳои) байторию беҳдоштӣ ҳангоми хариду фурӯши маҳсулоти чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯрпарварӣ, растанипарварӣ, инчунин назорати ҳолати байторию беҳдоштии нуқтаҳои савдои ҳайвонот дар бозорҳо, ярмаркаҳо, музоядаҳо ва намоишгоҳҳои ҳайвонот;

- назорати риояи талаботҳои байторию беҳдоштӣ ва гигиенӣ ҳангоми нигоҳубин, хӯрокдиҳӣ ва истифодаи ҳайвонот, захира, коркард, нигоҳдорӣ, истифода ва интиқоли маҳсулоти чорводорӣ ва хӯроки чорво;

- ташкили назорати воридот, содирот, истеҳсол, истифода, коркард, нигоҳдорӣ, хариду фурӯш, транзити маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ бо мақсади пешгирии пайдоишу паҳншавӣ ва муборизаи зидди бемориҳои махсусан хатарноки ҳайвонот ва зооантропонозҳо дар якҷоягӣ бо органҳои назорати давлатии санитарӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, новобаста аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияташон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи байторӣ;

- дар амал ҷорӣ намудани комёбиҳои илмию техникии соҳаи байторӣ;

- ривоҷи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи байторӣ.

III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Сарраёсати байторӣ

7. Ба Сарраёсати байторӣ ваколати тафтиши иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи байторӣ дар мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои ҳамагуна шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, дода мешавад.

8. Сарраёсати байторӣ:

- номгӯи бемориҳои карантинӣ ва махсусан хатарноки ҳайвонот, инчунин бемориҳоро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ташхис ва пешгирӣ карда мешаванд, муайян ва тасдиқ менамояд;

- ба корхонаю ташкилотҳо, кооперативҳо, новобаста аз тобеияти идорӣ ва шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандон барои ҳуқуқи истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, фурӯши маҳсулоти чорводорӣ, доруворӣ ва маводи биологии байторӣ, воситаҳои зоогигиенӣ, асбобу анҷоми аҳамияти зооветеринаридошта, инчунин фаъолияти инфиродии байторӣ литсензия медиҳад;

- системаи ягонаи стандартизатсия ва сертификатсияи маводҳои байтории ватаниро таъсис дода, ба сертификатсияи давлатии онҳо ва маводҳои байтории хориҷӣ роҳбарӣ менамояд ва ба истеҳсолу истифодаи онҳо иҷозат медиҳад;

- шароити нигоҳдорӣ ва истифодаи хайлҳои (штампҳои) микроорганизмҳоро дар муассисаҳои илмӣ, илмию истеҳсолӣ ва корхонаҳо назорат менамояд. Барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз он содир намудани хайлҳои барангезандаҳои бемориҳо иҷозат медиҳад;

- меъёрҳои лоиҳакашии технологии комплексҳои чорводорӣ, фабрикаҳои паррандапарварӣ, комбинатҳои коркарди маҳсулоти чорводориро бо дарназардошти мутобиқати онҳо ба талаботи байторию беҳдоштӣ ва гигиенӣ баррасӣ ва тасдиқ намуда, назорати риояи ин талаботро ҳангоми сохтани объектҳо ташкил менамояд;

- якҷоя бо муассисаҳои илмии байторӣ самтҳои афзалиятнок ва барномаҳои тадқиқотҳои илмиро дар соҳаи байторӣ, истеҳсоли маводҳои таъиноти байторӣ дошта, барномаҳои тайёркунии байторон ва такмили ихтисоси онҳоро муайян менамояд.

9. Лоиҳаҳои мабалағгузории чорабиниҳои ҷумҳуриявии байторию беҳдоштӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории муассисаҳои байториеро, ки бевосита дар тобеияти Сарраёсати байторӣ мебошанд, тартиб медиҳад.

10. Сарраёсати байторӣ лимити марказонидашудаи сармоягузориҳои аз бучети давлатӣ ва манбаъҳои дигари маблағгузории барои сохтмон, азнавсозии заминаи истеҳсолию техникии муассисаҳои давлатии хадамоти байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои ба даст овардани техникаи махсусгардонидашудаи байторӣ, асбоб ва таҷҳизоти озмоишгоҳии ба он ҷудошавандаро тақсим мекунад.

11. Нозирони давлатии байторӣ ҳуқуқ доранд:

- бемонеа вориди иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ҷамъиятҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳали зисти шаҳрвандон гардида, дар доираи салоҳияти худ аз онҳо маълумоти заруриро гиранд;

- ба субъектҳои байторӣ, чорводорӣ, коркарди маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандоне, ки соҳиби чорво ва маҳсулоти он мебошанд, доир ба бартараф намудани вайронкунии ошкоргардидаи қонунгузории байторӣ супориши дахлдор диҳанд;

- содирот аз марзи ҷумҳурӣ ва воридоти ҳама намуди ҳайвонот ва маҳсулоти чорводориро, дар сурати аз ҷиҳати эпизоотӣ шубҳаовар будани онҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намоянд;

- дар сурати риоя накардани стандарту меъёрҳои истеҳсолот, сифати маводи биологӣ ва дорувории байторӣ амали литсензияи истеҳсолкунандагон ва тоҷиронро боз доранд;

- фурӯш ва истифодаи маводи биологӣ ва дорувории байториро, ки сифаташон ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ нест, манъ намоянд;

- тартиби гузаронидани санҷишҳои (экспертизаҳои) байторию беҳдоштӣ, сертификатсиякунонии маҳсулот ва ашёи хоми чорводорӣ, маводи биологӣ ва дорувории байториро муайян намуда, риояи стандартҳою меъёрхоро дар ин соҳаҳо назорат намоянд;

- то мувофиқи талабот анҷом додани чорабиниҳои зарурии байторию беҳдоштӣ истифодабарии иншооти чорводорӣ, корхонаю муассисаҳои коркард ва нигоҳдории маҳсулоту ашёи хоми чорводориро, дар сурати ошкор намудани бемориҳои сироятии ҳайвонот ва ё ҳолати ғайриқаноатбахши байторию беҳдоштӣ ва гигиении объектҳои мазкур, то гирифтани иҷозати хатии мақомоти Назорати давлатии санитарӣ, манъ намоянд,

- дар сурати ба бемориҳои махсусан хатарнок гирифтор будани ҳайвонот ба ҳама шахсон ҷиҳати куштан ва нобуд кардани онҳо супориши ҳатмӣ диҳанд.

IV. Мақомоти идории Сарраёсати байторӣ

12. Сарраёсати байториро сардор сарварӣ менамояд. Сардори Сарраёсати байторӣ ҳамзамон Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ӯро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

13. Сардори Сарраёсати байторӣ - Сарнозири давлатии байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- кори Сарраёсати байториро ташкил менамояд, барои иҷрои вазифаҳои ба замимаи ӯ гузошташуда масъул буда, онҳоро дар байни муовинони худ тақсим мекунад ва низомномаҳои идораҳои вилоятии байториро тасдиқ менамояд;

- муовинони сардор, сармуҳосиб, кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои тобеи Сарраёсати байториро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- доир ба мукофотонидани кормандони Сарраёсати байторӣ, роҳбарони ташкилотҳои тобеъ ва додани танбеҳи интизомии онҳо қарор қабул менамояд;

- манфиатҳои Сарраёсати байториро дар ҳамаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон, мутобиқи қонунгузории амалкунанда ифода намуда, амволеро, ки ба Хадамоти давлатии байторӣ тааллуқ дорад дар ихтиёр дошта, боваринома медиҳад, фармонҳо интишор мекунад, дар бонкҳо суратҳисоб мекушояд;

- маблағҳои ба Сарраёсати байторӣ барои гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпизоотиявӣ ҷудошавандаро тақсим менамояд;

- чадвали штати ва сметаи хароҷотро дар доираи шумораи муқарраргардида ва хароҷоти тасдиқнамуда, тасдиқ менамояд.

14. Сарраёсати байторӣ дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2002 № 391

тасдиқ шудааст

Сохтори Дастгоҳи марказии Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишовразии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ

Идораи чорабиниҳои зиддиэпизоотиявӣ

Идораи корҳои пешгирию табобатӣ

Идораи банақшагирию ҳисоботи молиявӣ

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2002 № 391

тасдиқ шудааст

Нақшаи идораи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзӣ

Дастгоҳи марказӣ

Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии байторӣ

Экспедитсияи ҷумҳуриявии эпизоотиявӣ

Озмоишгоҳи давлатии стандартизатсия, сертификатсия ва литсензиядиҳии маводҳои байторӣ

Корхонаи воҳиди хизматрасонии зоологию байтории Тоҷикистон

Идораи назорати давлатии байторӣ дар сарҳади давлатӣ ва нақлиёт

Идораҳои байтории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон

Стансияҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвоноти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 октябри соли 2002 № 391

тасдиқ шудааст

Номгӯи бемориҳои ҳайвонот, ки ташхис ва пешгирии хоссаи онҳо барои ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ва шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронида мешавад

1. Сумдарди вабоӣ

2. Сӯхтанӣ

3. Бруселлоз

4. Сил

5. Тоуни говҳо