Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2002, № 391 "Дар бораи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 591 беэътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо мақсади ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи байторӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомнома, сохтор ва нақшаи идораи замимагардидаи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазоратӣ кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.

2. Шумораи кормандон ва маблағгузории дастгоҳи марказӣ дар ҳаҷми буҷети тасдиқгардидаи Сарраёсати байторӣ бо Инспексияи давлатии байтории назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо), корхонаҳо ва ташкилотҳо бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи байторӣ чорабиниҳои дахлдорро таҳия ва татбиқ намояд.

4. Номгӯи замимагардидаи бемориҳои ҳайвонот, ки ташхис ва пешгирии хоссаи онҳо барои ҳамаи категорияи хоҷагиҳо ва шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ гузаронида мешавад, тасдиқ карда шавад.

5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 1995 № 20 "Дар бораи тасдиқи Оинномаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Э. Раҳмонов

аз 1 октябри соли 2002 № 391

ш. Душанбе