Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2005, № 289 "Дар бораи тасдиқи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.07.2020 № 412 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлатӣ

Мутобиқи моддаи 197 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шаклҳои замимагардидаи Эъломия оид ба андоз аз даромад ва Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлати тасдиқ карда шаванд.

2. Муқаррар карда шавад, ки Эъломия оид ба андоз аз даромадро хизматчии давлати ба мақомоти андози ҷои зист дар чунин ҳолатҳо пешниҳод менамояд:

- ҳангоми дохил шудан ба хизмати давлати;

- ҳар сол на дертар аз 1 апрели баъди соли ҳисоботи.

3. Эъломия оид ба вазъи амволии хизматчии давлати бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

4. Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ Дастурамали тартиби пур кардани эъломияҳои мазкурро таҳия ва тасдиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

аз 1 августи соли 2005 № 289

ш. Душанбе

Замимаҳо