Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 сентябри соли 2006 № 424
тасдиқ карда шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 сентябри соли 2006 № 424
тасдиқ карда шудааст
Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ин Оиннома моҳияти интизомро дар мақомоти корҳои дохилӣ, намудҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷазоҳои интизомӣ, ҳуқуқи сардорон ҷиҳати татбиқи онҳо, инчунин тартиби арзу шикоятро муайян менамояд.
Фасли I. Муқаррароти умумӣ
1. Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ аз Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин аз ин Оиннома асос мегирад.
2. Интизоми ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ аз қатъӣ ва аниқ риоя намудани тартибу қоидаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, инчунин аз риояи савганд, оинномаҳо, дастурҳо, шартномаҳо ва фармонҳои роҳбарони бевосита иборат мебошад.
3. Интизом дар мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси шуурнокии баланд, боварии қатъӣ ва дарки амиқи қарзи хизмативу масъулияти ҳар як шахси ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда оид ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ аз сӯиқасдҳои ғайриқонунии ҷиноятӣ ва ғайра иборат мебошад.
4. Усули асосии муваффақ гардидан ба шуурнокии баланди ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ бовар кунонидан мебошад. Вале боваркунонӣ истифодаи чораҳои таъсиррасони маҷбуриро нисбати ашхосе, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ бепарвоёна муносибат менамоянд, истисно намекунад.
5. Интизом дар мақомоти корҳои дохилӣ ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаро вазифадор менамояд, ки:
- ба савганди худ вафодор бошанд, ба таври қатъӣ Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, риоя намоянд;
- талаботи савганд, оинномаҳо ва фармонҳои сардоронро иҷро намоянд, дар ҳар гуна ҳолат қонуниятро риоя кунанд, шахсияти дигаронро эҳтиром намоянд;
...