Банди 2 бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2008с. № 688 беэътибор дониста шуд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"
Мутобиқи моддаҳои 53, 55 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои банди f фасли 3.01 моддаи III Созишномаи дастгирӣ (нисбат ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон") байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки европоии таҷдид ва рушд аз 27 июли соли 2005, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2005 № 203 тасдиқ карда шудааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" иваз карда шавад.
2. Оинномаи замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тасдиқ карда шавад.
3. Агентии давлатии зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро дар хусуси муқаррар кардани тарифҳо дар ҳамлу нақли байналмилалӣ (аз ҷумла ҳама гуна самтҳои байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Тоҷикистон) қать намояд.
4. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" тарифҳои тағйирпазирро дар ҳамлу нақли байналмилалӣ (аз ҷумла ҳама гуна самтҳои байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷумҳурии Тоҷикистон) вобаста ба мавсим ва каму зиёдии мусофирон бо назардошти талаботи бозори хизматрасонии ҳавопаймоӣ муайян, муқаррар ва истифода намояд.
5. Бандҳои 2 ва 5 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2004 № 116 "Дар бораи ба Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" табдил додани Ширкати давлатии ҳавоии "Тоҷикистон"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон" беъэтибор дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 7 сентябри соли 2006 № 416
ш. Душанбе