Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, № 409 "Оид ба ҷорӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ҷорӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади такмили идоракунии молияи давлатӣ, истифодаи самараноки он мувофиқи афзалиятҳои сиёсати миллӣ ва ҳуҷҷати Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз ташаккули буҷети соли 2008 сар карда, Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина дар соҳаҳои озмоишӣ ҷорӣ карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- то 1 октябри соли 2006 нақшаи чорабиниҳо ва ҷадвали ҷорӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;

- Низомномаи ташаккул ва ҷорӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода ва дар мувофиқа бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, онро то 1 декабри соли 2006 ба вазорату идораҳо, ташкилотҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад;

- вобаста ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ҳар сол ҳаҷми умумии захираҳои буҷетиро муайян намуда, онро ба баррасии Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақсимоти он мутобиқи афзалиятҳои соҳавӣ пешниҳод намояд.

3. Комиссияи кории буҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавӣ ва афзалиятҳои байнисоҳавӣ аз руи вазифа мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.

4. Комиссияи кории буҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- вобаста ба афзалиятҳои сиёсати миллӣ ҳар сол соҳаҳои озмоиширо, ки дар онҳо Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад, муайян намояд, то ки фарогирии пурраи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт то соли 2012 ба анҷом расонида шавад;

- дар якҷоягӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки ба масъалаҳои буҷетӣ ва молиявӣ марбутанд, ба ҳамин қарор мутобиқ сохта, то I апрели соли 2007 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳодот манзур намояд.

5. Ба раиси Комиссияи кории буҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки ҳангоми зарурат ба кори Комиссия намояндагон ва мутахассисони дигар вазорату идораҳоро вобаста ба масъалаҳои дахлдор ҷалб намояд.

6. Вазорату идораҳое, ки сиёсати соҳавии дахлдорро таҳия менамоянд:

- барои тартиб додани барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавии хароҷот вобаста ба афзалиятҳои байнисоҳавӣ, комиссияи кории байниидоравии соҳавиро таъсис диҳанд;

- ҳар сол мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миёнамӯҳлати соҳавии хароҷотро ба баррасии Комиссияи кории буҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

7. Муқаррар карда шавад, ки ҳамаи санадҳои меъёрӣ оид ба ҷорӣ намудани Барномаи миёнамӯҳлати хароҷоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида нашр менамояд, барои ҳамаи вазорату идораҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷро ҳатмӣ мебошанд.

8. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 7 сентябри соли 2006 № 409

ш. Душанбе

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 7 сентябри соли 2006 № 409

Ҳайати Комиссияи кории буҷетии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оидба муайян намудани барномаҳои миёнамӯҳлати соҳавӣ ва афзалиятҳои байнисоҳавӣ

Раиси комиссия:

Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аъзои комиссия:

Муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини Вазири саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Департаменти буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Департаменти дурнамои маҷмӯй ва рушди иҷтимоии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон