Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 54
тасдиқ шудааст
Тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009 № 414, аз 10.02.2016 № 66)
I. НУҚТАҲОИ УМУМӢ
1. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" Тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ шартҳоеро, ки барои гузаронидани аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ заруранд, баррасии онҳо ва додани шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатиро ба низом медарорад.
Мақсад аз аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ ба тартиб овардани фаъолияти муассисаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи таҳқиқоти илмии бунёдиву амалӣ, беҳтар намудани тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва истифодаи дурусту оқилонаи маблағҳои буҷетӣ мебошад
2. Объектҳои аккредитатсияи давлатӣ муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба шакли ташкилотиву ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон буда ва ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони илмие мебошанд, ки кори асосиашон фаъолияти илмӣ, (ё) илмӣ-техникӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ буда, тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи илмӣ амал мекунанд.
II. ШАРТҲОИ ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА ДАР БОРАИ АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ
3. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ба муассисаҳои илмӣ ба шарте дода мешавад, ки агар:
фаъолияти илмӣ ва (ё) илмиву техникии муассиса фаъолияти асосӣ бошад;
ҳаҷми фаъолияти илмӣ ва (ё) илмиву техникии муассиса на камтар аз 70 фоизи ҳаҷми умумии корҳои дар 5 соли охир иҷрошавандаро (ва ё дар тамоми давраи фаъолият анҷомдодаро агар муассиса камтар аз 5 сол арзи вуҷуд карда бошад) ташкил кунад;
дар оинномаи муассиса шӯрои илмӣ (техникӣ, илмиву техникӣ) ба сифати яке аз мақомоти идора пешбинӣ шуда бошад.
4. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ ба муддати 5 сол эътибор дорад. Бо баробари анҷом ёфтани муддати мазкур аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ такроран тибқи тартиби муқарраркардаи ин Тартиб гузаронида мешавад.
5. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди қайди давлатии муассисаҳои илмӣ дода мешавад.
6. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ барои ба ташкилоти илмӣ додани имтиёзҳои пардохти андозҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар имтиёзҳое, ки барои ташкилотҳои илмӣ аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудаанд, асос мебошад.
7. Раддия оид ба додани шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ба ташкилотҳои илмӣ барои ба амал баровардани фаъолияти илмӣ монеа шуда наметавонад, дар як вақт чунин ташкилот ҳуқуқи истифодаи ямтиёзҳои дар қисми панҷуми моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" пешбинӣ гардидаанд (банди 6 тартиби мазкур) надорад.
III. НОМГӯЙИ ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНӢ
АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ ЗАРУРАНД ВА ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ОНҲО
8. Муассисае, ки хоҳиши гирифтани аккредитатсияи давлатӣ дорад, ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунад:
ариза барои ба муассисаи илмӣ додани шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ;
нишондиҳандаҳои асосӣ, ки фаъолияти муассиса, аз ҷумла бахшҳои онро тайи 5 соли охир (ва ё дар тамоми давраи фаъолият, агар муассиса камтар аз 5 сол арзи вуҷуд карда бошад), тавсиф медиҳанд;
нусхаи шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии муассисаи илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
нусхаи оинномаи муассиса.
9. Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зикргардида:
муассисаҳои илмии тобеи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тобеи академияҳои илмҳои соҳавӣ кишоварзии Тоҷикистон, ки мақоми давлатӣ доранд, ҳуҷҷатҳои зикргардидаро ба Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба мақомоти дахлдори Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд
муассисаҳои илмие, ки шакли дигари ташкилотиву ҳуқуқӣ ва шакли дигари моликият доранд ва ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони илм, ки фаъолияти асосиашон фаъолияти илмӣ, (ё) илмиву техникӣ ва тайёр кардани кормандони илм мебошад ва тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисии муассисаи илмӣ амал мекунанд, ҳуҷҷатҳои зикргардидаро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки мақоми давлатӣ доранд, барои аккредитатсияи муассисаҳои илмии тобеъ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва пешниҳодӣ, асоснок равона мекунанд.
IV. ТАРТИБИ БАРРАСӢ ВА ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА ДАР БОРАИ АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТӢ
10. Ҳангоми баррасӣ кардани масъала дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ бояд нуқтаҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:
аҳамияти илмӣ ва дараҷаи таҳқиқоту корхонаҳои анҷомдодашуда;
тахассуси кормандони ин муассиса;
ҳамоҳангии тадқиқот ва коркардҳои анҷомдодашуда бо муассисаҳои дигари илмӣ:
мавҷудияти пойгоҳҳо (базаҳо)-и моддиву техникии мувофиқ.
11. Мӯҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсияи давлатӣ на бештар аз 3 моҳ, мебошад.
Дар сурати манфӣ ҳал шудани масъалаи аккредитатсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи илмӣ радномаи асоснок равона мекунад.
12. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ ва ҳамчунин ба бахшиҳо ва намояндаҳои муассисаи илмӣ додани нусхаи тасдиқкардашудаи шаҳодатномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Комиссия оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои илмро бар зимма дорад, имзо менамояд ва месупорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати муқаррар шудани номутобиқии фаъолияти муассисаи илмӣ ба шартҳои дар боло зикршуда ҳуқуқ дорад, ки аккредитатсияи давлатии ин муассисаро бекор эълон намояд. Аризаи такрорӣ оид ба аккредитатсияи давлатии муассисаи илмӣ, баъди як соли қабули қарор дар бораи бекор эълон шудани он, тибқи тартиботи муқарраршуда дида баромада мешавад.
13. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон феҳристи муассисаҳои илмии аккредитатсияи давлатиро тартиб дода, оид ба мазмуни он ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи дархост ба мақомоти дигари манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот медиҳад.
14. Варақаҳои шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ, ҳамчун ҳуҷҷатҳои ҳисобдиҳии қатъӣ, бояд аз коғази дараҷаи баланди ҳимоя таҳия шуда, силсила ва рақами ҳисоби дошта бошад. Ба даст овардан, ҳисоб гирифтан ва нигоҳ, доштани варақаҳои шаҳодатномаи мазкурро Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мекунад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 54
тасдиқ шудааст
ҲАЙАТИ КОМИССИЯ ДОИР БА АККРЕДИТАТСИЯИ ДАВЛАТИИ МУАССИСАҲОИ ИЛМӢ
1. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ-фарҳангӣ, раис
2. Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раис
3. Муовини саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиби комиссия
АЪЗОЁНИ КОМИССИЯ:
4. Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
6. Академик-котиби шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тиббии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус
9. Сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
11. Ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М Осимӣ
12. Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
13. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино
14. Сардори Идораи илм, кадрҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
16. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
18. Сардори Раёсати илм, таҳсилоти тиббию фарматсевтии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 феврали соли 2000 № 54
тасдиқ шудааст
Тартиби аккредитатсияи давлатии муассисаҳои илмӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.07.2009с. № 414)

7. Мудири шӯъбаи илму маорифи дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
8. Муовини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус
9. Сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
10. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
11. Ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М Осимӣ
12. Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
13. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино
14. Сардори Идораи илм, кадрҳо ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
15. Ноиби президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
16. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
17. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
18. Сардори Раёсати илм, таҳсилоти тиббию фарматсевтии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон