Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқ намудани "Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ"
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)
Бо назардошти он, ки қисми аксари иқтидорҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои асосии (фондҳои) хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо сабабҳои норасоии воситаҳои моддӣ ва захираҳои ашёвӣ дар ҳолати ғайрикорӣ буда, он ба пастравии боздеҳи фондҳо оварда мерасонад ва бо мақсади ба мувофиқат овардани нишондодҳои молиявии корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. "Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ" -и замимагардида тасдиқ карда шавад.
2. Ҳадди ақали ба реҷаи консерватсия гузаронидани фондҳои асосӣ 1 (як) сол муқаррар карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори манфиатдор, ки дорои шароитҳои махсусанд, бо мувофиқаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ дастурамалҳои соҳавии консерватсиякунонии амволи корхонаҳоро тасдиқ намоянд
4. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти андоз ошкор намудани бе иҷозатнома истифодабарии амволи дар консерватсиябуда, аз андозсупорандагон аз ҳамин амвол мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз ситонида мешавад
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 3 феврали соли 2000 № 48
ш. Душанбе