Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2000, № 48 "Дар бораи тасдиқ намудани "Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ"

Санаи амалкуни: 28.12.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқ намудани "Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ"

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 590)

Бо назардошти он, ки қисми аксари иқтидорҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои асосии (фондҳои) хоҷагии халқи ҷумҳурӣ бо сабабҳои норасоии воситаҳои моддӣ ва захираҳои ашёвӣ дар ҳолати ғайрикорӣ буда, он ба пастравии боздеҳи фондҳо оварда мерасонад ва бо мақсади ба мувофиқат овардани нишондодҳои молиявии корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. "Тартиб оиди гузаронидани амволи корхонаҳо ба реҷаи консерватсионӣ" -и замимагардида тасдиқ карда шавад.

2. Ҳадди ақали ба реҷаи консерватсия гузаронидани фондҳои асосӣ 1 (як) сол муқаррар карда шавад.

3. Вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори манфиатдор, ки дорои шароитҳои махсусанд, бо мувофиқаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ дастурамалҳои соҳавии консерватсиякунонии амволи корхонаҳоро тасдиқ намоянд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590).

4. Дар ҳолати аз тарафи мақомоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хадамоти андоз ошкор намудани бе иҷозатнома истифодабарии амволи дар консерватсиябуда, аз андозсупорандагон аз ҳамин амвол мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз ситонида мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 590).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 3 феврали соли 2000 № 48

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении "Порядка перевода имущества предприятий в режим консервации"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№590)

Принимая во внимание, что значительная часть производственных мощностей и основных средств (фондов) народного хозяйства республики не задействованы в работе из-за нехватки материальных и сырьевых ресурсов, что приводит к дальнейшему снижению фондоотдачи и с целью приведения в соответствие финансовых показателей предприятий не зависимо от форм собственности, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить, прилагаемый "Порядок перевода имущества предприятий в режим консервации".

2. Установить минимальный срок перевода основных средств (фондов) в режим консервации 1 (один) год.

3. Заинтересованным министерствам, ведомствам и субъектам хозяйствования со специфическими условиями в месячный срок утвердить отраслевые инструкции по консервации имущества по согласованию с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан и Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№590).

4. Установить, что при обнаружении органами Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и налоговой службой фактов несанкционированного использования законсервированного имущества, с налогоплательщиков взыскивается налог на данное имущество в соответствии с Налоговым кодексом Республики Таджикистан(в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г.№590).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан      Э. Рахмонов

г. Душанбе

от 3 февраля 2000 года № 48