Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "3" феврали соли 2000 № 46
тасдиқ шудааст
Дастурамал "Дар бораи тартиби ҳалл намудани баҳсҳои андозсупоранда бо мақомоти андоз"
1. Дастурамали мазкур мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва дар он тартиби ҳалл намудани баҳсҳое, ки миёни андозсупоранда ва мақомоти андоз ҳангоми ҳисоб намудан ва пардохтани (ситонидани) андозҳо ба буҷет ба амал меояд, шарҳ дода шудааст.
2. Андозсупорандае, ки пардохти маблағи ҳисобкардашуда ё дигар қарори мақомоти андозро мавриди баҳс қарор додааст, метавонад ба ҷузъҳои таркибии мақомоти андоз, ки оиди ситонидани маблағи андоз қарори дахлдор қабул кардаанд ё суд мутобиқи муқаррароти моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби маъмурӣ, дар бораи аз нав дида баромадани он (яъне ин қарор) бо ариза муроҷиат намояд.
3. Дар ариза бояд далелҳои баёнгардида, ҳуҷҷатҳое, ки андозсупоранда хоҳишашро дар асоси он ба миён гузоштааст, нишон дода шавад. Ариза бояд дар муддати 30 рӯзи баъди аз тарафи андозсупоранда гирифтани огоҳинома дар бораи ҳисоб кардани андоз ё қарори дигар пешниҳод карда шавад (моддаи 90 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд дар қавсҳо танҳо рақами моддаи ин Кодекс дарҷ карда мешавад).
4. Аризаҳои андозсупорандагоне, ки мутобиқи муқаррароти банди 2-и ин Дастурамал, яъне гузаштани мӯҳлати 30 рӯз баъди аз тарафи онҳо гирифтани огоҳинома оиди ҳисоб намудани андоз ё қарори дигари мақомоти андоз пешниҳод мешаванд, аз нав дида баромада намешаванд, ба ғайр аз мавридҳое, ки дар банди 9 Дастурамали мазкур қайд шудаанд (90-1).
Масилан: Дир асоси санади тафтиши корхонаи "Гулдаста" аз 3 январи соли 1999 Нозироти андоз дар ноҳияи Файзобод қарор қабул намудаасг, ки маблағҳои ҳисобшудаи андоз (якҷоя бо ҷирима ва фоизҳо) 500,0 ҳазор рубл 20 январи соли 1999 ба буҷет супорида (ситонида) шавад. Нусхаи қарори мазкур 5 январи соли 1999 ба корхона расонида шудааст.
Корхонаи "Гулдаста" ин қарорро мавриди баҳс қарор дода, бо аризаи худ аз 9 январи соли 1999 ба нозироти андоз муроҷиат намудааст.
Муҳлати интиҳоии пешниҳод намудани ариза 3 феврал (30 рӯз яъне аз 5 январ то 3 феврал) ба итмом расидааст. Дар ин маврид Нозироти андоз (дар ҳолати мавҷуд набудани сабаби асоснок) баҳси ба миён омадаро метавонад ариза (шикояти) андозсупорандаро аз нав дида набарояд.
Аризаи андозсупоранда дар холате ҳатман аз нав дида баромада мешавад, ки он дар мӯҳлати аз 5 январ то 3 феврали соли 1999 пешниҳод шуда бошад.
5. Мақомоти андоз аризаи андозсупорандаро дар бораи аз нав дида баромадан баррасӣ намуда, оиди он қарор қабул мекунад ва дар бораи он дар муддати 30 рӯз ба андозсупоранда хабар медиҳад (90-2).
Масалан: Корхонаи ’’Анушервон" 6 феврали соли 1999 қарори Нозироти андозро оиди ситонидани 800,0 ҳазор рубл гирифта, 10 феврали ҳамин сол ба нозирот бо ариза муроҷиат намуд. Қарори қабул намудаи Нозироти андоз ё мактуби вай оиди баррасӣ мамудани ин ариза бояд то 11 марти соли 1999 ба андозсупоранда расонида шавад (дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯз пас аз гирифтани ариза (шикоят)).
Дар ҳолате, ки агар аризаи андозсупоранда дар муддати 30 рӯз мувофиқи банди 2 Дастурамали мазкур баъди пешниҳод намуданаш ба мақомоти андозе, ки қарор қабул намудааст, баррасӣ нашавад, андозсупоранда метавонад мутобиқи муқаррароти банди 6-и Дастурамали мазкур амал намояд.
6. Аз болои қарори қабулкардаи мақомоти андоз минбаъд ба мақомоти болоии андоз шикоят кардан мумкин аст, ки вай бояд ба андозсупоранда дар муддати 30 рӯзи баъди гирифтани шикоят вай дар бораи қарори қабулкардааш хабар диҳад. Аз болои қарори мақомоти андози болоӣ ба дастгоҳи Марказии Кумитаи андози ҷумҳурӣ шикоят кардан мумкин аст, ки он бояд ба андозсупоранда дар муддати 30 рӯзи баъди гирифтани шикоятномаи вай дар бораи қарори қабулкардааш хабар диҳад (90-3).
Масалан: Корхонаи "Анушервон" 11 марти соли 1999 қарори Нозироти андоз дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлонро оиди баррасӣ ёфтани аризаи (шикояти) аввалааш гирифта, бо муқаррароти он розӣ машуд.
Дар ин ҳолат корхона метавонад аз болои қарори қабулкардаи Нозироти андоз дар ноҳияи Восеъ ба Кумитаи андоз дар вилояти Хатлон шикоят намояд. Дар ин маврид Кумитаи андоз дар вилояти Хатлон оиди қарори қабул намудааш дар муддати 30 рӯз пас аз рӯзи гирифтани ариза (шикоят) ба андозсупоранда хабар диҳад.
7. Ҳар як шикояти минбаъда бояд баъди ба охир расидани давраи 30-рӯза барои қабул кардани қарор оид ба шикоятномаи андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз, вале то ба охир расидани давраи 15-рӯза аз лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани огоҳинома дар бораи қарори пештара пешниҳод карда шаванд (90-4).
Масалан: Дар ҳолате, ки дар мисоли банди 5-и Дастурамали мазкур оварда шудааст, корхонаи "Анушервон" метавонад, бо ариза (шикоят) оиди қарори Нозироти андоз дар ноҳияи Восеь ба Кумитаи андоз дар вилояти Хатлон дар муддати 15 рӯз аз рӯзи гирифтани огоҳинома доир ба қарори Нозироти андоз дар ноҳияи Восеь, яъне то 26-уми март, муроҷиат намояд.
Масалан: Корхонаи "Бахт" оиди қарори Нозироти андоз доир ба натиҷаи санҷиш аз 01.02.99, ки дастраси вай 3.02.99 шуд 5.02.99 бо ариза ба нозироти андоз муроҷиат намуда, талаб намуд, ки натиҷаи санҷиш аз нав дида баромада шавад.
Нозироти андоз бо мактуби худ 10.02.99 ба андозсупоранда посух дод, ки санади тартиб дода шуда ба муқаррароти қонунгузории андоз мухолифат надорад.
Дар ин маврид корхонаи "Бахт" метавонад то 25.02.99 шикояти такрориро пешниҳод намояд, гарчанде мӯҳлати дида баромадани шикояти аввалааш (аз 5.02.99) 06.03.99 ба охир мерасад (дар муддати 5.02.99 то 06.03.99).
8. Андозсупоранда аз болои қарори дастгоҳи Марказии Кумитаи андози ҷумҳурӣ (дар сурати розӣ набудан бо он ё дар мавриди аз ҷониби Кумитаи андози ҷумҳурӣ дар мӯҳлати 30-рӯзи қабул нагардидани қарор) ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат кунад (90-5).
9. Агар андозсупоранда андози ҳисобкардашударо супорад, вай метавонад фавран аз болои қарори қабулкардаи мақомоти андоз ба дастгоҳи Марказии Кумитаи андози ҷумҳурӣ ва баъд мувофиқи банди 8 ҳамин Дастурамал ба суд шикоят кунад (90-6).
10. Дар суд танҳо он шикоятҳои андозсупоранда баррасӣ меёбанд, ки оиди онҳо тартиби шикоят намудан, мувофиқи тартиби маъмурӣ ҳатто дар Кумитаи андози ҷумҳурӣ натиҷаи набахшид, ки талаботи андозсупорандаро қонеъ намояд. Инчунин шикоятҳое, ки мувофиқи онҳо андозсупоранда маблағҳои ҳисобшудаи андозро пардохт намудааст ва тартиби шикоят намудан мувофиқи банди 9-и Дастурамали мазкур иҷро шудааст.
Шикоятхое, ки бо амалиётҳои мақомоти андоз оиди ситонидани маблағҳои андоз ба буҷет ё фондҳои давлатӣ вобаста нестанд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории ғайриандози Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ меёбанд.
11. Гаронии далелҳои иштибоҳи ҳисоб кардани андоз ба ӯҳдаи андозсупоранда мебошад (91).
Тамоми хароҷотҳо вобаста ба гузаронидани мурофиаҳои судӣ, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (ҳаққи хизмати адвокатҳо, аудиторҳо ва дигар мутахассисоне, ки барои мурофиа даъват мешаванд) аз ҷониби андозсупоранда пардохт мешавад, агар вай ташаббускори баррасии шикоят дар суд бошад.
12. Андозсупорандае, ки бо шикоят ба суд муроҷиат менамояд, бояд маблағи боҷи давлатиро мувофиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба боҷҳои давлатӣ пардохт намояд.