Қарор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001, № 596 "Масъалаҳои Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 с. № 600 беэътибор дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Масъалаҳои Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаҳои 225 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади тақвияти назорату санҷишии давлатӣ ҷиҳати риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, ҳифз ва экспертизаи шароити меҳнат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи замимашудаи Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идораи он тасдиқ карда шаванд.

2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Инспексияи давлатии меҳнат ба теъдоди 25 нафар (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) ва инспексияҳои давлатии вилоятии меҳнат, инспексияҳои минтақавӣ бо лабораторияҳои доимии ҳаракаткунанда оид ба экспертизаи шароити меҳнат ба теъдоди 35 нафар (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

Ба Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 3 муовини сардор, аз ҷумла як муовини аввал дошта бошад.

Ба Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 2 адад муқаррар карда шавад.

3. Маблағгузории хароҷоти вобаста ба анҷом додани фаъолияти Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.

4. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷумҳурӣ ба сифати мақомоти асосӣ муайян карда шавад.

5. Вазоратп меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷоя бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистсни Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ташкили инспексияҳои давлатии меҳнати дахлдорро таъмин намуда, барои ҷойгиронии онҳо биноҳои заруриро ҷудо намоянд;

- якҷоя бо Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигар, корхонаҳо ва ташкилотҳо номгӯи лабораторияҳоеро, ки барои гузаронидани тадқиқотҳои баҳодиҳии шароити меҳнат ҳангоми атестасияи ҷойҳои корӣ ҷалб карда мешаванд, муайян намуда, тасдиқ намояд.

6. Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию-иқтисодӣ ва буҷети ҷумҳурӣ, ба Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағи заруриро барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷҳизонидани лабораторияҳо, харидани асбобҳои назоратию ченкунӣ, таҷҳизот ва компютерҳо пешбинӣ намоянд.

7. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷорӣ намудани шакли ҳисоботи омориро, ки ҷавобгӯи талаботи имрӯза мебошад, оид ба ҳифз ва шароити меҳнат, баррасӣ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 30 декабри соли 2001 № 596

ш. Душанбе