Тартиби бастани қарордодҳо оид ба истифодабарии қаъри замин аз 30 декабри соли 2001, № 594

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.08.2011 № 426 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2001 № 594

тасдиқ шудааст.

Тартиби бастани қарордодҳо оид ба истифодабарии қаъри замин

1. Муқаррароти умумӣ

1.1. Тартиби мазкур мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

1.2. Талабот оид ба пардохти андоз ва пардохтҳои махсус (режими андоз), ки барои истифодабарандагони қаъри замин муқаррар мешавад, дар қарордодҳои оид ба истифодабарии қаъри замин байни истифодабарандаи қаъри замин ва мақоми салоҳиятдоре, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст, муайян карда мешаванд.

1.3. Режими андоз, ки тибқи қарордод муқаррар карда мешавад, бояд ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи баста шудани қарордод эътибор дорад, мутобиқат намояд.

1.4. Қарордод барои истифодабарии каъри замин байни истифодабарандаи қаъри замин аз як тараф ва мақомоти салоҳиятдор, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор карда шудааст аз тарафи дигар баста мешавад.

II. Навъҳои режими андози қарордодҳо барои истифодабарии қаъри замин

Ду навъи қарордодҳо муқаррар шудаанд:

2.1. Навъи якум, пардохтани тамоми намудҳои андоз ва пардохтҳои махсусро аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин пешбинӣ менамояд.

2.2. Навъи дуюм, пардохтани (супоридани) ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақсими маҳсулот, ҳамчунин пардохти намудҳои зерини андоз ва пардохтҳои ҳатмиро аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин пешбинӣ менамояд: андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз арзиши иловашуда, бонусҳо, роялти ва дигар пардохтҳо, ки тибқи асноди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.

III. Тартиби бастани қарордодҳо

3.1. Баъд аз гирифтани литсензия барои истифодабарии қаъри замин, истифодабарандаи қаъри замин бояд ба мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати бастани қарордод ариза дихад ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- Лоиҳаи кории техникӣ барои омӯзиши геологии қаъри замин, истихроҷи канданиҳои фоиданок, истифодаи партовҳои саноати кӯҳкорӣ ва дигар корхонаҳои истеҳсолоти коркардкунандаи ба он вобаста буда, сохтмон ва истифодабарии иншооти зеризаминие, ки бо истихроҷи канданиҳои фоиданок дахл надоранд, ба миён омадани минтақаҳои геологие, ки махсус ҳимоя карда мешаванд, гирдоварии мавод барои коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ғайраҳо;

- Баланси корхона дар санаи охир;

- Хулосаи бонки хизматрасонанда оид ба шароити молиявии истифодабарандаи қаъри замин.

3.2. Мақомоти иҷроия ҷиҳати бастани қарордодҳо барои истифодабарии қаъри замин дар мӯҳлати то як моҳ аризаи истифодабарандаи қаъри заминро баррасӣ менамояд, лоиҳаи қарордоди истифодабарии қаъри заминро тартиб медиҳад ва барои баррасӣ ба Комиссия оид ба гузаронидани экспертизаи андоз пешниҳод менамояд.

3.3. Пас аз гирифтани хулосаи Комиссия оид ба гузаронидани экспертизаи андоз, мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани қарордодҳои барои истифодабарии қаъри замин лоиҳаи қарордодро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарор ва бастани қарордод пешниҳод менамояд.

3.4. Тарҳи қарордодро бо истифодабарандаи қаъри замин, ки оид ба истифодабарии қаъри замин литсензия гирифтааст, мақомоти салоҳиятнок оид ба бастани қарордодҳо барои истифодабарии қаъри замин пур менамояд (замима мегардад).

IV. Мӯҳлати амали қарордод ва назорати иҷрои он

4.1. Қарордод оид ба истифодабарии қаъри замин мутобиқан ба мӯҳлати литсензияи барои истифодабарии қаъри замин гирифташуда баста мешавад.

4.2. Назорати иҷрои қарордод аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

4.3. Дар сурати тағйир ёфтани қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарандаи қаъри заминро зарур аст, ки дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ба мақоми салоҳиятдор оид ба бастани қарордодҳо барои ворид намудани тағйироти дахлдор дар қарордод баъд аз гузаронидани экспертизаи андоз муроҷиат намояд.

V. Масъалаҳои гуногун

5.1. Бланкаи қарордод рақами бақайдгирӣ ва силсила дорад ва формаи ба ҳисобгирии қатьӣ мебошад (замима мегардад)

5.2. Қарордод оид ба истифодабарии қаъри замин дар мақомоти салоҳиятдор оид ба бастани қарордодҳо ва дар мақомоти андоз дар маҳалли бақайдгирии истифодабарандаи қаъри замин ба қайд гирифта мешавад.

5.3. Барои баррасии ариза ва ба расмият даровардани қарордод аз истифодабарандаи қаъри замин музди якдафъаина мувофиқи андозаи аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ситонида мешавад.

Замима ба Тартиби бастани қарордодҳо оид ба истифодабарии қаъри замин

Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОРДОД оид ба истифодабарии қаъри замин

№__________ силсилаи___________

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси __________________________ ______________________________________________________________________ ______________________________________________ қарордоди мазкурро бо истифодабарандаи қаъри замин дар шахси________________________________ _________________________________________________________ ки аз нукоти зайл иборат, ба имзо расонид:

1. Ба истифодабарандаи қаъри замин дар қисми истифодабарии қаъри замин ҳуқуқи фаъолиятҳои зерин дода мешавад:

а) __________________________________________

б) __________________________________________

в) __________________________________________

2. Истифобарандаи қаъри замин дар вақти истифодабарии қаъри замин, намудҳои зерини андоз, боч ва пардохтҳоро дар ҳаҷми муқарраршуда месупорад

а) Андоз аз даромади шахси ҳуқуқӣ ______________________

б) Андоз аз арзиши иловашуда ___________________________

в) Андози замин ________________________________________

г) Роялти ______________________________________________

д) Бонуси обунавӣ ______________________________________

е) Бонуси кашфи тиҷоратӣ _______________________________

ж) Бонуси истихроҷӣ ____________________________________

з) Андоз аз даромади фавқулодда ________________________

и) Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард _________ ______________________________________________________________________

к) Андоз аз дорандагони воситаҳои нақлиёт _______________________

Дигар намудҳои андоз ва пардохтҳои дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда.

3. Истифодабарандаи қаъри замин ӯҳдадор мешавад, ки пардохтҳои нишондодашударо дар ҳаҷми ба нишондори тартиби муайяншуда баробар, ки дар ҳолати риоя накардани он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад, пардохт намояд.

4. Истифодабарандаи қаъри замин ҳангоми истихроҷ барои масрафи аз меъёр зиёди канданиҳои фоиданок пардохти дукарата месупорад.

5. Қарордод ба мӯҳлати _______________________ баста шуд

6. Қарордод дар 3-нусха тартиб дода шуд: 1 нусха ба истифодабарандаи қаъри замин, 1 нусха ба мақоми салоҳиятдор оид ба бастани қарордодҳо барои истифодабарии қаъри замин, 1 нусха ба комиссияи оид ба гузаронидани экспертизаи андоз.

7. Баҳсҳо байни тарафҳо бо тартиби муқарраршудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

Қарордодро имзо намуданд:

Аз номи Ҳукумати Аз номи истифодабарандаи қаъри Ҷумҳурии замин: Роҳбари корхонаи истифоТоҷикистон дабарандаи қаъри замин

__________________ ____________________________

__________________ ____________________________

"__"______с. 200__ "__"______________с. 200____

Ҷ.М. Ҷ.М.

        Утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 30.08.2011г.№426

УТВЕРЖДЁН

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 декабря 2001 г. № 594

ПОРЯДОК заключения контрактов на недропользование

1. Общие положения

1.1. Настоящий порядок разработан в соответствии с Налоговым кодексом Республики Таджикистан.

1.2. Требования по уплате налогов и специальных платежей (налоговый режим), устанавливаемые для недропользователей, определяются в контрактах на недропользование между недропользователем и компетентным органом, уполномоченным Правительством Республики Таджикистан.

1.3. Налоговый режим, устанавливаемый контрактом, должен соответствовать налоговому законодательству Республики Таджикистан, действующему на дату заключения контракта.

1.4. Контракт на пользование недрами заключается между недропользователем, с одной стороны, и компетентным органом. уполномоченным Правительством Республики Таджикистан с другой стороны.

II. Модели налогового режима контрактов на недропользование

Устанавливаются две модели контрактов:

2.1. Первая модель предусматривает уплату недропользователем всех видов налогов и специальных платежей.

2.2. Вторая модель предусматривает уплату (передачу) недропользователем доли Республики Таджикистан по разделу продукции, а также уплату следующих видов налогов и других обязательных платежей: налога на прибыль юридических лиц, налога на добавленную стоимость, бонусов, роялти, других обязательных платежей, установленных законодательными актами Республики Таджикистан.

III. Механизм заключения контрактов

3.1. После получения лицензии на право пользования недрами недропользователь должен подать в компетентный орган по заключению контрактов заявку, которая должна сопровождаться следующими документами:

- Технорабочий проект для геологического изучения недр, добычи полезных ископаемых, использования отходов горнодобывающего и связанных с ним перерабатывающих производств, строительства и эксплуатации подземных сооружений, не связанных с добычей полезных ископаемых, образования особо охраняемых геологических объектов, сбора минералогических, палеонтологических и других геологических коллекционных материалов;

- Баланс предприятия на последнюю дату;

- Заключение обслуживающего банка о финансовом положении недропользователя.

3.2. Исполнительный орган по заключению контрактов на нелропользование в течение одного месяца рассматривает заявку на недропользование, оформляет проект контракта на недропользование и направляет его на рассмотрение в Комиссию по проведению налоговой экспертизы.

3.3. После получения экспертного налогового заключения Комиссии по налоговой экспертизе, компетентный орган по заключению контрактов на недропользование направляет проект контракта Правительству Республики Таджикистан для принятия решения о заключении контракта.

3.4. Форма контракта с недропользователем, получившим лицензию на право пользования недрами, заполняется компетентным органом по заключению контрактов на недропользование (прилагается).

IV. Срок действия контракта и контроль за его исполнением

4.1. Контракт на недропользование заключается на срок действия лицензии на право пользования недрами.

4.2. Контроль за исполнением контракта осуществляет Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан.

4.3. В случае изменения налогового законодательства Республики Таджикистан недропользователь не позднее одного месяца должен обратиться в компетентный орган по заключению контрактов для внесения в контракт соответствующих изменений, после проведения налоговой экспертизы.

V. Прочие

5.1. Бланк контракта имеет регистрационный номер и серию и является формой строгого учёта (прилагается).

5.2. Контракт на недропользование регистрируется в компетентном органе по заключению контрактов и в налоговом органе по месту регистрации недропользователя.

5.3. За рассмотрение заявки и оформление контракта с недропользователя взимается разовый сбор согласно размера, утверждённого Министерством финансов Республики Таджикистан.

Приложение

к Порядку заключения контрактов

на недропользование

Герб Республики Таджикистан

Правительство Республики Таджикистан

КОНТРАКТ

на пользование недрами

№____ серия ______

Правительство Республики Таджикистан в лице______________________

________________________________________________________________________________________

________________________________________________________________________________________

заключило настоящий контракт с недропользователем в лице _______________________________

____________________________________________ о нижеследующем :

1. Недропользователю предоставляется право осуществлять следующие виды деятельности в части пользования недрами:

а)______________________________________________________________________________________

б)______________________________________________________________________________________

в)______________________________________________________________________________________

2. При пользовании недрами недропользователь уплачивает следующие виды налогов, сборов и платежей в установленных размерах:

а) Налог на прибыль юридических лиц_____________________________________________________

б) Налог на добавленную стоимость_______________________________________________________

в) Земельный налог______________________________________________________________________

г) Роялти_______________________________________________________________________________

д) Подписной бонус______________________________________________________________________

е) Бонус коммерческого обнаружения______________________________________________________

ж) Бонус добычи_________________________________________________________________________

з) Налог на сверхприбыль________________________________________________________________

и) Налог с пользователей автомобильных дорог____________________________________________

к) Налог с владельцев транспортных средств______________________________________________

Другие виды налогов и платежей, определённых Налоговым кодексом Республики Таджикистан.

3. Недропользователь обязуется производить указанные платежи в приведённых размерах строго по установленному порядку, при нарушении которого несёт ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

4. Платежи за сверхнормативные потери при добыче полезных ископаемых недропользовагель уплачивает в двойном размере.

5. Контракт заключён на срок ____________________________________

6. Контракт составлен в 3-х экземплярах: 1экз.недропользователю, 1 экз.- компетентному органу по заключению контрактов на недропользование, 1 экз.- комиссии по проведению налоговой экспертизы.

7. Споры между сторонами решаются в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке.

Контракт подписали:

                От Правительства

             Республики Таджикистан

 

               __________________

 

                "__"_________200_г.

 

              м.п.

                 От недропользователя:

      Руководитель предприятия-недропользователя

 

                  __________________

 

                  "__"_________200_г.

 

                м.п.