Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2001, № 454 "Дар хусуси тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2001 № 542"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.04.2007 с. № 169 беэътибор дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2001 № 542

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2001 "Дар бораи пешбурди Дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳисоботи давлатии омории бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидорро таҳия намуда, дар амал ҷорӣ намояд.

2. Муқаррар карда шавад, ки субъектҳои хоҷагидор тибқи тартиби ҷорӣ ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиши фаъолияташон ҳисобот пешниҳод менамоянд. Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳисоботро ҷамъбаст намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

3. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати се моҳ лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқиро, ки тартиби гузаронидани санҷишу тафтиши (ревизияи) фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидорро муайян мекунанд, инчунин оид ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои вайрон намудани тартиби гузаронидани санҷишу тафтишҳои (ревизияҳои) фаъолияти молиявию хоҷагии субъектҳои хоҷагидор ва пешниҳод намудани ҳисобот. таклифҳо пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Э. Раҳмонов

аз 5 октябри соли 2001 № 454

ш. Душанбе

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 3.04.2007г. №169

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 28 марта 2001 года № 542

В целях выполнения Указа Президента Республики Таджикистан от 28 марта 2001 года № 542 "О введении Книги регистрации проверок хозяйствующих субъектов в Республике Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Государственному комитету статистики Республики Таджикистан разработать и ввести в действие форму государственной статистической отчетности о регистрации проверок хозяйствующих субъектов.

2. Установить, что хозяйствующие субъекты в установленном порядке представляют отчет Государственному комитету статистики Республики Таджикистан о проверке своей деятельности. Государственный комитет статистики Республики Таджикистан ежеквартально обобщает отчеты и представляет их Правительству Республики Таджикистан и Генеральной прокуратуре Республики Таджикистан.

3. Министерству юстиции Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан, Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан по согласованию с Генеральной прокуратурой Республики Таджикистан и Комитетом государственного финансового контроля Республики Таджикистан в течение трёх месяцев представить проекты нормативно-правовых актов, определяющих порядок проведения проверок и ревизии финансово-хозяйственной деятельности хозяйствующих субъектов, а также предложения по усилению ответственности за нарушение порядка проведения проверок и ревизий финансово-хозяйственной деятельности хозяйствующих субъектов и представления отчетов.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                 Э. Рахмонов

от "5" октября 2001 года № 454

г. Душанбе